Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 30-ЮМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2022
2476

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Нимаи аввали рӯз барои ба анҷом расонидани корҳоятон кӯшиши зиёд ба харҷ додан лозим меояд. Баъди нисфирӯзӣ дар касбу кор ва ҳаёти шахсиятон мушкилӣ сар мезанад. Ба манзили истиқоматии худ диққати бештар диҳед, хатари рух додани сӯхтор ё ба доми ғоратгарон афтиданатон имкон дорад. Дағалгуфторӣ ба дили дӯстдоштаатон сахт мерасад.

 

Савр

Бурдборӣ ҳар лаҳза метавонад аз шумо рӯй гардонад, аз ин рӯ корҳои қаблан саркардаатонро ба анҷом расонед. Нимаи дуюми рӯз руҳафтодагӣ ва фишори руҳӣ имкон дорад. Сабру таҳаммулро пеша намуда, аз рафтору гуфтори қабеҳ худдорӣ намоед, вагарна пушаймон мешавед. Аз нафаре кӯмакро интизор набошед. Хатари сироят ёфтанатон зиёд аст, тозагиро риоя намуда, танҳо дар хона хӯрок хӯред.

 

Ҷавзо

Бемориҳое, ки дар ин рӯз пайдо мешаванд, табобаташ тӯл мекашад. Хабару овозаҳои дилхарош мешунавед, вале дар сари эҳсосот ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Дар муносибатҳои ошиқонаатон камбудие дида намешавад. Аз бонк қарз гирифтанро тавсия намедиҳем.

 

Саратон        

Мушкилиҳои молиявӣ имкон доранд. Нерӯи дучандатон ба атрофиён шодиву нишот мебахшад. Нимаи дуюми рӯз ба саломатии худ ва наздиконатон бодиққат бошед: имкони хурӯҷ намудани бемориҳои сироятӣ, ҷароҳат бардоштан ва рух додани ҳодисаҳои нохуш зиёд аст. Маблағи худро барои мушкилиҳои хона сарф карданатон лозим меояд. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.

 

Асад

Дар ин рӯз рух додани ҳодисаву рӯйдодҳои зиёде имкон дорад. Аз вохӯриву мулоқоти ошиқона, изҳори муҳаббат, шабҳои пур аз розу ниёз сар карда, то ҷангу муноқиша ва оштӣ шудани дилдолдагон. Танҳо кӯшиши бедор кардани рашки шахси дӯстдоштаи худро накунед, вагарна байнатон сардӣ меафтад. Ба касе қарз доданро маслиҳат намедиҳем. Аз шамолхӯрӣ эҳтиёт шавед.

 

Сунбула

Бо сабаби якравӣ ва рӯирост гап заданатон дӯстони зиёдеро аз даст медиҳед. Ба ғалат роҳ надиҳед ва аз гуноҳу айби нафароне, ки дар лаҳзаҳои душвор дастгири шумо буданд, гузашт намоед. Дар ин рӯз дар муносибатҳои ошиқонаатон бурдборӣ ҳамсафаратон мегардад. Агар ба хунсардӣ роҳ диҳед, муносибатҳои ошиқонаатон низ рӯ ба шикаст меоранд. Маблағи пулиеро, ки интизор будед, имрӯз ба даст оварда наметавонед.

 

Мизон

Ба пешвози нафароне бароед, ки ҳамроҳатон дар ҳаёт якҷоя қадам гузоштан мехоҳанд. Ҳам бо шарикони корӣ ва ҳам нафари дӯстдоштаатон забон ёбед. Нисбати атрофиён аз ҳад зиёд сахтгир набошед, вагарна табъатон нохуш гашта, бемор шудани узвҳои ҳозимаатон эҳтимол дорад. Дар ин рӯз бо қартабозӣ ва бозиҳои пулакӣ машғул шудан қатъиян манъ аст.

 

Ақраб

Ҳодисаҳои ин рӯз душвор мешаванд, вале тағйиротҳоеро пеш меоранд, ки шумо сахт ниёз доштед. Дар бораи дӯсти наздикатон гаперо мешунавед, ки боиси асабхаробиятон мегардад. Ҳангоми ба роҳи дур сафар кардан на танҳо ҳуҷҷатҳои даркорӣ, балки ҳамсафарони хубро интихоб намоед. Як пиёла лимучой бо асал нӯшида, на танҳо бехобиро рафъ, балки зукомро пешгирӣ карда метавонед.

 

Қавс

Рӯзи хубест барои робита бо дӯстон, қабули меҳмонон, дилхушӣ кардан. Хароҷоти ногаҳонӣ ё гум кардани маблағ имкон дорад, аз ин лиҳоз пулҳоятонро эҳтиёт кунед. Хобҳоятон баръакс амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани ҷашну шодӣ боиси нобарорӣ ё бад гаштани вазъи саломатӣ мегардад. Дӯстдоштаатон барои шумо туҳфаи хотирмон омода кардааст. Саломатиро дар ҷои аввал гузоред.

 

Ҷаддӣ

Агар дӯстдошта дошта бошед, ин бегоҳ ҳамроҳ бошед. Рафту муҷаррад бошед, барои шинос шудан омода бошед. Ҳангоми ба бозору мағоза рафтан эҳтиёт шавед, эҳтимоли фиреб хӯрдану харҷи зиёд карданатон зиёд аст. Инчунин аз истеъмоли хӯроки гӯштдор ва нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед. Бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намоед. Дар ин рӯз пули зиёд сарф карданатон лозим меояд.

 

Далв    

Аз нафарони асабие, ки шуморо ба кирдори ғазаболуд водор месозанд, худро дур гиред. Барои ба эътидол овардани корҳои тиҷоратӣ ба шумо донишу малака лозим аст. Умеду орзуҳоятон дар ин рӯз амалӣ намешаванд. Дӯстдоштаатон аз бепарвоӣ ва серкории шумо сахт ранҷидааст. Танҳо туҳфа метавонад яхи дилашро об гардонад. Барои табобати бемориҳои узвҳои даруна рӯзи мусоид аст.

 

Ҳут

Дар ин рӯз ҳангоми робита бо наздиконатон хеле боэҳтиёт бошед. Ҷое, ки бояд нозукона рафтор намоед, сахтгирӣ накунед. Нисбати атрофиён танқиду норизогӣ баён накунед. Вақте расидааст, ки дар бораи касбу кори нав ва даромади иловагӣ андеша намоед. Бо шахси дӯстдоштаатон на танҳо дилсиёҳӣ, балки ҷудошавӣ имкон дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД