Ҳамал (21 март-20 апрел)
Зодагони мучали ҳамал дар ин рӯз дигаргуниҳоро дар робита бо нафароне эҳсос мекунанд, ки пештар ба ҳам созиш карда наметавонистанд. Ҳодисаи хуши дигаре, ки дар ин рӯз рух медиҳад, ташрифи дӯсти дерин, хариди бобарор ва аз беморӣ шифо ёфтанатон аст.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз нақшаи наве дар зеҳнатон пайдо мешавад. Нафаре аз зодагони мучали савр либоси зебо харидан мехоҳад, дигаре мошини худро иваз карданӣ мешавад. Баъзеҳо хонаи худро васеътар кардан мехоҳанд. Ба ҳар коре, ки даст мезанед¸натиҷаи беназир медиҳад. Ба нафарони калонсол бештар ҳазлу шӯхӣ кардану хандиданро тавсия медиҳем.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Бемории ночизе, ки дар ин рӯз сар мезанад, дар сурати табобат накарданатон ба бемории ҷиддӣ мубаддал мегардад. Диққати алоҳидаи худро ба вазъи молиявӣ равон созед. Ба хароҷоти зиёд роҳ надиҳед. Бегоҳи имрӯз ба аёдати яке аз наздикони калонсолатон равед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз аз нафарони худхоҳ ва ҳавобаланд дурӣ ҷӯед. Эҳтимол робита бо чунин нафар боиси асабхаробии шумо мегардад. Ғизои истеъмол мекардаи худро назорат намоед. Ҳангоми иҷро намудани супориши роҳбарият ё ҳамсафари ҳаётӣ кӯшиши бештар ба харҷ доданатон лозим аст.
Асад ( 23 июл- 23 август)
Зодагони мучали асад дар ин рӯз дучори мушкилие мешаванд. Гап сари мушкилии рӯзгор меравад, ки онро бо тавсияи мутахассисон рафъ сохтан мумкин аст. Вазъи молиявӣ табъатонро хуш мегардонад. Нафароне, ки бемор буданд, шифо меёбанд.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Агар дар ин рӯз ҷаласа ё ягон кори муҳим дошта бошед, қаблан ором шавед. Эҳтимол ҳама гуна чорабинӣ бе душворӣ сипарӣ мегардад. Робита бо кӯдакон табъатонро болида меосзад. Имрӯз барои харидани сару либоси нав созгор аст.
Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Баъзе зодагони мучали мизон сиру асрори нафареро фош месозанд. Эҳтимол хабари шунидаатон хеле ҳаяҷонвар аст. Ҳангоми иҷрои корҳоятон ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Ба ҳар коре даст мезанед, бо ақли солим иҷро намоед. Бегоҳирӯзӣ вақти худро бо мутолиаи китоб сипарӣ намоед.
Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз зимни шиносоиҳои нав барор ҳамсафаратон мегардад. Бо нафаре дар робита мешавед, ки муваффақиятатон аз ӯ вобастагӣ дорад. Бо наздикон ва аҳли оила гапатон гурехта, нофаҳмӣ сар мезанад. Ба маслиҳати дӯсти беҳтарин гӯш андохта, ба ғалат роҳ намедиҳед.
Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Дар ин рӯз ҳар як мушкили сарзадаро рафъ намуда наметавонед. Эҳтимол гап сари мушкилиҳои ночизе меравад, ки аз шумо қувваи зиёдеро талаб мекунанд. Баъд аз азобҳои зиёди кашидаатон шуморо ҳодисаи хуше интизор аст. Дар касбу кор пешравӣ ва мукофотпулӣ эҳтимол дорад.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз саргузаштҳои ошиқонаро аз сар мегузаронед. Нафарони муҷаррад бахти худро пайдо месозанд. Агар аз ҳамсари худ ҷудо шуда бошед, баргаштанашро интизор шавед. Мушкилоти молиявии худро рафъ месозед ё шахси ношиносе шуморо дастгирӣ мекунад.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Агар оиладор бошед, дар ин рӯз ҳамсафари ҳаётии худро фиреб надиҳед. Эҳтиёткорӣ дар дигар соҳаҳои зиндагиятон низ ба кор меравад. Нафароне, ки имтиҳон супоридан мехоҳанд, бояд пешакӣ барои муваффақ гаштани худ эътимод дошта бошанд. Бегоҳирӯзӣ хариди бобарор мекунед.
Ҳут (21 феврал- 20-март)
Дар ин рӯз аз хабарҳои аз роҳи дур омада шод намешавед. Ин хабарҳо ба тақдири яке аз наздиконатон дахл дорад ва шуморо ба ҳаяҷон меоранд. Каме даромади пулиятон зиёд мегардад. Ба нафарони калонсол ба эҳсосот дода шуданро маслиҳат намедиҳем.