Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз нерӯи зиёд доред ва метавонед корҳои муҳимеро, ки ба таъхир монда буданд, ба охир расонед. Дар муносибатҳо бо наздикон оромиро нигоҳ доред, як сухани нодуруст метавонад ранҷиш орад. Дар кор пешниҳод ё имконияти хуб пайдо мешавад, онро аз даст надиҳед. Шом худро каме истироҳат диҳед, то рӯҳияатон ором ва нерӯятон барқарор шавад.
Савр (20 апрел-20 май)
Рӯзи ором ва пур аз фикру идеяҳои ҷолиб аст. Агар нақшаи ҷиддӣ дошта бошед, имрӯз оғоз кардан хеле мувофиқ аст. Бо наздикон нофаҳмиҳои рухдодаро бояд бартараф кунед. Дар масоили пулӣ каме эҳтиёт шавед ва хароҷоти беҳуда накунед. Агар аз касе маслиҳат хоҳед, беҳтараш ба каломи калонсолон гӯш диҳед, онҳо роҳи дурустро нишон медиҳанд. Шом барои истироҳат хуб аст.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Рӯзи серташвиш ва пур аз суҳбатҳо аст. Хабар ё вохӯрии ғайричашмдошт метавонад ба нақшаҳоятон тағйирот орад. Дар кор диққататонро парешон накунед, то натиҷа хуб шавад. Бо наздикон муносибатро ором нигоҳ доред, як нофаҳмии хурд метавонад калон шавад. Агар ба харидкунӣ равед, танҳо чизҳои лозимаро гиред. Шом барои фикрронӣ ва тартиб додани нақшаҳо мувофиқ аст.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз беҳтараш ба корҳои хона ва масъалаҳои шахсӣ диққат диҳед. Асабатон нозук аст, бинобар ин аз баҳсҳо канорагирӣ кунед. Имкони шунидани як хабари хуб вуҷуд дорад, ки шуморо хурсанд мекунад. Агар нақшаҳои молиявӣ дошта бошед, онҳоро бодиққат санҷед. Шом бо наздикон бошед, суҳбати оромона ба шумо нерӯи равонӣ мебахшад ва рӯзро хуш анҷом медиҳад.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯзи серкорӣ, вале бомуваффақият аст. Ба корҳои калон даст зада метавонед, агар ба ҷузъиёт диққат диҳед. Дар ҳаёти шахсӣ вохӯрӣ ё суҳбати хуш эҳтимол дорад, ки рӯҳияатонро болида мекунад. Барои саломатӣ каме ҳаракат ё сайри кӯтоҳ муфид аст. Шом худро бо кори дӯстдошта машғул кунед, ин ба шумо оромӣ ва нерӯи нав мебахшад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз аз шумо сабри бештар талаб мешавад. Дар касбу кор шояд вазифаи нав ё кори иловагӣ пайдо шавад, аммо шумо бо тартибу диққат онро осон ҳал мекунед. Эҳтимоли гирифтани маблағи ногаҳонӣ ё баргаштани қарзи кӯҳна вуҷуд дорад. Бо наздикон меҳрубонтар бошед, онҳо аз дастгирии шумо қувват мегиранд. Бегоҳӣ барои истироҳат ва барқарор намудани нерӯ мувофиқ аст.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз барои қабули қарорҳои дуруст хеле хуб аст. Фикратон равшан аст ва метавонед мушкилотро бо роҳҳои осон ҳал кунед. Муносибат бо ҳамсар ё дӯст беҳтар мешавад, агар самимона суҳбат кунед. Аз саросемагӣ худдорӣ намоед, то ба нақшаҳо халал нарасад. Барои саломатӣ ҳавои тоза ва каме истироҳат беҳтар аст.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед, ба ҳиссиёти худ бовар кунед. Дар касбу кор имкони пешниҳоди нав пайдо мешавад, вале пеш аз қабул кардан бодиққат санҷед. Баҳси хурд бо наздикон метавонад рӯҳияатонро вайрон кунад, аз ин рӯ оромӣ зарур аст. Шом вақт барои ором шудан ва машғулияти дӯстдошта хеле мувофиқ мебошад. Рӯз бо ҳисси хуб анҷом меёбад.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Рӯзи пурэнержӣ ва созанда аст. Имрӯз қадамҳои ҷиддиро гузошта метавонед ва натиҷаҳо хуб мешаванд. Дар муносибатҳои ошиқона ва оилавӣ ростқавл бошед, як суҳбати ошкоро метавонад мушкили кӯҳнаро ҳал кунад. Дар масъалаҳои молиявӣ ба ваъдаҳои дигарон такя накунед, ҳама чизро худатон санҷед. Шом қадамзании кӯтоҳ ё каме ҳавои тоза рӯҳияро беҳтар мекунад.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз барои корҳои ҷиддӣ ва нақшаҳои дарозмуддат рӯзи мувофиқ аст. Нерӯи шумо устувор аст ва метавонед масъалаҳои мушкилро осонтар ҳал кунед. Бо наздикон эҳтимоли нофаҳмӣ зиёд аст. Дар кор хабари хуш, маслиҳати дуруст ё имкони нав эҳтимол дорад. Шом барои тартиб додани нақшаҳои нав ва истироҳат хуб мегузарад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Рӯзи бобарор ва пур аз фикру идеяҳои нав аст. Дар касбу кор ҳамкорӣ бо дигарон хуб ҷараён мегирад ва шумо натиҷаҳои хуб мебинед. Барои масъалаҳои шахсӣ вақт ҷудо кунед як суҳбати самимӣ метавонад муносибатро беҳтар кунад. Хароҷоти зиёдатӣ накунед. Бегоҳӣ вақти хуб барои истироҳати равонӣ, китобхонӣ ё шунидани мусиқии ором аст.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз эҳсосотатон шуморо ба роҳи дуруст мебарад. Дар кор каме сустӣ эҳсос мешавад, вале то бегоҳӣ ҳама чиз беҳтар мешавад. Наздикон метавонанд хабари хуб ё маслиҳати фоидаовар расонанд. Агар нақшаи нав доред, онро бидуни шитоб оғоз кунед. Шомро дар муҳити ором гузаронед - ин ҳам асаб, ҳам нерӯро барқарор мекунад.