Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ҳаёти ошиқонаи шумо ҳоло давраи оромӣ ҳукмфармост. Аз ин нигарон нашавед, ин ҳолат дер давом намекунад. Ба зудӣ тақдир барои шиносоӣ ва муносибатҳои нави ошиқона имкониятҳои хуб фароҳам меорад. Баъзе ҳақиқатҳое, ки то имрӯз нодида мегирифтед, акнун бароятон равшан мешаванд. Дар кор эҳтимоли нофаҳмӣ бо роҳбар вуҷуд дорад. Агар хоҳед қарз гиред, ҳамаи шартҳоро бодиққат санҷед. Барои саломатӣ бештар машқ кунед ва аз хӯрокҳои зудтайёр даст кашед.
Савр (21 апрел-21 май)
Агар муносибати шумо якранг гашта бошад, имрӯз ба шахси дӯстдошта бо нигоҳи дигар менигаред ва эҳсосоти тоза дар дилатон бедор мешавад. Бо сабру таҳаммул рафтор кунед, то мушкилоти оилавӣ зуд ҳал шаванд. Дар фаъолияти касбӣ имкони гирифтани пешниҳоди хуби корӣ вуҷуд дорад, ҳатто агар барои ин ҷойи коратонро иваз кардан лозим шавад. Вазъи молиятон низ беҳтар мегардад. Барои рафъи хастагӣ ва асабоният ба шиноварӣ машғул шавед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз эҳтимол эҳсос кунед, ки шахси дӯстдошта нисбат ба шумо каме сард шудааст. Ба ҷойи гумонбарӣ, беҳтараш оромона сабаби ин ҳолатро фаҳмед. Ҳар сухани ҳамсарро аз ҳад зиёд ҷиддӣ қабул накунед. Барои фаромӯш накардани корҳои муҳим онҳоро дар дафтар қайд кунед. Дар масъалаҳои тиҷорат аз таваккали зиёд худдорӣ намоед, зеро он метавонад ба вазъи молиявии шумо зарар расонад. Аз саломатии худ низ ғамхорӣ кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз мумкин аст байни шумо ва шахси дӯстдошта аз масъалаҳои ночиз нофаҳмӣ ба вуҷуд ояд. Агар оромиро нигоҳ доред, ҳама чиз зуд ба ҳолати пешина бармегардад. Беҳтараш имрӯз бештар ба кор ва корҳои хона машғул шавед. Сафари ногаҳонии корӣ метавонад барои шумо таҷриба ва маълумоти муфид оварад. Дар масъалаҳои молӣ бо дӯстон эҳтиёткор бошед. Аз хӯрокҳои равғанин ва нӯшокиҳои спиртӣ зиёд истифода накунед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз эҳтимол дар муносибатҳои ошиқона каме нооромӣ ба вуҷуд ояд. Пеш аз хулоса баровардан вазъиятро хуб дарк кунед. Агар хоҳед, ки муносибататон бо хешовандон ё дӯстони наздик беҳтар шавад, қадами аввалро худ гузоред. Дар ҷойи кор худро аз дигарон болотар нагиред, аммо фикру мавқеи худро низ ҳимоя кунед. Агар бо дилу боварӣ амал намоед, ба комёбӣ мерасед. Аз ҳад зиёд масъулият ба зимма нагиред.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз ба шахси дӯстдошта бештар меҳрубонӣ ва таваҷҷуҳ зоҳир кунед. Наздикон ба шумо хотиррасон мекунанд, ки барои худ низ вақт ҷудо кардан муҳим аст. Имкони иваз кардани ҷойи кор ё касб пайдо мешавад, вале барои мутобиқ шудан сабру заҳмат лозим аст. Имрӯз хоҳиши харид кардан зиёд мешавад, бинобар ин маблағи худро оқилона сарф кунед. Агар бемории музмин дошта бошед, табобатро ҳатман идома диҳед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз барои муҳаббат ва оғоз кардани муносибатҳои нав рӯзи бисёр мусоид аст. Ҳарчанд дилатон истироҳат мехоҳад, корҳои хона таваҷҷуҳи шуморо талаб мекунанд. Барои мулоқот бо роҳбарон ё шахсони бонуфуз вақти хуб фаро расидааст. Ҳамаи созишномаҳо ва шартномаҳои имрӯз басташуда натиҷаи хуб медиҳанд. Аз ҳадафҳои худ дур нашавед ва ҷасорату роҳбарии худро нишон диҳед. Барои саломатӣ бештар истироҳат кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Агар ҳоло танҳо бошед, мумкин аст бо ҳамкоратон муносибати ошиқона оғоз шавад. Аммо ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки пеш аз чунин қадам хуб андеша кунед, зеро ин муносибат метавонад дер давом накунад. Вақти бештарро бо аҳли оила гузаронед, дастгирии онҳо ба шумо нерӯи тоза мебахшад. Ба зудӣ хабарҳои муҳиме мешунавед. Дар кор ростқавл бошед ва аз фиреб дурӣ ҷӯед. Руҳияи хуб саломатии шуморо мустаҳкам мекунад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз аз изҳори муҳаббат шарм надоред ва эҳсосоти худро пинҳон накунед. Бештар бо дӯстон вохӯред ва дар ҷамъомадҳо иштирок кунед. Дар кор мумкин аст роҳбар ба шумо вазифаҳои иловагӣ супорад, зеро ба қобилияти шумо бовар дорад. Баъзе нақшаҳо аз сабаби мушкилоти техникӣ ё ҳолатҳои ғайричашмдошт ба таъхир меафтанд. Агар дарди миёнро эҳсос кунед, онро нодида нагиред ва ба духтур муроҷиат намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз байни шумо ва ҳамсар нофаҳмӣ пайдо шуданаш мумкин аст, вале ин озмоиш муносибати шуморо боз ҳам мустаҳкам мекунад. Агар ба қарз ниёз дошта бошед, имкони гирифтани он бо шартҳои хуб вуҷуд дорад. Дар кор аз ҳилаву найранг истифода набаред. Ростқавлӣ ва масъулиятшиносӣ барои шумо натиҷаи беҳтар меорад. Дар рӯзҳои наздик хароҷот зиёд мешавад, бинобар ин маблағи худро боақлона истифода баред. Аз кори аз ҳад зиёд худдорӣ намоед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Агар то ҳол танҳо бошед, дигар аз шиносоӣ ва муошират бо одамони нав канорагирӣ накунед. Имрӯз имкони хубе доред, ки зиндагии шахсии худро тағйир диҳед. Барои нигоҳ доштани оромии хонаводагӣ ба наздикон нишон диҳед, ки онҳо барои шумо аз ҳама муҳиманд. Ҳамкорӣ бо одамони ҳамфикр самараи хуб медиҳад. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткорона қарор қабул кунед. Имрӯз аз истеъмоли машрубот худдорӣ намоед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имрӯз эҳтимол муҳаббатро аз нигоҳи аввал эҳсос кунед. Давраи нави ошиқона метавонад ба зиндагии шумо ворид шавад. Қисми зиёди рӯзро ба корҳои шахсӣ сарф мекунед, ки нерӯи зиёди равонӣ талаб мекунанд. Дар ҷойи кор вазифаҳои иловагӣ қабул накунед, зеро аллакай сарбории зиёд доред. Агар хароҷоти ғайричашмдошт пеш ояд, беҳтараш аз наздикон кӯмак пурсед, аз бонк қарз нагиред. Кӯшиш кунед асабонӣ нашавед ва рӯҳияи хуби худро нигоҳ доред.