Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 31-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2024
1606

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз табъатонро болидаву саломатиятонро эҳтиёт кунед. Агар хаста шуда бошед, дар хона истироҳат кунед. Барои табобати дандон рӯзи мусоид аст. Ҳангоми робита бо фарзандон садо баланд накунед, ҳақ будани худро бо зурӣ нишон надиҳед. Аз пашша фил сохта, бо рашки беасос ҳам худ ва ҳам ёратонро азият надиҳед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар тиҷорати шахсӣ тамоми донишу маҳорати худро ба кор баред, вагарна рақибон садди роҳатон гашта, монеи ба даст овардани маблағи хуб мегарданд. Бо роҳбарият дар боби кам будани маош баҳс кардану бо аҳли оилаи худ барои хароҷоти калон карданашон муноқиша накунед, вагарна хафагиву даъвои тарафайн боиси ҷанҷоли калон мегардад. Агар бо дӯстдоштаи худ забон ёфта тавонед, чизе сади роҳи хушбахтиятон намегардад.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Дар ҳисобу китоби маблағ нофаҳмӣ имкон дорад. Аз ҷониби ҳамкорон фиреб хӯрдану бо наздикон муноқиша кардан ва бад шудани вазъи саломатиятон эҳтимол дорад. Агар дар ин рӯз бемор шавед, бемориятон вазнину тӯл мекашад. Хоҳиши рӯирост гап заданатон боиси хафагиву муноқиша мегардад. Хусусан бо дӯстонатон дағалӣ накунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар дар фикри беҳтар сохтани саломатии худ бошед, ба табиби ботаҷриба муроҷиат кунед. Бе тавсияи духтур дорувориҳоро пайи ҳам истеъмол накунед. Мушкилиҳои дар ин рӯз сарзадаро ба дил наздик нагиред. Дарди сар чунон азиятатон медиҳад, ки ҳам кор карда наметавонеду ҳам табъатон хира мегардад. Дӯстдоштаи худро танҳо намонед, вагарна хафагиро аз дилаш бароварда наметавонед.

Асад (23 июл-23 август)

Муносибатҳоятон ба шахси дӯстдошта вайрон гашта, кор қариб ба ҷудоӣ мерасад, аз ин лиҳоз, ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Ҳангоми дар кӯчаву нақлиёт гаштанатон ҳамёни худро эҳтиёт кунед, эҳтимоли гум кардани пулҳоятон дар ин рӯз зиёд аст. Саломатиятон хуб аст, вале баъди нисфирӯзӣ шамол хӯрданатон имкон дорад, беҳтараш либоси гарм пушед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи номусоид аст, ниятҳоятон амалӣ нагашта, аз ҳамкорӣ бо шарикони корӣ дилмонда шудану муноқиша бо наздикон имкон дорад. Эҳтимоли нотоб гаштанатон зиёд аст. Агар дар ин рӯз бемор шавед, беморӣ тӯл кашида, шифо ёфтанатон душвор мегардад. Қайчӣ кардани мӯй, истеъмоли хӯроки равғанин ва ба оина бисёр нигоҳ кардан хуб нест. Агар ҳуҷҷати ронандагии худро ба наздикӣ гирифта бошед, дар роҳ боэҳтиёт бошед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз рақибон ба ҳуҷум мегузаранд, аз ин хотир бодиққат бошед. Барои бастани ақди никоҳ ва хостгорӣ кардан рӯзи бобарор аст. Ҳар қадами худро назорат карда, сухани ноҷо ба забон наоред. Бо атрофиён нармгуфтор бошед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, вагарна даромади калонро аз даст медиҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои ошиқон, бастани ақди никоҳ ва оиладоршавӣ рӯзи бобарор аст. Зану шавҳарон нисбати якдигар меҳрубонтар мегарданд. Дар ин рӯз ҷудошавӣ аз нафаре, ки кайҳо ба дилатон задааст, осон мегардад. Шумораи нафароне, ки ба зиндагиятон бинӣ халонида, зарари худро мерасонанд, дар ин рӯз зиёд мегарданд. Аз талабу иддаои баъзеҳо асабатон чунон хароб мегардад, ки қариби бегоҳ кор бо муноқиша анҷом меёбад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи бебарор аст, фиреби ҳамкоронро фош месозеду бо наздикон муноқиша карда, нотоб мегардед. Аз баҳсу суҳбатҳои бемаънӣ худдорӣ намоед. Нофаҳмӣ бо шахси дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётӣ боиси бад гаштани вазъи молиявиатон мегардад. Барои бештар наранҷонидани ёратон ба асабоният дода нашавед. Агар дар ин рӯз бемор шавед, бемориятон тӯл мекашад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи бебарор аст, ниятҳоятон амалӣ намегарданд, аз шарикони корӣ меранҷед. Нафарони бегона ба вазъи пулиятон таъсири бад мерасонад, ҷустуҷӯи ҷойи кори нав низ барор намеорад. Нисбати нафарони калонсол боэҳтиром бошед, вагарна муноқишаи калон бармехезад. Бегоҳирӯзӣ бо сабаби мушкилиҳои рӯзгор имкони истироҳат карданро намеёбед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз ҳодисаҳои атрофро хомӯшона назорат бареду хулоса бароред. Аз ҷашну маъаракаҳои серодам ва сафари роҳи дур худдорӣ намоед. Нақшаҳои ояндаатонро ба касе фош насозед, хусусан аз ҳасудон эҳтиёт шавед. Чизҳои куҳнаву нодаркорро бароварда партоед, вагарна баракати хонаатон мепарад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз танқиди атрофиён нисбататон сахту зиёд мегардад. Орзу мекунед, ки ҳамин рӯз зудтар анҷом ёбад. Дар ҳаёти оилавӣ нофаҳмӣ имкон дорад, сабабашро аз ҳамсари худ пурсон нашавед. Кори вазнин натиҷаи хуб медиҳад, имкони пул ба даст оварданро пайдо мекунед. Саломатии худро эҳтиёт кунед, вагарна ними маошатон барои табобату харидани доруворӣ сарф мегардад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД