Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз нақшаву ниятҳои зиёде ба саратон меояд, вале беҳтараш ба ягон кори нав азм нанамоед. Корҳои муҳиматонро ба нимаи дуюми рӯз гузоред, бобарор мешаванд, ба шарте, ки сирру асрори комёбиҳои худро ба касе накушоед. Охири рӯз яке аз дӯстони наздикатон шуморо чунон сахт меранҷонад, ки дилатон аз дӯстӣ тамоман мемонад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар ҷодаи ишқу муҳаббат шуморо нокомӣ интизор аст, маҳбубатон ошиқи нав меёбад ё барои дупула гап шуморо тарк менамояд. Озурда нашавед, сар амон бошад, кулаҳ боз ёфт мешавад. Саврҳои оиладор набояд ин ҳафта ба васвасаҳои ошиқона дода шаванд. Хиёнат метавонад ба решаи бахтатон теша занад, бинобар ин, қадаматонро дониста монед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Имрӯз кўшиши ҳамаи корҳоро якбора иҷро карданро накунед, вақтатонро беҳуда сарф мекунеду ҳама коратон нимкола мемонад. Беҳтар мебуд, ки аз корҳои осонтар сар карда, масъалаҳои муҳимро ба нимаи дуюми рӯз гузоред. Нимаи дувуми рӯз як орзуи бузургатон ҷомаи амал мепӯшад. Ҷавзоҳои муҷаррадро хушхабар интизор аст.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Имрӯз ошиқи серкоратон пас аз интизориҳои тӯлонӣ ниҳоят вақт ёфта, ба наздатон меояд. Аз вохӯрии романтикӣ ҳаловат бурда, дилҳоятонро бо меҳрубонӣ ба ҳамдигар боз ҳам наздиктар созед. Рӯз аз ҳар нигоҳ бароятон бобарор аст. Нафароне, ки бо тиҷорат сару кор доранд, даромади хуби пулӣ ба даст оварда, барои ҳамкориҳои нави судманд роҳ кушода метавонанд.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Имрӯз масъалаҳои муҳими пулиро ҳал менамоед. Тиҷорататон равнақ ёфта, ҷайбатонро пури пул мекунад. Хасисӣ карда, ҳама корро дар танҳоӣ пеш набаред, ёрдамчии хубу боваринок шанси пули калон кор кардани шуморо ду маротиба бештар хоҳад кард. Нимаи дуюми рӯз дар бораи шумо баъзе овозаҳои нохуш паҳн гашта, асабҳоятонро хароб месозанд. Худро дарун ба дарун нахӯред, вагарна саломатиатонро аз даст медиҳед. Охири рӯз худро аз васвасаҳои ошиқона дур бигиред.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Имрӯз чунон серкор мешавед, ки намедонед корро аз чӣ сар кунед. Ҳама бори гаронро бар дӯши худ гирифта, саломатиятонро барбод надиҳед. Дар сарф кардани пул эҳтиёт бошед. Бо нияти харид кардан ба бозор ё мағоза рафтанӣ бошед, ҳамёнатонро аз чашми тезбини дуздон пинҳон доред, то самари меҳнати шумо барояшон луқмаи муфт нагардад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Имрӯз аз хастагӣ ҳавсала намекунед, ки ба ягон кор даст занед. Истироҳатро авлотар дониста, фикри ба рухсатӣ баромаданро менамоед. Дар ҳақиқат барои дамгирии шумо айёми беҳтарин аст. Шумо метавонед саломатиатонро барқарор намуда, баъд бо қувваи дучанд ба кор часпед. Мизонҳои муҷаррад ҳаваси оиладор шуданро мекунанд, вале ситораҳо ба зодагони ин бурҷ маслиҳат медиҳанд, ки боз камтари дигар сабру тоқат намоянд.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Имрӯз шиносоии тақдирсозе шуморо интизор аст. Бо як шахси бисёр муътабар ва тавоно шинос мешавед. Аз маслиҳатҳои ӯ истифода баред, ба қуллаҳои баланди зиндагӣ хоҳед расид. Наздиконатон аз серкории шумо каме малул хоҳанд гашт, зеро ба кор дода шуда, вақти бо онҳо машғул шудан намеёбед. Аз паси пул надавед, пул худаш шуморо меёбад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Имрӯз ҳангоми сайругашт зодагони бурҷи қавсро шиносоии аҷибе дар назар аст. Шиноси наватон бисёр дилкашу дилрабо буда, бо суханҳои зебояш дили шуморо мерабояд. Худро ба даст бигиред, аз ҳад зиёд ба гапҳои ширини одаме, ки аслу насабашро намедонед, дода нашавед. Ошиқи зор гашта, шумо метавонед инони ихтиёри худро аз даст диҳед ва коре кунед, ки оқибаташ пушаймонист.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Имрӯз худро комилан солим эҳсос намуда, бо қувваи дучанд ба кор мечаспед. Нимаи дуюми рӯз як мушкилӣ пеш меояд ва шумо сахт асабонӣ шуда, ҳамсар ё ошиқатонро меранҷонед. Сари вақт бахшиш пурсида, сабаби дағалиатонро фаҳмонед, вагарна қаҳр карда мераваду тани танҳо мемонед. Даромади пулии калон охири рӯз шуморо хурсанд мекунад. Як ҳиссаи маблағро ба корҳои хайр сарф намуда, ба ягон ятим ё пири барҷомонда кӯмак расонед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Имрӯз шумо бояд аз ҳама зебо ва дилкаш бошед. Ба кошонаи ҳусн равед, либосҳои зеботаринро ба бар намуда, ба ҷашну маҳфилҳо равед. Шуморо барои он ин қадар ба зебо шудан талқин менамоем, ки тақдир имрӯз дари барору комёбиҳоро ба рӯйи зодагони бурҷи далв мекушояд. Шиносоӣ бо як одами воломақом метавонад шуморо ба зинаҳои баланд расонад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Ҳутҳои бо тиҷорат сару кор дошта агар муносибатҳояшонро бо шарикони пештара дубора барқарор намоянд, даромади калон ба даст оварда метавонанд. Агар аз харидҳои бемаънӣ худдорӣ намуда, тамоми пулатонро барои ривоҷу равнақ додани коратон сарф намоед, даромадатон даҳчанд гашта, бою бадавлат мешавед. Дар бобати саломатӣ ба бепарвоӣ роҳ додан лозим нест, чунки хурӯҷи кадом як бемории куҳнаатон метавонад ҳоли шуморо табоҳ созад.