Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз барои мулоқоти ошиқона рӯзи бисёр муносиб аст. Агар дӯстдошта доред, кӯшиш кунед шоми хотирмонеро барои ӯ омода созед. Ҳамчунин эҳтимол дорад меҳмонон ногаҳон ба хонаатон биёянд. Рӯҳияатон баъзан ноором мешавад, аммо нагузоред эҳсосоти манфӣ ба қарорҳоятон таъсир расонанд. Дар масъалаҳои молиявӣ имкониятҳои нави даромад пайдо мешаванд. Ҳангоми асабонӣ шудан худро идора кунед, то нохоста касеро наранҷонед.
Савр (21 апрел-21 май)
Шоми имрӯзро дар фазои орому ошиқона гузаронед. Ин ба мустаҳкам шудани муносибатҳои шумо кумак мекунад. Гарчанде субҳ баъзе корҳои рӯзгор пайдо мешаванд, онҳоро зуд анҷом медиҳед. Имрӯз ҳам барои кор ва ҳам барои истироҳат рӯзи хуб аст. Имкони рӯй додани як ҳодисаи муҳим вуҷуд дорад. Бахт дар сафар, омӯзиш, мусобиқа ва корҳои нав ҳамроҳатон мешавад. Барои саломатӣ бештар истироҳат карда, ба варзиш машғул шавед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз барои мулоқоти ошиқона ва гузарондани лаҳзаҳои гуворо бо шахси дӯстдошта рӯзи бисёр хуб аст. Муносибатҳои шумо пур аз эҳсосоти гарму самимӣ мешаванд. Бо вуҷуди ин, ҳоло беҳтараш фароғатро каме ба таъхир гузошта, ба кор диққати бештар диҳед. Дар қабули қарорҳо ба ақлу мантиқ такя кунед ва аз чизҳои нолозим халос шавед. Оромии рӯҳӣ ба беҳтар шудани вазъи саломатӣ мусоидат мекунад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз ҳам лаҳзаҳои хуш ва ҳам баъзе мушкилиҳои хурд имкон доранд. Агар корҳо мувофиқи нақша пеш нараванд, асабонӣ нашавед, зеро на ҳама чиз аз шумо вобаста аст. Яке аз дӯстону наздикон ба дастгирии шумо ниёз пайдо мекунад. Пеш аз қабули ҳар қарор хуб фикр кунед. Барои сармоягузорӣ ва хариди калон рӯзи муносиб нест. Имрӯз бештар истироҳат кунед ва барвақт хоб равед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз барои оғоз кардани муносибати нави ошиқона рӯзи муносиб нест. Беҳтараш вақти худро ба аҳли оила ва корҳои хона бахшед. Агар ба ҳар рӯйдод оромона муносибат кунед, аз баҳсу нофаҳмиҳо канорагирӣ мекунед. Дар касбу кор тавозуни байни фаъолият ва ҳаёти шахсиро нигоҳ доред. Дар масъалаҳои молиявӣ танҳо ба бахт такя накунед ва хароҷотро бодиққат ба нақша гиред. Барои саломатӣ бештар меваву сабзавот истеъмол намоед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз вохӯрии тасодуфӣ метавонад оғози дӯстии қавӣ ё муносибати хуб гардад. Агар оиладор бошед, вақти бештарро бо наздикон гузаронед. Эҳтимол ба сафари корӣ равед, ки барои пешрафти касбиатон фоидаи зиёд меорад. Даромади ғайричашмдошт низ имкон дорад. Ҳамаи маблағро якбора сарф накунед. Имрӯз барои беҳтар кардани ҳолати равонӣ ва оштӣ шудан бо одамоне, ки бо онҳо ранҷиш доред, рӯзи мусоид аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз эҳтимол худро каме асабонӣ ва пурташвиш эҳсос кунед. Агар имкон бошад, аз баҳс бо шахси дӯстдошта худдорӣ намоед. Вақти муносиб барои анҷом додани корҳои нотамом фаро расидааст. Дар ҷойи кор ба ҳисси ботинии худ эътимод кунед, зеро он шуморо ба роҳи дуруст мебарад. Ин ҳафта маблағи худро сарфакорона истифода баред. Машқҳои сабуки саҳаргоҳӣ ба беҳтар шудани саломатии шумо кумак мекунанд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Шумо табиатан шахси романтик ҳастед ва аз ин набояд шарм доред. Агар танҳо бошед, имкони пайдо кардани шахси мувофиқ зиёд аст. Имрӯз аз баҳсҳои сиёсӣ ё масъалаҳои баҳсталаб дурӣ ҷӯед, онҳо метавонанд сабаби нофаҳмӣ шаванд. Дар касбу кор аз усулҳои санҷидашуда истифода баред ва таваккал накунед. Барои сафар ва анҷом додани корҳои муҳими тиҷоратӣ рӯзи хуб аст. Ба қобилиятҳои худ бештар эътимод кунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз меҳрубонӣ ва самимияти шумо диққати дигаронро ба худ ҷалб мекунад. Агар байни шумо ва шахси наздик баҳс сар шавад, кӯшиш кунед оромиро нигоҳ доред ва масъалаҳоро бо суҳбат ҳал намоед. Дар ҷои кор эҳтимол хабарҳои нохуш ё мушкилиҳо дар ҳуҷҷатгузорӣ пеш оянд. Аз ҳар таҷриба хулосаи дуруст бароред ва барои зиёд кардани даромад роҳҳои навро ҷустуҷӯ кунед. Барои саломатӣ аз хӯрокҳои равғанину бирён худдорӣ намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз эҳсосоти худро пинҳон накунед ва бештар аз лаҳзаҳои хуш лаззат баред. Агар танҳо бошед, истироҳати кӯтоҳ бо дӯстон ба шумо рӯҳияи тоза мебахшад. Пеш аз қабули қарори муҳим ҳамаи паҳлуҳои масъаларо бодиққат баррасӣ кунед. Барои сафари корӣ, бастани шартномаҳои дарозмуддат ва ҳал кардани масъалаҳои душвор рӯзи хеле мусоид аст. Ба саломатии пойҳо диққати бештар диҳед ва онҳоро аз хастагии зиёд муҳофизат кунед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Имрӯз як шиносоии ҷолиб метавонад оғози муносибати нави ошиқона гардад. Дастовардҳои фарзандонатон шуморо хушҳол мекунанд ва боиси ифтихоратон мешаванд. Барои он ки аз корҳои зиёд хаста нашавед, рӯзи худро пешакӣ ба нақша гиред. Роҳбар метавонад вазифаи муҳимро ба шумо бовар кунад. Барои расидан ба ҳадафҳои калон аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед. Шаб барвақт хоб равед, то нерӯи худро барқарор кунед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Агар муносибатҳои шумо дубора ба мушкил рӯ ба рӯ шуда бошанд, имрӯз имкони ислоҳи хатогиҳои гузашта пайдо мешавад. Барои навхонадорон давраи мутобиқ шудан ба ҳамдигар осон нахоҳад буд. Дар кор бо матонат амал кунед, зеро маҳз ҳамин хислат шуморо ба муваффақият мерасонад. Нимаи дуюми рӯз тағйироти ғайричашмдошт нақшаҳоятонро дигар мекунад. Аз харидҳои ғайринақшавӣ худдорӣ кунед ва ба саломатии рӯдаву гурдаҳо диққати бештар диҳед.