Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 3-ЮМИ АВГУСТИ СОЛИ 2022
2611

                     Ҳамал

Дар ин рӯз бо нафароне, ки якҷоя кор мекунед, муомилаи хуб карданатон лозим аст. Ҳатто агар табъатон аз субҳ нохуб бошад, қаҳру ғазабро дар худ нигоҳ надоред. Рӯзи хубест барои харид ва таъмин сохтани ниёзҳои аҳли оила. Баъди нисфирӯзӣ сафари гуворо дар назар аст.


Савр

Дар ин рӯз ғизои солиму муфидро истеъмол намоед. Хусусан агар бемориҳои меъдаву рӯда дошта бошед, ба хӯроки истеъмол мекардаи худ бодиққат бошед. Дар ҳаёти шахсӣ бо шахси дӯстдоштаатон муросо карданатон лозим меояд. Дар оилаи саврҳо тавлиди тифл имкон дорад.



Ҷавзо

Дар ин рӯз ба наздикони худ такягоҳи боэътимод шуданатон лозим аст. Агар имкон дошта бошед, кӯмаки молиявӣ расонед. Нақшаҳои хом ва қадамҳои ноустувор дар ҷодаи тиҷорат вазъи молиявии шуморо душвор месозад. Тамоми далелу бурҳонро дида баромада, имкони даромади иловагиро пайдо мекунед.



Саратон

Дар ин рӯз барои хонаву дари худ хариди калон ва қиматбаҳо мекунед. Қаблан буҷаи худро ба нақша гиред, то ки дар ҳолати ногувори молиявӣ қарор нагиред. Бегоҳирӯзӣ бо як дӯстатон, ки нуқтаи назари худро ба шумо бор кардан мехоҳад, ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед.


Асад

Дар ин рӯз бахти асадҳои муҷаррад механдад. Вохӯрии ошиқонаи шумо мисоли равшании офтоб ногаҳонӣ вале хотирмон мегардад. Агар шумо бо тарғиб ва фурӯши молу маҳсулот машғул бошед, ба ҳамкории судманд умед баста метавонед. Саломатии худро эҳтиёт кунед ва дар роҳ боэҳтиёт бошед.

Сунбула

Тамоми рӯз аз асабоният худдорӣ намоед. Барои он ки ба рухсатии меҳнатӣ бароед, бояд корҳои худро ба итмом расонед. Сунбулаҳои муҷаррад барои оиладоршавӣ тасмим мегиранд. Аз ташвишу дудилагӣ бо кӯмаки дӯсти наздикатон раҳоӣ меёбед.


Мизон

Агар ошиқ бошеду муносибатҳоятонро бо шахси дӯстдошта нигоҳ доштан хоҳед, ба нафаре бо чашми ҳавас нанигаред. Рӯзи хубест барои истироҳат дар табиат ва сафарҳои роҳи дур. Барои он ки ба вазъи молиявиатон зарар нарасад, хариди калон карданро тавсия намедиҳем.

Ақраб

Дар ин рӯз бар асари хастагии зиёд ва асабонияти рӯзҳои гузашта табъатон хира мегардад. Бо атрофиён ва аъзоёни оилаи худ меҳрубон бошед, ба гапу ҳарфҳои худ диққат диҳед. Шумо метавонед рашку ҳасади нафареро оварда, ба худ зарар расонед. Бо наздикони худ ба баҳс роҳ надиҳед.

Қавс

Дар ин рӯз ҳар як гапу рафтори худро дар тарозуи ақл баркашида амал намоед. Ҳама кор вақту соат дорад, инро фаромӯш насозед. Рӯзи хубест барои ақди никоҳ ва сафару саёҳат. Нафароне, ки дар ин рӯз бемор мешаванд, беморӣ тӯл мекашад. Хусусан ин гуфта ба мардҳо дахл дорад.

Ҷаддӣ

Дар ин рӯз муносибати худро бо нафаре, ки замоне ҷудо шуда будед, барқарор менамоед. Ба ягон кори шубҳанок даст назанед. Шумо бояд ҳатман аз сигоркашӣ даст кашида, хароб шавед. Танҳо дар ҳамин ҳолат метавонед фикри солимии руҳу ҷонро намоед.

 Далв

Дар ин рӯз бо нафаре, ки замоне сидқан дӯсташ медоштед, ҷудо мешавед. Агар шумо соҳиби фарзандони наврас бошед, кӯшиш намоед, ки мушкилиҳои сарзадаро бе асабоният рафъ намоед. Масъалаҳои баҳсиро танҳо дар муҳити пур аз муҳаббат ва эҳтиром рафъ намоед.

 

Ҳут

Дар ин рӯз хабарҳои нохуши вобаста ба наздикон имкон дорад. Ин хабарҳо ба саломатӣ ва табъатон бетаъсир намемонад. Кӯшиш намоед, ки аз ҳодисаҳои ногаҳонӣ руҳан худро эмин доред ва ҳар чизи ба саратон омадаро оромона қабул намоед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Чамила 2023-08-03, 13:24
Точикистон
Посух
Чамила 2023-08-03, 13:24
Tочикистон
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Чамила 2023-08-03, 13:24
Точикистон
Посух
Чамила 2023-08-03, 13:24
Tочикистон
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД