Ҳамал (21 март-20 апрел)
Субҳи имрӯз бо баҳс ва нофаҳмиҳо оғоз меёбад. Эҳсоси нороҳатӣ ва ранҷидан аз суханони наздикон имконпазир аст. Аммо вазъ ба зудӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад: табъатон болида мешавад, муносибатҳо хубтар мегарданд. Нимаи дуюми рӯз барои истироҳат созгор аст. Аз корҳои вазнин худдорӣ намоед, то худро аз хастагии нолозим наҷот диҳед. Бо дӯстдоштаатон сар задани муноқиша имкон дорад.
Савр (21 апрел-21 май)
Аввали рӯз барои иҷрои корҳои душвор бисёр мувофиқ аст. Хабарҳои хуш ва рӯйдодҳои ғайричашмдошт ба шумо илҳом мебахшанд. Бо ҷасорат андешаҳои худро баён намоед, пешниҳодҳоятон қабул ва писанди дигарон хоҳанд шуд. Нимаи дуюми рӯзро беҳтараш ба истироҳат, мулоқоти дӯстона ва эҳтимоли шиносоии нав бахшед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз бахту барор бо шумост. Мушкилоти дерина ба осонӣ ҳал мешаванд, дар кор ба натиҷаҳои назаррас мерасед. Шумо ба ҳама чиз бо диди эҷодӣ менигаред. Рӯз барои шиносоӣ ва вохӯриҳо созгор аст. Бо ҳар нафар ба осонӣ муошират мекунед, ҳатто бо онҳое, ки қаблан аз шумо дурӣ меҷустанд. Эҳтимол нафаре, ки пештар бо шумо муносибати бад дошт, имрӯз ба шумо таваҷҷуҳ мекунад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи серташвиш, вале пурбаракат аст. Имрӯз кумаку маслиҳати шумо барои дигарон муҳим мешавад. Амалҳои некатон дили мардумро гарм карда, метавонад дӯстону ҳамфикрони навро ба шумо наздик кунад. Аввали рӯз неруи зиёд доред, аммо дертар ба истироҳат ниёз пайдо мекунед. Корҳои дуюмдараҷаро ба фардо гузоред, то аз хастагӣ эмин монед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз фурсати хубест, ки маҳорати худ ва дастовардҳоятонро ба дигарон нишон диҳед. Аз муваффақиятҳои худ бо ифтихор қисса кунед, ин метавонад таваҷҷуҳи шахсони муҳимро ҷалб намояд. Шиносоии нав ва мулоқотҳо метавонанд натиҷаҳои умедбахш диҳанд. Шомро бо дӯстони наздик гузаронед, ҳам вақтатон хуш мегузарад, ҳам хабарҳои ҷолиб мешунавед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз дӯстону атрофиён ва ҳар нафаре, ки бо шумо аст, бо гуфтаҳоятон розӣ мешавад, ин фазои мусбатро дар муҳити корӣ фароҳам меорад. Субҳро ба корҳои эҷодӣ бахшед, зеро баъд аз хоб фикрҳоятон тоза аст. Нимаи дуюми рӯз барои корҳое, ки диққати зиёд мехоҳанд, муносиб аст. Агар аз фишорбаландӣ азият мекашида бошед, зудтар аз пайи табобат шавед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз ба сари шумо фикрҳои нав меоянд. Таҷриба ва донишатон кӯмак мекунад, ки дар ҳама кор қарорҳои дуруст гиред. Баъзеҳо масъалаҳои молиявиро ҳал мекунанд, дигарон бошанд, дар фикри тиҷорати шахсӣ мешаванд. Даромади ғайричашмдошти пулӣ низ имконпазир аст. Рӯз барои ташхис ва табобати бемориҳое, ки вақтҳои охир шуморо азият медиҳанд, созгор аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Субҳ эҳсоси нооромӣ ва асабоният эҳтимол дорад, ҳатто ҳарфи беозори касе метавонад шуморо нороҳат кунад. Беҳтараш корҳои муҳим ва мулоқотҳоро ба нимаи дуюми рӯз гузоред. Дар ин вақт ҳолат беҳтар мешавад, хабари хуш мешунавед ё пешниҳоди ҷолиб мегиред. Барои баъзе ақрабҳо шомгоҳон сюрпризҳои ошиқона дар назар аст, ки боиси болида шудани табъ мегардад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз бо одамон забон ёфтанатон осон мешавад. Интуитсияи шумо дар амалӣ намудани нақшаҳоятон кумак мекунад. Новобаста аз серкорӣ, барои дидор бо наздикон вақт меёбед. Шомро дар муҳити хонаводагӣ гузаронед, он гоҳ табъатон болидаву хушҳол мешавед. Аз нафароне, ки боиси хира гаштани табъатон мегарданд, дурӣ ҷӯед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Аз баҳсу мунозираҳои беҳуда дурӣ ҷӯед, онҳо на суд доранд, на натиҷа. Қарорҳои муҳимро шитобкорона нагиред, бахусус агар ба дигарон низ дахл дошта бошад. Хусусан дар масъалаҳои ошиқона бо маслиҳати дӯстдоштаатон амал кунед. Беҳтараш бо шахсони боэътимод машварат кунед. Нимаи дуюми рӯз барои сафар мувофиқ нест, хастагӣ меорад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Рӯзи серташвиш аст, вале нохуш намегузарад. Шумо бояд зуд фикр кунед, нақшаҳоро тағйир диҳед, ин аз маҳорати шумо вобаста аст! Нафарони зиёде хоҳиши шиносоӣ бо шуморо доранд. Рӯз барои иштирок дар маъракаҳои оилавӣ ва хешу ақрабо мувофиқ аст, вақтатон хуш мегузарад. Нисбати дӯстдоштаи худ дағалиро раво набинед, вагарна барои оштӣ шудан азоб мекашед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имрӯз нафароне, ки қаблан танҳо камбудиҳои шуморо медиданд, акнун меҳрубонӣ ва самимияти шуморо эҳсос мекунанд. Шиносоии нав метавонад ба дӯстии ҳақиқӣ мубаддал гардад. Дар масъалаҳои корӣ низ, агар хоҳед, атрофиён кумак мекунанд. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, бо яке аз шарикони худ муноқиша карданашон имконпазир аст. Нуқтаи назари дӯстдоштаатон барои шумо хеле муҳим аст.