Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 30-ЮМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2024
3658

Ҳамал (21 апрел-22 май)

Дар сурате, ки боақлона амал намоед, имкони ба даст овардани маблағи хуб вуҷуд дорад. Қабл аз он ки дар ҷои кор ташаббус нишон дода, аз пайи чанд кор шавед, реҷаи кории худро дуруст ба нақша гиред. Ба саломатӣ ва хӯроки фоидабахш диққати хоса диҳед. Баъзан шумо саргарми кор шуда, қоидаҳои асосии тозагиро риоя намекунед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Ҳунару маҳорате, ки дар замири шумо нуҳуфтааст, айни замон пурра кашф нагаштааст. Шумо имкони ба қуллаҳои баландтари муваффақият расиданро доред. Имкони рушдёбиро аз даст надиҳед. Ҳаёти шахсиро низ фаромӯш насозед, саврҳои муҷаррад бояд коре карда, дили дӯстдоштаи худро ба даст биёранд. Ба хонаи нав кӯчидану иваз кардани ҷойи корро дар ин рӯзҳо маслиҳат намедиҳем.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Агар нияти таъмир ва рӯбучини хонаро дошта бошед, ҳафтаи мусоидро истифода бубаред. Одати корҳои худро ба анҷом нарасонида, аз пайи кори дигар шуданро партоед. Ба ҷашну хурсандиҳо рафтанро тавсия намедиҳем, беҳтараш дар хона истироҳат кунед. Бо ҳамсафари ҳаётии худ дағалӣ накунед, вагарна аз муноқишаи сарзада пушаймон мегардед. Қабл аз он ки нафареро ғайбат мекунед, оқибаташро андеша намоед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Вақтҳои охир аз муошират бо наздикон дурӣ ҷуста онҳоро сахт ранҷонида будед. Ғуруру такаббури худро як сӯ гузошта, аз онҳо бахшиш пурсед. Дар ҳодисаҳои аҷибе, ки ҳамарӯза шоҳидашон мегардед, фаъолона ширкат варзед. Дар касбу коратон барор ҳамсафар гашта, сафару саёҳатҳо хуб анҷом меёбанд. Дӯстдоштаатон мушкилоташро аз шумо пинҳон месозад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Ҳамаи пулҳоятонро якбора сарф накунед, вагарна чанд рӯз азоби бепулӣ мекашед. Айни замон ҳурмату эҳтироми роҳбарият нисбати шумо зиёд аст, имкони хуби дар вазифа боло рафтанро аз даст надиҳед. Нафароне, ки ҷойи кори худро иваз карданӣ ҳастанд, рӯзи мусоид аст, зудтар амал намуда, зиндагии худро беҳтар сохта метавонед. Нимаи дуюми рӯз гапатон бо нафаре, ки дӯсташ медоред, гурехта табъатон хира мегардад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Аз нишасту ҷамъомади дӯстон худро дур нагиред. Шахси дӯстдоштаашон дар рафъ намудани мушкиле аз шумо мадад мепурсад. Дар назди нафаре, ки хуб намешиносед, дарди дил накунед. Тамоми мушкилотҳои дар ин ҳафта сарзада роҳи ҳали худро меёбанд. Муҳимаш асабӣ нашавед. Ба хӯрокҳои равғанину ширинӣ дил набандед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар бораи зиндагии худ ба атрофиён нақл карда, бар зарари худ амал менамоед. Беҳтараш ба лаб муҳри хомӯшӣ зада, аз мушкилиҳо эмин мемонед. Дар ҳама кор бо амри дил амал намуда, бурд мекунед. Муносибатҳои ошиқонаатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Охири рӯз маблағи зиёд сарф карданро маслиҳат намедиҳем.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Одати дамдуздиро партофта, кушоду равшан амал намоед. Дар бораи ҳаёти шахсӣ ва нақшаҳоятон ба ҳамкорон нақл накунед. Ҳамкорӣ ба шарте судманд мегардад, ки шарикони корӣ дар бораи шумо маълумоти камтар дошта бошанд. Нимаи дуюми рӯз эҳтимоли сарф кардани маблағи зиёд вуҷуд дорад, агар ҷашну маъракае оростанӣ бошед, ба хароҷоти беҳуда роҳ надиҳед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Даромади пулие, ки нимаи аввали ҳафта ба даст меоред, мушкили зиёдатонро рафъ намуда, табъатон болида мегардад. Саломатиро дар мадди аввал гузоред, аз шамолхӯрӣ эҳтиёт шавед, эҳтимоли гирифтори бемориҳои вирусӣ шуданатон зиёд аст. Корҳои зиёди ҷисмониро ба дӯш гирифтану таҳти фишори руҳӣ қарор гирифтан бар зарари саломатиятон аст. Барои барпо намудани ҷашну маъракаҳои арӯсӣ рӯзи бобарор аст.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Вақте расидааст, ки бо беҳтари сохтани донишу малакаи худ машғул шавед. Бурдборӣ дар ҳаёти шахсӣ низ ҳамсафари шумо мегардад, баъзеҳо бахти худро тавассути шабакаи интернет пайдо месозанд. Нимаи дувуми рӯз ҳодисае рух медиҳад, ки боиси аз дӯстон дилмонда гаштанатон мегардад. Нақшаҳоятон барбод рафта, вақтатонро дар хона мегузаронед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Қабл аз он ки бо масъалаҳои молиявӣ машғул мешавед, барои ба даст овардани маблағи бештар ҷиҳатҳои мусбиву манфии корро санҷиданатон лозим меояд. Нисбати наздикони худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоед, хусусан волидони пир, бобову бибиятонро хабар гиред. Дар рафъ намудани мушкилиҳои наздикон ташаббус нишон диҳед, эҳтимол хонаи шумо ниёз ба таъмир дорад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Вақте расидааст, ки нафарони дар мучали ҳут таваллудёфта аз сухан ба кор гузаранд. Тамоми диққати худро ба коратон равона созед, то ки барои наздикони худ туҳфаи арзанда харида тавонед. Ба нафароне, ки мушкилоти худро дар наздатон нақл мекунанд, дағалӣ накунед, беҳтараш бо сухани нек дилбардорӣ намоед. Мушкилиҳое, ки дар муносибатҳои заношавҳариятон сар задаанд, ҳарчи зудтар рафъ карданатон лозим меояд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД