Commerce bank may-june 2026
ТОЛЕЪНОМАИ 31-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2026
992

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз барои муносибатҳои ошиқона рӯзи бисёр мусоид аст. Агар барои шом мулоқоти ошиқона дошта бошед, он хотирмон ва пур аз лаҳзаҳои гуворо мегузарад. Барои андеша кардан ва нақшаи ояндаро тартиб додан вақти муносиб аст. Эҳтимол хабари ғайричашмдоште ба муносибатҳои хонаводагӣ таъсир расонад. Дар кор бошитоб қарор қабул накунед. Имконияти хуби даромади иловагӣ пайдо мешавад. Ба саломатӣ диққат дода, аз асабонияти зиёд худдорӣ намоед.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз эҳтимол интизориҳои шумо аз муносибатҳои ошиқона пурра амалӣ нашаванд. Баъзе одатҳои шарики зиндагӣ метавонанд асабонӣ кунанд, вале беҳтараш бо сабру таҳаммул муносибат намоед. Ба наздикону пайвандон кумак расонед ва шомро бо дӯстдоштаатон сипарӣ кунед. Роҳбарият меҳнати шуморо қадр мекунад, бинобар ин метавонед масъалаи баланд шудани маошро матраҳ созед. Ба худ бештар аҳамият дода, барои ҳалли чанд мушкил омода бошед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз шахсе пинҳонӣ ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Дар эҳсосот шитоб накунед ва нисбати шахси дӯстдошта беэътиноӣ нанамоед, ин метавонад сабаби нофаҳмӣ гардад. Ақлу заковати шумо имрӯз хеле фаъол буда, барои гуфтушунид, суханронӣ ва вохӯриҳо рӯзи хуб аст. Бо иҷрои нақшаҳои бузург ҳоло шитоб накунед. Харидҳои имрӯз фоидаовар мешаванд. Агар худро нотоб ҳис кунед, онро нодида нагиред ва ба саломатӣ диққат диҳед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Баъзан танҳо мондан беҳтарин роҳи ором кардани фикру эҳсосот аст. Имрӯз каме вақтро барои худ ҷудо кунед. Дар муносибат бо аҳли оила меҳрубон ва бодиққат бошед. Дар кор қобилияту нерӯи шумо назаррас мешавад, аммо эҳтимол яке аз ҳамкорон аз шумо ҳасад барад. Барои такмили ихтисос ё омӯзиши нав маблағгузорӣ кардан метавонад даромади ояндаи шуморо зиёд намояд. Энергияи хуб доред, аз он барои беҳтар кардани саломатӣ истифода баред.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз муҳаббати худро бештар бо амал нишон диҳед, на танҳо бо сухан. Шом шуморо сюрпризи хуше интизор аст, ки табъатонро болида мегардонад. Барои кор нерӯ ва хоҳиш зиёд мешавад, аммо ҳоло вақти пешравии мансабӣ нест. Аз паси хароҷот даромад низ хоҳад омад, бинобар ин аз мушкилоти молиявӣ зиёд нигарон нашавед. Вохӯрӣ бо дӯстони дерина хотираҳои ширинро зинда мекунад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Аз баҳсу ҷанҷол дурӣ ҷӯед, зеро мумкин аст шахси бароятон азизро ранҷонед. Имрӯз эҳсосоти шумо каме ноором мешавад ва ба дастгирии наздикон ниёз пайдо мекунед. Ҳоло барои иваз кардани ҷойи кор вақти мувофиқ нест. Ба вазифаҳои ҳаррӯза диққат диҳед. Вазъи молиявӣ метавонад беҳтар гардад ва имкони сармоягузории муваффақ пайдо шавад. Аз шамолхӯрӣ эҳтиёт кунед ва либоси мувофиқ пӯшед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз ҳасудон метавонанд кӯшиш кунанд байни шумо ва шахси дӯстдошта нофаҳмӣ эҷод намоянд. Ба ҳар сухан бовар накунед. Муносибатҳои гарм ва самимии шумо бо ҳамсар ё дӯстдошта устувортар мешаванд. Дар касбу кор рӯзи ором аст. Агар мулоқоти расмӣ бо роҳбарият дошта бошед, натиҷаи хуб хоҳад дод. Агар худро каме нотоб ҳис кунед, беҳтараш ба духтур муроҷиат намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Эҳсосоти зиёд метавонад шуморо ба қарорҳои саросема водор кунад, вале шахси дӯстдоштаатон сари вақт шуморо дастгирӣ мекунад. Агар танҳо бошед, доираи шиносҳоро васеъ намоед. Хабари нав дар бораи шахси дӯстдошта метавонад назари шуморо тағйир диҳад. Барои расидан ба ҳадаф танҳо ба бахт такя накунед, балки амал кунед. Дар хароҷоти пул эҳтиёткор бошед. Аз нигоҳи саломатӣ худро хуб эҳсос мекунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Муносибатҳои ошиқонаи шумо имрӯз бо меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ пур мешаванд. Аз ин лаҳзаҳои зебо баҳра баред. Ҳангоми сохтмон ё таъмир эҳтиёт бошед, эҳтимоли ҷароҳат бардоштан вуҷуд дорад. Дар кор вазифаҳои душворро бомуваффақият иҷро мекунед, аммо фикри худро ба роҳбар маҷбурӣ бор накунед. Хароҷоти ғайричашмдошт имкон дорад. Барои пешгирии шамолхӯрӣ ба саломатии худ диққати бештар диҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз эҳсосоти шумо амиқтар мешавад. Аз баёни муҳаббат ва ташаббус наҳаросед. Барои истироҳат, тамошои театр ё зиёфати ошиқона рӯзи хуб аст. Дар касбу кор ба таҷрибаи худ такя кунед ва аз навовариҳои хатарнок худдорӣ намоед. Пешниҳоди мансаби масъулиятнок ё имкони хуби молиявӣ пайдо шуданаш мумкин аст. Барои пешгирии заҳролудшавӣ ба сифати ғизо диққати ҷиддӣ диҳед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Имрӯз суханони нек ва таърифҳои самимӣ муносибатҳои шуморо боз ҳам мустаҳкам мекунанд. Барои анҷом додани корҳои ҷамъшуда рӯзи мувофиқ аст. Ҳодисаи ғайричашмдошт метавонад нақшаҳои шуморо тағйир диҳад, аммо бахт бо шумост. Созишномаҳои муҳим баста, харидҳои калон анҷом додан мумкин аст. Агар муддате аз варзиш дур шуда бошед, имрӯз вақти хубест, ки боз тарзи ҳаёти фаъолро оғоз намоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз танҳо мондан ба шумо мувофиқ нест. Дар байни одамон бошед, бо дӯстону наздикон бештар муошират кунед ва аз нерӯи мусбат баҳра гиред. Сафар ё қабули меҳмонон хотироти хуб меорад. Барои амалӣ кардани нақшаҳои душвор қувваи кофӣ доред ва аз уҳдаи ҳама кор мебароед. Аз қимор ва муомилаҳои хавфноки молиявӣ худдорӣ кунед. Ҳангоми варзиш ё истироҳати фаъол эҳтиёткор бошед, то осеб набинед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД