Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз эҳсосоти ошиқонаатон зиёд мегардад. Лаҳзаҳоро қадр кунед ва ба дилатон иҷозат диҳед, ки аз муҳаббат гул кунад! Бо вуҷуди серкории зиёд, наздиконро аз диққат маҳрум насозед – оила бояд дар авлавияти шумо бошад. Ба ғайбатҳои ҳамкорони дурӯя ҳамроҳ нашавед, онҳо метавонанд обрӯи шуморо резонанд. Ҳар як ҳодисаи зиндагиро сабук қабул кунед, худро беҳуда ба стресс гирифтор накунед.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз шумо бештар гаштани муҳаббати худро эҳсос мекунед. Шояд шахси ҷолибе дили шуморо тасхир кунад. Бо вуҷуди ин, атрофиён метавонанд қарорҳои нодуруст қабул намуда, шуморо асабӣ созанд. Масъулияти худро ба дӯши дигарон нагузоред, оқибати ҳама корҳо ба зиммаи шумо хоҳад буд. Қувваи ҷисмонии шумо имрӯз зиёд аст, ки имкон медиҳад бо нерӯ ба кор шурӯъ кунед. Аз хароҷоти нолозим худдорӣ намоед ва пули худро боэҳтиёт сарф кунед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Дар муносибатҳои шахсӣ ҳамеша оромӣ ҳукмфармо намемонад – бо мурури вақт эҳсосот хомӯш мешавад ва мушкилот ба миён меояд. Аз мушкилот гурехтан роҳи ҳал нест – беҳтар аст бо он рӯ ба рӯ шавед. Имрӯз имкони дарёфти маблағи ғайричашмдошт вуҷуд дорад. Зеҳни тез ва маҳорати таҳлилӣ шуморо ба пеш мебарад. Аз бемориҳо эҳтиёт бошед – иммунитети шумо метавонад заиф шавад. Аз хӯроки зараровар ва нӯшокиҳои сард худдорӣ намоед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз ба эҳсосоти ошиқонаи шумо посух медиҳанд. Бояд ба ҳалли масъалаҳои муҳим шурӯъ кунед, нерӯ ва таваҷҷӯҳро ба корҳои асосӣ равона созед. Ба шумо кори иловагӣ супурда мешавад, ки метавонад истироҳататонро халалдор созад. Имкони бастани шартномаи фоидаовар вуҷуд дорад. Фишори манфии вақтҳои охир метавонад ба саломатии шумо таъсир расонад, бинобар ин, вақти худро барои оромӣ ва барқарор кардани нерӯ ҷудо кунед.
Асад (23 июл-22 август)
Шоми ошиқонаи шумо бо лаҳзаҳои хотирмон пур хоҳад шуд. Агар муҷаррад бошед, ба як чорабинӣ равед – имкони шиносоии ҷолиб вуҷуд дорад. Ба зиндагии шахсии дӯстдоштаи худ бо эҳтиёт муносибат кунед ва аз ҳад зиёд савол надиҳед. Имрӯз беҳтар аст, ки барои мукофоти молиявӣ умед набандед, аммо як мушкили муҳими рӯзмарраи шумо ҳалли худро меёбад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Дар хаёлот ғарқ нашавед – зиндагӣ аз афсонаҳои ошиқона фарқ мекунад. Шахси калонсоле метавонад ба шумо маслиҳати арзанда диҳад. Имрӯз барои сафари корӣ мусоид аст. Шумо метавонед шиносоии муфид ва муносибатҳои кории мустаҳкам пайдо кунед. Зиндагии зебо аз саломатӣ вобаста аст – ба он таваҷҷуҳ кунед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз боэҳтиёт бошед, саркашӣ ва бетоқатӣ метавонад ба шумо зарар расонад. Хобҳоятон метавонанд ишораҳои муҳим дошта бошанд. Шумо пурэнергия хоҳед буд, аммо нақшаҳоятон метавонанд ногаҳон тағйир ёбанд. Имкони дарёфти пули осон вуҷуд дорад, аммо онро танҳо дар ҳолате истифода баред, ки ба кори асосии шумо халал нарасонад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Дар муносибатҳои ошиқона тағйироти ногаҳонӣ имкон дорад. Бо роҳбаратон низ баҳс накунед – фурсати муносиб нест. Шумо метавонед робитаҳои кории худро васеъ ва мустаҳкам созед. Имкони гирифторшавӣ ба беморӣ вуҷуд дорад, бинобар ин, кори ҷисмонии вазнинро кам кунед. Агар фишори хунатон ноустувор бошад, вақти он расидааст, ки бо табиб машварат кунед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Аз баҳс бо ҳамсаратон худдорӣ намоед – дертар пушаймон мешавед. Ба корҳои рӯзмарра диққат диҳед, барои тозакорӣ ва таъмири хона вақти мусоид аст. Эҷодкорӣ имрӯз душвор хоҳад буд, аз ин рӯ ба корҳои оддӣ диққат диҳед. Аз хароҷоти зиёдатӣ парҳез кунед. Ба худ фурсат диҳед, то фикрҳоятонро ба тартиб дароред.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Рӯзи тағйироти ғайричашмдошт аст. Рӯзро бо оромӣ ва гуфтугӯ бо наздикон гузаронед. Имкони аз даст додани маблағ ё сар задани душвориҳои пулӣ вуҷуд дорад, бинобар ин, эҳтиёткор бошед. Ба хӯроки солим афзалият диҳед. Беҳтараш ба аёдати беморону хешовандон равед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз бештар истироҳат кунед, вале ба пурхурӣ роҳ надиҳед. Душвориҳои ногаҳонӣ пеш меоянд, аммо бо сабр ҳама чизро ҳал мекунед. Барои қабули меҳмон ва ба меҳмонӣ рафтан рӯзи бобарор аст. Ҷиҳати манфии рӯз дар он аст, ки маблағи зиёд сарф мекунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз эҳтимоли ошиқ шуданатон вуҷуд дорад. Муносибатҳои оилавии шумо метавонанд беҳтар шаванд. Дар кор комёбӣ насиби шумост. Қисми аввали рӯз хеле серташвиш меояд, вале баъди нисфирӯзӣ мушкилиҳоятон рафъ мегардад. Барои истироҳат ва хоби кофӣ вақт ҷудо кунед.