ТОЛЕЪНОМАИ 3-ЮМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2026
1748

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Ҳодисаҳои ногувори нимаи аввали рӯз метавонанд боиси фишори равонӣ ва хастагии зиёд гарданд. Ба иғвогарӣ ва беэътиноии атрофиён дучор мешавед. Ба дағалӣ бо дуруштӣ посух надиҳед, беҳтараш оромона аз пайи кори худ шавед. Ҳар қадар боисрор ба сӯи ҳадаф қадам гузоред, ҳамон андоза имкони пулкоркунӣ зиёд мегардад. Барои мулоқоти ошиқона рӯз хеле созгор аст.

Савр (20 апрел-20 май)

Масъалаҳои молиявӣ бо натиҷаи хуб анҷом меёбанд. Муваффақият дар корҳои тиҷоратӣ ва эҷодӣ ҳамсафаратон мешавад. Гарчанде заҳмати зиёд мекашед, натиҷааш хотиратонро болида месозад. Аз ҷониби шахси дӯстдоштаатон норизогӣ ё танқид эҳсос мешавад, вале ин ҳолат рӯҳияи шуморо вайрон намекунад. Сайругашт дар ҳавои тоза ва серҳаракатӣ ба саломатиятон фоида меорад.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Бо вуҷуди поквиҷдонӣ ва тоқатпазирӣ, имрӯз норасоии таҷриба метавонад монеаи муваффақият гардад. Бо ҳамкорон ё шахси дӯстдошта нофаҳмӣ ба миён меояд. Дар ягон кор таваккал накунед, зеро эҳтимоли гирифтор шудан ба вазъияти душвор вуҷуд дорад. Ба касе дар бораи дороии худ хабар надиҳед, то аз шумо қарз напурсанд. Саломатиро дар ҷои аввал гузоред.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз рӯзи санҷишу имтиҳон аст. Рафтори атрофиён асабатонро хароб карда, шуморо ба ғазаб меорад. Норизогии хурд бо дӯстдошта метавонад ба муноқишаи ҷиддӣ ва ҳатто ҷудоӣ оварда расонад. Ҳисобу китоби дуруст шуморо аз мушкилоти молиявӣ эмин нигоҳ медорад. Ҳаммоми гарм хастагӣ ва сардиҳоро аз баданатон дур месозад.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз лозим меояд ирода ва устувории худро нишон диҳед, то ба фишори атрофиён посухи муносиб диҳед. Пешниҳоди хуби кориро рад накунед. Қисме аз маблағ барои ниёзҳои фарзандон ва доруворӣ сарф мешавад, бинобар ин сарфакор бошед. Шахси дӯстдоштаатон ба кумак ва дастгирии шумо ниёз дорад. Ба саломатии гурдаву миён диққати ҷиддӣ диҳед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз эҳтимоли рӯ ба рӯ шудан бо бахилии пинҳонӣ ё ҳамлаи ошкорои душманон вуҷуд дорад. Рӯйдодҳои рӯз дер дар хотир мемонанд, аз ин рӯ сабру таҳаммулро пеша кунед ва ба воҳима дода нашавед. Фишори равониро танҳо мулоқоти ошиқона бартараф месозад ва бовар мекунед, ки муҳаббат қудрати бузург дорад. Агар кори сердаромад мехоҳед, ба заҳмати зиёд омода бошед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Рӯйдодҳои асосии рӯз ба ҷои коратон марбутанд. Мушкилиҳои молиявӣ ва ташвишҳои пайдарпай табъатонро хира месозанд. Аз муноқишаҳои ногаҳонӣ, ки оқибати номатлуб доранд, худдорӣ намоед. Ба сифати ғизо аҳамият диҳед. Аз ҷониби шахси дӯстдоштаатон меҳрубонӣ ва ғамхорӣ эҳсос мекунед. Эҳтимоли хуруҷи бемориҳои музмин низ вуҷуд дорад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Рӯзи мусоид барои маъракаву ҷашнҳо, хостгорӣ ва бастани ақди никоҳ аст. Шахсоне, ки тоза ба тиҷорат оғоз кардаанд, бояд фаъол бошанд. Гарчанде вазъи молиявӣ пурра устувор нест, имкони ба даст овардани маблағ вуҷуд дорад. Ҳар қадар некандеш бошед, ҳамон қадар орзуҳоятон зудтар амалӣ мешаванд. Дар бораи дӯстдоштаатон гумони бад набаред. Эҳтимоли дарди сар вуҷуд дорад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Қавсҳои муҷаррад метавонанд бахти худро имрӯз пайдо кунанд. Барои дур мондан аз чашми бад, бурду муваффақияти худро ба ҳама нақл накунед. Сафарҳои хизматӣ бо хароҷоти зиёд ва ташвиш ҳамроҳ мешаванд. Қаҳру ғазабро пинҳон доред, махсусан ҳангоми муошират бо одамони ношинос. Аз ҷиҳати саломатӣ рӯз ором мегузарад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои ба даст овардани кори деринтизор заҳмати зиёд лозим мешавад. Бо истифода аз дастгирии шахсони воломақом ҳунару маҳорати худро нишон медиҳед. Меҳрубонӣ ва раҳмдилӣ муноқишаро бо дӯстдошта бартараф месозад. Барои мардон вохӯрие дар пеш аст, ки метавонад боиси пушаймонӣ гардад. Пойҳоро аз шамолхӯрӣ эҳтиёт кунед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Рӯзи душвор аст: нобарориҳо аз ҳар тараф пайдо шуда, рӯҳияатонро вазнин мекунанд. Эҳтимол аст ба андешаи дигарон вобаста шавед, аз ин рӯ танҳо мондан беҳтар хоҳад буд. Аз атрофиён дилсард шуда, ба худ фурӯ меравед. Ҳар қадамро боандеша гузоред, хусусан дар масъалаҳои молӣ. Аз серкорӣ дӯстдоштаи худро фаромӯш накунед ва ба саломатии наздикон таваҷҷуҳ зоҳир намоед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯз бо ҳисси танбалӣ ва рӯҳафтодагӣ оғоз меёбад, нисбат ба рӯйдодҳои атроф бетафовут мешавед. Ин ҳолат то замоне идома мекунад, ки ҳодисае диққататонро бедор намуда, шуморо фаъолу серҳаракат мегардонад. Дар ҳаёти шахсӣ аз фиреб ва хиёнат эҳтиёт шавед. Кӯшиш кунед сари вақт хоб кунед, ғизои пурқувват истеъмол намоед ва масунияти баданро заиф насозед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД