Ҳамал (21 март-20 апрел)
Хабаре мешунавед, ки дар ҳаёти шахсиятон тағйиротҳои калону гуворо меоранд. Имкониятро аз даст надиҳед. Дар ҳаёти шахсиятон сари қарори муҳиме омаданатон лозим аст, ки дар он на танҳо шахси дӯстдошта, балки дӯсти беҳтаринатон кӯмак мерасонад. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад, боэҳтиёт бошед.
Савр (21 апрел-22 май)
Нақшаву ниятҳоятон тағйир меёбанд, эҳтимол хостаҳоятон амалӣ намешаванд ё баръакс коратон барор мегирад. Дар муносибатҳои ошиқона ба қаҳру ғазаб ва ашкрезӣ роҳ надиҳед. Гардиши ногаҳонии қисмат шуморо дар ҳоли ногувор мегузорад. Худро ба даст гирифта ҳар як қадами худро санҷида гузоред.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Нисбати шиносҳое, ки вақтҳои охир пайдо кардаед, бодиққат бошед. Робита бо онҳо боиси дилмондагӣ мегардад ё дар ҳоли ногувор қарор мегиред. Рӯзи хубест барои истироҳат дар гӯшаи табиат ва ҷамъоварии гиёҳҳои табобатӣ. Ба ташвиш омадану гуруснагӣ кашидан манъ аст. Харидҳои дар ин рӯз кардаатон бобарор мешаванд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Мушкилиҳои шахсиро танҳо бо кӯмаки шахси дӯстдоштаатон рафъ карда метавонед. Аз сарфи беҳудаи пул худдорӣ намоед, маблағи хуб ба даст оварданатон душвор аст. Сарфа карданро омӯзед. Фаромӯшхотирӣ ва фориғболӣ боиси ногувориҳо мегардад. Дар ин рӯз ягон кори навро оғоз накунед.
Асад (23 июл-23 август)
Мушкилиҳои нави молиявӣ пеш меоянд. Ба маблағи пулие, ки умедвор будед, таъхир меёбанд. Аз ин рӯ, дар ҷое, ки сарфа кардани маблағ имконпазир бошад, пулро захира намоед. Эҳтимоли асабониву ғазаболуд гаштанатон вуҷуд дорад. рафтори беандеша нисбати шахси дӯстдоштаатон оқибати ногувор ба бор меорад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Корҳоятонро ба таъхир гузошта нағзакак истироҳат кунед. Кори вазнини ҷисмонӣ ба саломатиятон бетаъсир намемонад. Ҷароҳат ё бемории тасодуфӣ нақшаҳоятонро барбод медиҳанд. Шахси дӯстдоштаатон ба кӯмаки шумо ниёз пайдо мекунад, то ки мушкилиеро, ки пайдо мешавад, рафъ намояд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Муноқишае, ки дар ҷойи коратон сар мезанад, бо сабурӣ рафъ карда метавонед. Аз мағозаву бозоргардӣ худдорӣ намоед, вагарна пули зиёдеро беҳуда сарф мекунед. Баъди нисфирӯзӣ саратон ба дард омада фишори хун баланд мешавад. Муносибатҳои ошиқонаатон хуб мегарданд. Хобҳои дар ин рӯз дидаатон амалӣ мешаванд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Агар хоҳед, ки рӯзатон орому бе мушкилӣ гузарад, бо ҳар сабаби ночиз асабонӣ нашавед. Корҳои навро оғоз накунеду корҳои куҳнаро ба анҷом расонед. Аз вохӯрӣ, мулоқот ва сайругашт худдорӣ намоед. Бегоҳирӯзиро дар танҳоӣ гузаронед. Дар муносибатҳои ошиқона аз худ фаришта насозед, бигзор дӯстдоштаатон шуморо бо тамоми камбудиҳоятон қабул намояд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имкони амалӣ сохтани нақшаву ниятҳоятонро пайдо месозед. Дар ин рӯз барои ба даст овардани илтифоти шумо шахси дӯстдоштаатон кӯшиши зиёдеро бояд ба харҷ диҳад. Танҳо бо мушкилиҳои таъхирнопазири рӯзгор машғул шавед. Хобҳои дар ин шаб дидаатон амалӣ мешаванд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи душвор аст. Табъатон зуд-зуд хира мегардад. Худро ба даст гирифта ба эҳсосот дода нашавед. Инчунин бо ҳамсоя ва наздикон муноқиша накунед. Маблағи пулие, ки дар ин рӯз ба даст меоред, ба зудӣ сарф мешавад. Барои он ки асабхаробӣ боиси бемор шуданатон нагардад, бегоҳирӯзӣ нағзакак истироҳат кунед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Рӯзи бебарор аст, фиреб хӯрдану ба доми туҳмат афтиданатон имкон дорад. Аз садо баланд кардану дағалӣ худдорӣ намоед, вагарна нотоб шуданатон эҳтимол дорад. Тамоми сафарҳорор дар ин рӯз ба таъхир гузоред. Дар ҳаёти шахсӣ бо сабаби он ки дӯстдоштаатон нуқтаи назари шуморо қабул намекунад, нофаҳмӣ рух медиҳад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Айни замон маблағеро сарф карда метавонед, ки аз маошатон зиёдтар аст. Хушбахтона эҳтимоли зиёд шудани маош, баргардонидани қарз ё пешниҳоди нави корӣ вуҷуд дорад. Бонувон эҳсоси танҳоӣ мекашанд. Мушкилиҳои мувақатиро ба дил наздик қабул накунед. Нерӯи шумо кифоя аст, ки зиндагиро аз варақи тоза оғоз намоед.