arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 4-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2022
2682

Ҳамал

Дар ин рӯз хабарҳои зиёду даркорӣ мешунавед. Вақте расидааст, ки ба саволҳои беохири худ посух пайдо намоед. Бо нафаре шинос мешавед, ки кӯмаку дастгирии зиёдаш ба шумо мерасад. Баъди нисфирӯзӣ ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем.

 Савр

Имрӯз таваккал кардану зери таъсири нафаре амал намуданро маслиҳат намедиҳем. Нафаре шуморо истифода бурдан мехоҳад. Дар корҳоятон тахаюлоти худро ба кор бурда, эҷодкорона амал намоед. Ҳафтаи хубест, барои барқарор сохтани муносибатҳои ошиқона ё бо шахси бароятон азиз истироҳат кардан.

 Ҷавзо

Дар ин рӯз фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур намуда, аз ҳузури нафарони дилсиёҳ ва онҳое, ки мақсади аз шумо истифода бурданро доранд, дурӣ ҷӯед. Рӯбучини хона ва даъват шудани меҳмон низ тавсия дода намешавад. Имрӯз дурӯғ нагӯеду ғайбат гӯш накунед.

 Саратон

Дар ин рӯз на ҳамаи корҳои мекардаатон табъи дил аст. Аз як тараф корҳои таъҷилӣ вақту қувваи зиёдатонро мегиранд, аз ҷониби дигар фикру хаёли шумо тамоман дар ҷои дигар аст. Бегоҳирӯзӣ табъатон хуш гашта, ниятҳоятонро амалӣ месозед.

 Асад

Танҳо чизҳои даркориятонро харид кунеду бо худ маблағи калонро нагардонед, вагарна гум кардани пул имкон дорад. Иқдомҳои нав бебарор анҷом ёфта, ҳам хисороти молӣ мебинеду ҳам асабатон хароб мегардад. Аз ҷойҳои серодаму серғавғо дурӣ ҷуед.

 Сунбула

Барои ба тартиб овардани хонаву дар рӯзи хеле бобарор аст. Барои ободонии манзил ҳам маблағу ҳам хоҳиш пайдо намуда, ҷиҳози хуб харидорӣ мекунед. Барои даъват кардани меҳмон ва беҳтар сохтани муносибатҳои хешутаборӣ рӯзи бобарор аст.

 Мизон

Кори зиёд тамоми қуввататонро мегираду ҳатто боиси руҳафтодагиатон мегардад. Маъюс набошед, ҳар қадаре зиёд заҳмат кашед, ҳамон андоза муваффақ мегардед, ҳамзамон пули бештар ба даст меоред. Ба ҳар кор диққат дода асабонӣ нашавед.

 Ақраб

Имрӯз ба сафар баромаданро тавсия намедиҳем, зеро нобарорӣ ҳамсафаратон мегардад. Аз меҳнати ҷисмонӣ ё корҳои хатарнок худдорӣ намоед, вагарна ба саломатиятон зарар мерасонед. Беҳтараш бо наздикону аҳли оила бимонед. Хатари рух додани сӯхтор ё ғорат задани ҷиҳоз имкон дорад.

Қавс

Дар ин рӯз бо тамоми ҷиддият аз паси кор шавед. Шитобкориву рафтори беандеша оқибатҳои ногуворро ба бор меорад. Бо вуҷуди худро хеле хуб ҳис карданатон, барору комёбӣ ҳар лаҳза метавонад аз дастатон равад. Дар ҳама ҳолат оромиро нигоҳ доред.

 Ҷаддӣ

Нафаре аз атрофиён раҳми шуморо оварда, фиреб кардан мехоҳад. Ба доми ҳилаву найранг наафтед, ҳушёриро пеша намоед. Аз машрубот худдорӣ намуда, худро хаста насозед, вагарна саломатиро аз даст медиҳед. Барои харидани либоси нав рӯзи мусоид нест.

 Далв

Имрӯз дилатон муҳаббату навозиши зиёд мехоҳад. Ҳам ину ҳам онро шумо танҳо аз наздикони худ меёбед. Бо намуди варзиши хатарнок машғул шуданро тавсия намедиҳем. Аз шамол кашидан эҳтиёт шавед. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин дар назар аст.

 Ҳут

Дар ин рӯз боварии худро дар масъалае аз даст медиҳед. Аз он чизе, ки ба ҳақиқат доштанаш муътақид будед, дурӯғ буданаш маълум мегардад. Нуқтаи назаратон ба баъзе чизҳо тағйир меёбад. Хусусан нисбати шахси дӯстдошта эътимодро гум мекунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД