goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 30-ЮМИ ИЮЛИ СОЛИ 2026
988

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз хушбахтии зиндагии шахсии шумо бештар ба ташаббус ва зиракии худатон вобаста аст. Агар то ҳол танҳо бошед, имкони пайдо кардани шахси муносиб ва поён бахшидан ба танҳоӣ вуҷуд дорад. Дар кор низ бахт ҳамроҳатон мешавад: масъалаҳо ба осонӣ ҳал мегарданд ва имкониятҳои нав пайдо мешаванд. Эҳтимоли гирифтани даромади иловагӣ, харидани ашёи арзишманд ё ҳатто бурд вуҷуд дорад.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз барои муошират ва мустаҳкам кардани муносибатҳо рӯзи бисёр мусоид аст. Эҳтимол дӯстии одӣ ба муҳаббати самимӣ табдил ёбад. Суҳбати ошкоро бо шахси дӯстдошта муносибатҳои шуморо боз ҳам гармтар мекунад. Барои эҷодкорон ва онҳое, ки бо ҳамфикрон ҳамкорӣ мекунанд, рӯз пурмаҳсул хоҳад буд. Фаъолияти иҷтимоии шумо меафзояд ва таваҷҷуҳ ба корҳои муҳим натиҷаи хуб медиҳад. Бегоҳӣ каме хастагӣ эҳсос мекунед, вале зуд худро беҳтар ҳис хоҳед кард.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз эҳсосоти худро идора кунед, махсусан ҳангоми суҳбат бо шахси дӯстдошта. Як сухани ноҷо метавонад боиси ҷанҷол гардад ва баъд аз он пушаймон мешавед. Баъзе мушкилоти хурди рӯзгор низ эҳтимол доранд. Бо вуҷуди ин, рӯз барои бастани шартномаҳо, ҳалли масъалаҳои молиявӣ, таҳсил ва сафарҳои кӯтоҳи корӣ хеле мусоид аст. Вазъи молиявии шумо метавонад беҳтар шавад. Барои нигоҳ доштани неру бештар дар ҳавои тоза бошед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз имкони хубе доред, ки истеъдод ва қобилиятҳои худро нишон диҳед. Либоси зебо ва намуди ороста ба шумо эътимоди бештар мебахшад. Тамоми вақти холиро танҳо ба кор сарф накунед, балки ба аҳли оила ва наздикон низ диққат диҳед. Ин ба зиндагии шумо оромӣ ва хушбахтӣ меорад. Дар баҳсҳо оромиро нигоҳ доред, махсусан дар масъалаҳои молиявӣ. Агар нияти харид дошта бошед, беҳтараш онро чанд рӯз ба таъхир гузоред. Варзиш ва машқҳои ҷисмонӣ барои саломатии шумо хеле фоида доранд.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз барои суҳбати самимӣ бо шахси дӯстдошта рӯзи хеле муносиб аст. Эҳсосоти худро бе тарс баён кунед, зеро ростқавлӣ асоси муносибатҳои устувор аст. Дар баробари ин, ба ҳар кас пурра бовар накунед. Шахсе, ки дӯст мешуморед, метавонад ноумедатон созад. Кори дигаронро ба дӯши худ нагиред, зеро вақти худро беҳуда аз даст медиҳед. Агар масъалае дер боз ҳал намешуд, акнун имкони ба нафъи худ анҷом додани он пайдо мешавад. Ҳангоми истифодаи техника эҳтиёткор бошед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз эҳсосоти шумо аз ҳар вақти дигар қавитар мешавад, фурсати хубест, ки муҳаббати худро ошкор намоед. Кӯшиш кунед миёни оила ва кор тавозунро нигоҳ доред. Эҳтимол шахси ҳасуд кӯшиш кунад назди роҳбар ё ҳамкорон обрӯи шуморо паст намояд. Аз ин рӯ, бодиққат бошед. Баъзе хароҷоти ғайричашмдошт пеш меоянд, вале вазъи молиявии шумо устувор мемонад. Бегоҳӣ эҳтимоли дарди сар вуҷуд дорад. Ба саломатӣ бештар аҳамият диҳед ва аз ҷанҷолу асабоният дурӣ ҷӯед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ситораҳо аз вохӯрии гуворое хабар медиҳанд, ки барои нафарони танҳо метавонад оғози муносибати нав бошад. Ба намуди зоҳирӣ ва либоси худ бештар аҳамият диҳед. Ҳадафҳои воқеӣ интихоб кунед, то дигарон шуморо ҷиддӣ қабул кунанд. Имрӯз фикрҳои зиёди ҷолиб ба саратон меоянд, вале ҳоло вақти амалӣ кардани онҳо нест. Дар масъалаҳои молиявӣ бодиққат бошед, як хатои хурд метавонад зарар расонад. Барои беҳтар шудани саломатӣ ғизои солимро интихоб карда, аз шириниҳои зиёд худдорӣ кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Баъзе рӯйдодҳои имрӯз метавонанд шуморо каме нигарон созанд, аммо нагузоред эҳсосот бар шумо ғолиб ояд. Ба лаҳзаҳои хурди хушбахтӣ аҳамият диҳед ва бо наздикон вақти хуб гузаронед. Дар ҷойи кор муносибати худро бо ҳамкорон беҳтар намоед, зеро ҳар инсон муносибати махсусро талаб мекунад. Рӯз барои муроҷиат ба роҳбарият ё идораҳои давлатӣ мувофиқ аст. Машқҳои сабуки ҷисмонӣ ба шумо нерӯ мебахшанд ва агар нияти парҳез дошта бошед, имрӯз барои оғоз вақти муносиб аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз вақти беҳтарин барои изҳори муҳаббат ва меҳрубонӣ ба шахси дӯстдошта аст. Агар бо касе нофаҳмӣ дошта бошед, кӯшиш кунед оштӣ шавед. Агар аз санҷиш ё тафтиши наздик нигарон бошед, хавотир нашавед, тарсҳои шумо беҳуда хоҳанд буд. Аммо дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед: шартномаҳои муҳимро имрӯз имзо накунед ва ба лоиҳаҳои нав ҳамроҳ нашавед. Саломатиятон хуб мешавад ва машқҳои ҷисмонӣ нерӯи тоза мебахшанд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз ба садои дилатон гӯш диҳед, он шуморо ба роҳи дуруст роҳнамоӣ мекунад. Агар ба дастгирӣ ниёз дошта бошед, ба дӯстони дерина муроҷиат намоед. Маслиҳати онҳо метавонад роҳи ҳалли мушкилро нишон диҳад. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва ба пешниҳодҳои шубҳанок розӣ нашавед. Барои кормандони соҳаи буҷавӣ эҳтимоли нофаҳмӣ бо роҳбарият вуҷуд дорад. Аз харидҳои калон ва қарз гирифтан худдорӣ кунед. Дар роҳ ва ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ эҳтиётро фаромӯш насозед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Ҳафтаи гузашта барои шумо пурташвиш буд, бинобар ин имрӯз оромиро нигоҳ доред. Аз моҷароҷӯӣ ва худнамоӣ худдорӣ намоед. Нимаи дуюми рӯз корҳои хонагӣ вақти зиёди шуморо мегиранд ва метавонанд боиси хароҷоти ғайричашмдошт шаванд. Барои ҳалли мушкилоте, ки дер боз мавқуф мондаанд, фурсати муносиб фаро мерасад. Бо вуҷуди ин, бештар ба қувваи худ такя кунед. Худро аз ҳад зиёд хаста насозед ва барои истироҳату барқарор кардани нерӯ вақт ҷудо кунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ҳаёти шахсии шумо тағйироти хушоянд оғоз мешаванд. Аммо беҳтараш хушбахтии худро ҳатто бо дӯстони наздик ва ба ҳама нақл накунед, то мавриди ҳасад қарор нагиред. Имрӯз ба корҳои хона бештар аҳамият диҳед, баъзе нофаҳмиҳо аз беэътиноӣ ба масъулиятҳои рӯзгор сар мезананд. Ба сухани дигарон гӯш диҳед ва бо ҳамкорӣ амал кунед. Хароҷоти ғайричашмдошт бо даромади нав ҷуброн мешавад. Агар каме дарди сар пайдо шавад, то нисфирӯзӣ мегузарад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД