Ҳамал (21 март-20 апрел)
Хатари рух додани садамаву ҳодисаҳои хатарнок зиёд аст. Бо атрофиён муноқиша накунед, аз баҳсу мунозира худдорӣ намоед. Агар меҳру муҳаббататон тамом шудаву мақсади аз ёри худ ҷудо шуданро дошта бошед, саросема нашавед. Беҳтараш ӯро ҳамчун дӯсти хуб қабул кунед.
Савр (21 апрел-20 май)
Рӯзи вазнин аст. Эҳтимоли дарди сар, заҳролушавӣ аз хӯрок ва сар задани сӯхтор имкон дорад. Аз даст додани маблағи калон ва дуздида шудани пулҳоятон аз эҳтимол дур нест. Ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед, вагарна кор бо ҷанҷоли калон хотима меёбад. Дар роҳ нафаре изҳори муҳаббат мекунад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Рӯзи душвор аст, дар ҳаёти шахсӣ ва бо дӯстону наздикон мушкилиҳо сар мезананд. Монеаҳои душманон боиси аз даст додани маблағи пулӣ ва асабхаробии зиёд мегардад. Баъди нисфирӯзӣ аз хеши дур ё дӯсти пулдоратон маблағи хуб мегиред. Ба вазъи саломтаиатон диққат диҳед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Бо сабаби зудбовариву содагӣ аз ҷониби шарикони корӣ фиреб хӯрданатон имкон дорад. Хусусан, нисбати нафароне, ки ба Шумо изҳори муҳаббат мекунанд, бодиққат бошед. Нафароне, ки маъшуқаи пинҳонӣ доранд, сиррашон фош гашта, боиси ҷангу муноқишаи калон ва рашку итоби ҳамсар мегарданд.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ҳаёти шахсиатон ҳодисаҳои аҷиб рух медиҳанд. Мушкили ягона дар нохуб шудани вазъи саломатиатон аст. Камқувват гаштанатон боиси он мегардад, ки ба бемориҳо гирифтор мегардед. Нисбати дӯстдоштаи худ дағалӣ накунед. баъди нисфирӯзӣ ба касе қарз надиҳед ва маблағи худро беҳуда сарф накунед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Барои ҷалб намудани диққати нафарони даркорӣ бояд меҳрубону зирак бошед. Аз илтифоти ҳамин нафарон вазъи молиавиатон вобастагӣ дорад. Дар ҳаёти шахсиатон тағйиротҳои куллӣ рух медиҳанд. Нафарони муҷаррад бахти худро дар ҳамин рӯз пайдо карда метавонанд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи душвор аст, дар ҳаёти шахсиатон мушкилӣ сар мезанаду бо дӯстону наздикон нофаҳмӣ рух медиҳад. Ба ягон кори муҳим даст назанед, корҳоятон барор намегиранд. Нисбати атрофиён бодиққат бошед, нафаре дар фикри бадии Шумо аст. Барои хуб кардани вазъи молиявӣ заҳмат кашиданатон лозим меояд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи душвор аст. Дар ҳаёти шахсиатон мушкиливу нофаҳмӣ ё бо хешовандонатон дилмондагӣ рух медиҳад. Ба корҳои хатарнок машғул шуданро маслиҳат намедиҳем. Ҷароҳат бардоштану гум кардани пул эҳтимол дорад. Нафароне, ки қарз дода буданд, дар ин рӯз пулҳояшонро бармегардонанд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Шубҳаву гумонро дар дил роҳ надода, бо нафарони бароятон наздик муноқиша накунед. дар ин рӯз ба вазъиятҳои душвори зиёд рӯ ба рӯ мегардед. Аз муноқиша кардан худдорӣ намоед, вагарна ба ғайр аз асабхаробӣ чизи дигаре намегиред. Пулро беҳуда сарф кардан камоли беақлист.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз табъатон зуд-зуд тағйир меёбаду гоҳ хушҳолу гоҳи дигар ғамгин мегардед. Агар ба дӯст доштанатон эътимод надошта бошед, беҳтараш ба мулоқоти ошиқона наравед. Муваффақият насиби нафароне мегардад, ки бо тиҷорат машғуланд. Наздиконатон ба кӯмаку дастгирии Шумо ниёз доранд.
Далв (21 январ-18 феврал)
Нимаи аввали рӯз барор ҳамсафаратон мегардад, вале барои сафару саёҳат номусоид аст. Хатари бемор шудану хурӯҷ намудани бемориҳои сироятӣ вуҷуд дорад, корҳои ҷисмонӣ хатарнок аст. Дар ҳама кор танҳо ба қувваи худ уммед набандед, кӯмаки атрофиён айни муддао мегардад. Бо дӯстдоштаи худ меҳрубон бошед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯзи номусоиду бисёр мушкил аст. Ба васваса дода нашуда, аз робитаҳо худдорӣ намоед. Дар ҳаёти шахсиатон душвориҳо ва бо дӯстону хешовандон мушкилиҳо сар мезананд. Дар ҳамин рӯзҳои серташвиш бо нафаре шинос мешавед, ки дилатонро ба ларза меорад. Барои харид маблағи калон сарф карданро тавсия намедиҳем.