Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 3-ЮМИ ИЮЛИ СОЛИ 2021
2896

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ҳамалҳо рӯзи худро бо хушиву хурсандӣ паси сар мекунанд. Маблағҳои давоми моҳ ҷамъ кардаатонро дар як дам ба боди фано надиҳед. Пеш аз оне ки барои харид меравед, молҳои лозимаро рӯйхат кунед. Шом хабари хуш мешунавед ва кулли ғаму дарди рӯзонаро фаромӯш мекунед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Аз тағйир додани ҳаёти худ дар ҳарос набошед. Муносибатҳои пешинаро дубора барқарор кунед. Хоб мебинед ва кӯшиш кунед, ки таъбири дурусти онро пайдо намоед. Даромади иловагиро интизор бошед. Фарзандонатон ба шумо сахт эҳтиёҷ доранд, меҳру муҳаббатро нисбаташон то метавонед арзонӣ доред.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Ба қобилитяи худ шубҳа карданро бас кунед. Ҳар қадар ба худатон камтар бовар кунед, ҳамон андоза боварии дигарон нисбати шумо кам мешавад. Шом хонаводаатонро бо хӯроки болаззат зиёфат диҳед. Бештар ба корҳое машғул шавед, ки аз онҳо ба шумо фоидае бирасад. Саломатиатонро эҳтиёт кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзро беҳуда паси сар карда наметавонед. Ҳатман барои иҷрои коре камар мебандед. Маълумотҳоеро, ки аз дигарон мешунавед, мавриди санҷиш қарор диҳед. Ноумед набошед, зеро дигарон нақшаҳои шуморо ҷонибдорӣ мекунанд. Худатон нағз медонед, ки бояд чӣ кор кунед. Пеш аз ҳама эътимод дошта бошед.  

Асад (23 июл-22 август)

Ситораҳо имрӯзро барои асадҳо рӯзи умедбахш пешгӯӣ мекунанд, хусусан, барои нафароне, ки танҳоянд. Ба худ бовар карданро омӯзед. Дар интихоб ва истеъмоли ғизо бодиққат бошед. Истеъмоли хӯрокҳои хамириро дӯст медоред, аммо вақти он расидааст, ки бештар сабзавот ва меваҷот бихӯред.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз ба қавле бо дасти чап аз хоб мехезед, зеро давоми рӯз тамоман худро хуб ҳис намекунеду бо атрофиён муноқиша мекунед. Кӯшиш кунед, ки бо атрофиён созиш пайдо кунед, вагарна ин коратон оқибати хуб надорад. Шоми худро дар хона нагузаронед, ба берун баромада, аз ҳавои тобистон лаззат баред.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз ҳам барои фаъолияти касбӣ ва ҳам барои муносибатҳои шахсӣ рӯзи мусоид аст. Мизонҳои хуштолеъ дар ин рӯз ҳар чизи мехостаашонро ба даст оварда метавонанд. Барои иҷрои корҳои гурӯҳӣ низ вақти хуб аст. Агар лозим шавад, аз нафарони кордону таҷрибадор маслиҳат пурсед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба кори нав даст назанед, балки корҳои пешинаро идома бидиҳед. Дар муҳити хона ба бетартибӣ роҳ надиҳед. Барои амалҳоятон мукофот мегиред ва шавқи кор кардан дар шумо бештар мешавад. Ақрабҳои танҳо имрӯз ҳам барои худ нафари мувофиқу муносибро пайдо карда наметавонанд.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз вақти пурқиммати худро барои ҳар гуна корҳои майда-чӯйда сарф накунед. Ақибнишинӣ накарда, кӯшиш намоед, ки ҳамеша пешсаф бошед, зеро шумо метавонед. Дар ақидаи худ устувор бошед, ба ҳадде, ки касе шуморо гумроҳ карда натавонад. Моҳонаро гирифта, дарҳол ба мағоза нашитобед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Нооромии имрӯзаи шумо дар корҳоятон мушкилӣ пеш меорад. Ба ҳамин хотир, кӯшиш кунед, ки худро ба даст бигиред. Дар муносибатҳои ошиқона мушкилие дар назар нест, ҳамааш дар сатҳи олӣ хоҳад гузашт. Ба худ боварӣ дошта бошед, вале аз ҳад нагузаронед. Даромади иловагӣ дар назар аст.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз ба шумо кори нав пешниҳод мекунанд, вале дар қабули қарор саросема нашуда, аввал оқилона фикр кунед. Кӯшиш кунед, ки фикрҳоятонро ҷамъ карда, дурнамои касбу коратонро пешгӯӣ кунед. Баъзе амалҳои шумо ба ҳолати рӯҳиву равонии пайвандонатон таъсири ҷиддӣ мерасонад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз дар муносибат бо шахсони наздикатон эҳтиёткор бошед, вагарна бо сухани ноҷое хотири онҳоро озурда карданатон мумкин аст. Қувваи кофӣ захира кунед, зеро ба наздикӣ корҳоятон зиёд мешаванд. Боду ҳаворо нигоҳ карда, ба он мувофиқ либос пӯшед, то ба саломатиатон зарар нарасад.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД