Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 31-УМИ МАРТИ СОЛИ 2025
1486

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Агар нақшаи муҳиме дар сар дошта бошед, вақти худро беҳуда гузаронданро бас кунед. Ҳоло лаҳзаи амал кардан аст, бисёр корҳо ба осонӣ анҷом меёбанд. Баъзе ҳамалҳо бидуни кӯшиши зиёд ба орзуҳои деринаи худ мерасанд. Нимаи аввали рӯз наздикон ба диққати шумо ниёз хоҳанд дошт. Аз суҳбатҳои муҳим нагурезед. Бегоҳ барои истироҳат имконият пайдо мешавад. Мулоқоти ошиқона ё вохӯрӣ бо дӯстон рӯҳатонро болида месозад.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз фикрҳои олӣ ба саратон меоянд – кӯшиш кунед, ки онҳоро ҳарчӣ зудтар амалӣ созед. Шояд на ҳама инро қадр кунанд, аммо дер ё зуд ҳақ будани шуморо эътироф мекунанд. Сафари кӯтоҳ ва хариди чизҳои нодир барои шумо мусоид хоҳад буд. Баъдтар бо шахсоне мулоқот мекунед, ки шуморо бо дониш ва таҷрибаи худ ғанӣ мегардонанд. Муноқишаҳои хурди хонаводагӣ эҳтимол доранд, аммо зуд ҳалли худро меёбанд.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Ҳар қадар барвақттар ба корҳои муфид оғоз кунед, ҳамон қадар натиҷаи хубтар хоҳед гирифт. Ҷавзоҳое, ки ҷуръат мекунанд навоварӣ кунанд, зуд пешрафт мекунанд. Бегоҳ эҳсосоти худро зери назорат гиред, ба фикру хотираҳои нохуш дода нашавед. Ба чизҳое диққат диҳед, ки ба шумо ва наздиконатон хушҳолӣ меоранд.

Саратон (21 июн-22 июл)

Рӯзи худро бо табъи болида оғоз кунед! Гарчанде баъзе саратонҳо худро асабӣ ҳис мекунанд, муҳим аст, ки оромиро нигоҳ доранд. Баҳсҳои хурди хонаводагӣ зуд ҳал хоҳанд шуд. Нимаи дуюми рӯз барои сафару сайругашт хеле мусоид аст. Дӯстдоштаатон аз саломатӣ шикоят мекунад.

Асад (23 июл-22 август)

Таҳаммулпазир бошед! Нимаи аввали рӯз корҳоятон суст пеш мераванд, ки метавонад шуморо асабӣ кунад. Шояд одамони гирду атроф шуморо дуруст нафаҳманд. Аммо вазъият тадриҷан беҳтар мешавад. Нимаи дуюми рӯз ба саволҳое, ки шуморо нигарон мекарданд, посух пайдо мекунед. Шом хушҳолӣ ва сюрпризҳои гуворо меорад.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Рӯзи гуфтугӯҳои ошкоро ва муҳими шумост! Шанс доред, ки посухи суолҳои деринаи худро пайдо кунед. Имкони шиносоии ҷолиб ва ҳатто оғози муносибатҳои дӯстона ё ошиқона вуҷуд дорад. Агар ба эҳсосоти худ гӯш диҳед, бо ҳама забон ёфта метавонед. Барои шартномаҳои муфид ва харидҳои бобарор рӯзи мусоид аст.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз барои корҳои душвор ва ҳалли мушкилоти печида муносиб аст. Агар қаблан ягон корро анҷом дода натавониста бошед, имрӯз муваффақ мешавед. Шахсони наве, ки дар зиндагиатон пайдо мешаванд, шуморо дастгирӣ хоҳанд кард. Ҳал кардани масъалаҳои хонаводагӣ хароҷоти ғайричашмдоштро талаб мекунад, аммо маблағи калон сарф намешавад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Нимаи аввали рӯз эҳтимоли баҳсу нофаҳмиҳо зиёд аст, эҳтиёткор бошед. Бо вуҷуди ин, вазъият тадриҷан беҳтар мегардад. Баъд аз нисфирӯзӣ хабарҳои хуш мешунавед ё пешниҳодҳои ҷолиб мегиред. Шом барои вохӯриҳои ошиқона мусоид хоҳад буд.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Рӯзи серташвиш аст, аммо ин маънои сар задани мушкилоти бузургро надорад. Гарчанде монеаҳо пеш оянд, шумо роҳи ҳалро пайдо мекунед. Садои қалби шумо барои қабули қарорҳои дуруст кӯмак мекунад. Нимаи аввали рӯз серкор мешавед, вале шом барои анҷом додани корҳои ба таъхирафтода мувофиқ аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Субҳи рӯз фикрҳои нав ва имкониятҳои ҷолиб пайдо мешаванд. Нимаи дуюми рӯз шояд хоҳиши танҳо мондан ва истироҳат кардан пайдо шавад. Каме худро бемадор ва хаста ҳис мекунед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи хуб аст, вале эҳтимол дӯстдоштаатон аз шумо меранҷад. Муносибати худро бо ҳамсояҳо беҳтар карданатон лозим аст.

Далв (20 январ-18 феврал)

Рӯзи серташвиш аст! Нақшаҳои нав пайдо мешаванд ва шумо мехоҳед онҳоро фавран амалӣ созед. Бо вуҷуди монеаҳо, назоратро аз даст надиҳед. Шояд ба сафари ногаҳонӣ равед, ки бо дӯстон хеле гуворо хоҳад гузашт. Қаҳри дӯстдоштаатон зудгузар аст, дар ин бора зиёд ғам нахӯред.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Нафароне, ки дӯстони нав меёбанд ё бо шиносҳои пешинаашон робитаи худро беҳтар мекунанд, муваффақ мегарданд. Дар масоили молиявӣ эҳтиёткор бошед! Харидҳои муваффақ имконпазиранд. Дар масъалаҳои ошиқона шуморо навигарӣ интизор аст. Агар ба касе изҳори муҳаббат карданӣ бошед, имрӯз вақти муносиб аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД