Ҳамал (21 март-20 апрел)
Наздикон шуморо бо ғамхориву муҳаббат фаро мегиранд. Дар касбу кор ба ягон ҳуҷҷати муҳим имзо нагузоред. Сардор ва ҳамкорон шуморо ба муноқиша водор месозанд, худро ба даст гирифта, ба ҳар амалу гуфторашон бо табассуми малеҳ посух гӯед. Вақте расидааст, ки хулосаи кори худро ҷамъбаст намуда, бо назардошти буҷаи оилавӣ нақшаи зиндагии ояндаи худро тарҳрезӣ намоед.
Савр (21 апрел-22 май)
Зодагони мучали савр имкони нишон додани ҳунару муҳорати худро пайдо месозанд, роҳбарият ҳатман қобилиятҳои шуморо дарк намуда, маошатонро баланд ё бо мукофотпулӣ қадрдонӣ менамояд. Дар вақти берун аз кор ҷасурона ба мулоқоти ошиқона рафт метавонед. Бо ҳар сабаб асабонӣ нашуда, аз тарсу воҳима худдорӣ намоед.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Рӯзи пурмаҳсул аст, беҳтараш аз дилхушиҳо худдорӣ намуда, худро пурра ба кор андармон созед. Мукофотпулии деринтизорро мегиред, роҳбаратон болидаруҳ мегардад. Вақте расидааст, ки тамоми дороии худро ба тиҷорате ворид созед, ки кайҳо боз дар интизораш будед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Ба зодагони мучали саратон вохӯриҳои ошиқонаро тавсия намедиҳем. Вазъият дар лаҳзаи охир тағйир ёфта метавонад, нақшаҳоро амалӣ карда наметавонад. Зодагони мучали саратон ба нуқтаи назари дигарон умед бастанро одат кардаанд, вақте расидааст, ки мустақилона сари қароре биёед. Дар ин рӯз азоби бепулӣ мекашед.
Асад ( 23 июл- 23 август)
Давраи мусоиде барои шиносоиҳои нави корӣ ва ошиқона фаро мерасад. Нафарони муҷаррад ҳангоми сафари кутоҳмуддат ошиқ мешаванд. Ҳамзамон рӯзи хубест барои дар маркази диққат қарор гирифтан. Барои он ки фоида ба даст оварда тавонед, бештар дар робита бошед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз чашм, рӯй, сар ва пойҳои худро эҳтиёт кунед, хатари ҷароҳат бардоштану пайдо шудани дарду бемориҳо зиёд аст. Ҳатто агар худро болидаруҳ ҳис кунед ҳам, нерӯи худро зиёд сарф накунед. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ ҳавои тоза муҳим аст. Қариби бегоҳирӯзӣ хурӯҷ намудани бемориҳо имконпазир аст.
Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Муваффақият дар ҷодаи молиявӣ бо шарофати дастгирии дӯстон ба даст меояд, ки дар пешравии касбу кор мусоидат мекунанд. Дар танҳоӣ ва мустақилона амал кардан душвортар аст. Кори эҷодӣ хуб аст, вале аз он даромади хуб ба даст оварда наметавонед. Аз ҷониби шарикони корӣ фиреб хӯрданатон имконпазир аст.
Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Рӯзи хубест барои сафари роҳи дур. Нафароне, ки дар хона мемонанд, мурғи илҳомашон ба парвоз меояд. Барои дар хона анҷом додани кори эҷодӣ рӯзи мусоид аст. Меҳнатдӯстӣ ва покизакорӣ даромади хуб меоранд. Рӯзи хубест барои ҳалли мушкилоти молиявӣ. Худро бад ҳис карданатон имконпазир аст.
Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Рӯзи душвор аст. Асабонияти беандоза, қаҳру ғазаб ва руҳафтодагӣ имкон дорад. Ба ҳолати ғадуди зери меъда ва дарди гурда диққати хоса зоҳир намоед. Серҳаракат бошед, бо варзиш машғул шавед. Муносибати худро бо нафароне, ки дӯст буданашонро эҳсос намекунед, қатъ намоед. Дар ин рӯз шумо нисбати ҳодисаҳои манфӣ аз ҳад зиёд ҳасос ҳастед.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз бурдборӣ ва маблағи хуб ба даст овардан мехоҳед, вале имкониятҳои худро бо хоҳишҳоятон дуруст баҳогузорӣ карданатон лозим аст. Нафароне, ки нони худро бо дузандагиву бофандагӣ, устогӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ ба даст меоранд, даромади хуб ба даст оварда метавонанд.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз корҳои ташкилотии худро бо шарофати робитаҳо ва сафарҳои кутоҳмуддат бобарор ҳал мекунед. Аксари зодагони мучали далв зиёд шудани нерӯ ва серҳаракатиро эҳсос мекунанд. Мушкилиҳои сарзадаро бо осонӣ рафъ менамоед.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Тобоварии ҷисмониятон зиёд гашта, ба саломатиятон хатаре таҳдид намекунад. Дарду бемориҳоро сабурона таҳаммул месозед. Эҳтимоли бемор шудани дандону гӯшҳо имконпазир аст. Дар чунин ҳолатҳо тоқат кардани дардро тавсия намедиҳем, вагарна ҳолататон бад мегардад. Дар сафар ва ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ эҳтиёткор бошед.