Ҳамал
Дар ин рӯз танҳо ба қуввату маҳорати худ умед баста метавонед. Агар гузашт карда тавонед, нофаҳмии бо наздиконатон пайдошударо бо хубӣ рафъ месозед. Волидонро лозим аст, ки нисбати саломатии фарзандон таваҷуҳи хоса зоҳир намоянд, аз нафарони гирифтори бемории зуком худро канор гиред. Муҳимаш дар ин рӯз руҳафтода нашавед.
Савр
Нисбати хешовандон саховатманд бошед. Масъалаи пулгириятон тӯл мекашад, аз ин лиҳоз қарз гирифта метавонед. Ҳар чизеро, ки шахси наздикатон ба шумо қисса мекунад, махфӣ нигоҳ доред. Дар ҷодаи муҳаббат ба фитнаангезиву иғво дода нашавед, вагарна сахт пушаймон мешавед.
Ҷавзо
Дар ин рӯз нисбати атрофиён, дар кӯчаву ҷойи кор ботаҳаммул бошед. Дар оилаи баъзе ҷавзоҳо тифли нав ба дунё меояд. Ба пул ниёз дошта бошед, қарз гиред. Сафари бегоҳирӯзӣ чандон бехатар нест, хусусан бо мошини шахсӣ.
Саратон
Дар ин рӯз бояд ба сару либоси худ диққати бештар зоҳир намоед. Хусусан, агар ошиқ шуда бошеду бегоҳирӯзӣ вохӯрии ошиқонаро дар нақша дошта бошед. Сафари фаврӣ аз ҷиҳати молиявӣ бобарор аст. Қарз гирифтанро тавсия намедиҳем.
Асад
Аз ҳамкорони хориҷӣ пешниҳоди хуби корӣ мегиред. Агар имкони барои истироҳат ба хориҷа рафтан пайдо шавад, онро аз даст надиҳед. Дар хӯрокхӯрӣ парҳезро риоя намоед, вагарна саломатиятон нохуб гашта, вазни зиёдатӣ мегиред.
Сунбула
Дар ҳама корҳоятон муваффақ мегардед, нотарсона аз пайи харидорӣ намудани ҷиҳози наву даркорӣ шавед. Агар ба ақидаи наздиконатон гӯш андозед, муносибатҳоятон хуб мегардад. Ба ишқ аз нигоҳи аввал бовар накунед, фаромӯш насозед, ки чашми ошиқ кӯр мешавад.
Мизон
Дар ин рӯз дар бораи мушкилиҳои иқтисодии худ фикр накунед. Ба баъзе ҳодисаҳо ҳазломез нигариста, асабатонро хароб накунед. Шахсе ки аз шумо қарздор буд, пулатонро бармегардонаду маош ҳам мегиред. Ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем.
Ақраб
Агар дар ин рӯз мушкилиҳои бо шарикони корӣ сарзадаро рафъ карда тавонед, дар тиҷорат муваффақ мегардед. Найрангбозӣ дар ҷодаи муҳаббат оқибати нохуш дорад. Ҳангоми рондани мошин ва кор бо таҷҳизоти барқӣ бодиққат бошед. Хариди калон накунед, вале чизҳои даркориро харида метавонед.
Қавс
Дар ин рӯз бо корҳои хона ва тарбияи фарзандон машғул шавед. Агар ба наздикӣ барои худ ёри мувофиқ ёфта бошед, муносибатҳои гарму самимиро бо дасти худ вайрон насозед. Қавсҳои оиладор бегоҳирӯзиро дар ҳалқаи наздикон бояд гузаронанд. Имрӯз ба кино ё консерт даъватӣ мешавед.
Ҷаддӣ
Дар ҷодаи муҳаббат нофаҳмӣ рух медиҳад. Бо ҳамин сабаб тамоми корҳоятон парешон мегарданд. Диққати худро ҷамъ карда, машғулияти аҷиб пайдо намоед. Даромади иловагӣ айни муддао аст. Хабари аз дӯстатон расида табъатонро хира месозад.
Далв
Дар ин рӯз хеле хушбахт мешавед. Аз дӯстдоштаатон ҷавоби мусбӣ гирифта, саратон ба осмон мерасад. Бо вуҷуди пеш омадани мушкилоти пулӣ, каме дертар маблағ ба даст меоред. Аз ҷӯрабозиву истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.
Ҳут
Дар ин рӯз нафареро вохӯред, дарҳол ошиқ мешаведу чанд муддат хаёлан қасри ишқу муҳаббат месозед. Фаромӯш насозед, ки аллакай дӯстдошта доред. Барои аз фикру андешаҳо халосӣ ёфтан худро пурра ба кор бахшед. Бегоҳирӯзӣ назди машшота рафтан хуб аст.