Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 29-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2022
2976

Ҳамал

Барои мустаҳкам сохтани обруву нуфузатон дар ҷодаи касбу кор рӯзи мусоид аст. Метавонед корҳои қаблан саркардаро ба анҷом расонед. Ба кори нав даст заданӣ бошед, хеле эҳтиёткор бошед. Хайрхоҳу саховатманд бошед, ба нафаре ки аз шумо кӯмак мепурсад, ҷавоби рад надиҳед.

Савр

Дар тамоми ҷодаҳои фаъолияти худ аз тағйиротҳо гурезед, вагарна вазъият табъи дили шумо сурат намегирад. Метавонед бо дӯстони пештараи худ робитаро аз нав барқарор намуда, боиси комёбиҳои нав гардед. Бо атрофиён муноқиша накунед, тамоми мушкилоти сарзадаро бо роҳи мусолиҳаомез рафъ намоед.

Ҷавзо

Дар ин рӯз бо корҳои муҳим ва вохӯриҳо машғул шавед. Агар лаҳзае бекор шавед, ба маъракаву нишасти дӯстон рафта, хотиратонро шод гардонед. Агар дар ҳама кор фаъолнокӣ нишон диҳед, фоидаи бештаре ба даст оварда метавонед.

Саратон

Бе ягон кӯшишу заҳмат комёбиҳои калонро ноил мегардед. Барои хариди калон ва ободонии хонаву дар рӯзи мусоид аст. Дар ҷодаи муҳаббат навигариҳои гуворо ва шиносоиҳои тақдирсоз имкон доранд. Эҳтимоли шамол хӯрдану гирифтори зуком шуданатон дар назар аст.

Асад

Дар ин рӯз бо корҳое машғул шуданатон лозим меояд, ки хеле зарур ва ҳатмӣ бошанд. Агар танбалӣ накунед, аз натиҷаи кор шод мегардед. Агар истироҳат кардану вақти худро хуш гузаронидан хоҳед, дар ин рӯз табъи дил дилхушӣ мекунед. Барои хариди калон рӯзи мусоид нест.

Сунбула

Вақте расидааст, ки каме истироҳат кунед. Агар чунин имкон надошта бошед, танҳо бо корҳои муҳим машғул шуда, уҳдадориҳои зиёдро ба душ нагиред. Дар маъракаҳои серодам ширкат варзида, бо нафарони бароятон даркорӣ шинос мешавед.

Мизон

Имрӯз дар як ҳолати ногувор қарор мегиред. Аз як тараф ҳама коратон барор мегираду аз ҷониби дигар дар муносибатҳои ошиқонаатон душвориҳои сар мезананд. Аз муноқиша дурӣ ҷуста, сабру таҳаммулро пеша намоед. Бо коре машғул шавед, ки баъдан пушаймон нашавед.

Ақраб

Дар ин рӯз бо корҳои аҷиб машғул мешавед. Бо нафароне вомехӯред, ки бароятон хеле азиз ҳастанд. Аз робита бо дӯстон ва ҳолпурсӣ тавассути интернет хотиратон шод мегардад. Барои сар кардани табобати бемориҳое, ки чанд муддат азиятатон медиҳанд, рӯзи мусоид аст.

 

Қавс

Рӯзи пур аз воқеаву ҳодисаҳои натиҷабахш аст. Дар танҳоӣ бо мушкилиҳо машғул шуданатон лозим нест, имрӯз ҳамфикрон ба кӯмакатон мешитобанд. Нафароне, ки бахти худро меҷӯянд, баъди нисфирӯзӣ хабари хуш мешунаванд.

 

Ҷаддӣ

Айни замон ман-маниву калонгапӣ накунед. Аз гапи гуфта пушаймону зери таъсири нафаре монданатон имкон дорад. Бо шахсе, ки дӯсташ медоред, мушкилиҳо имкон дорад, вале дар айни моҷаро баҳс карданро маслиҳат намедиҳем. Бо касе шинос шуданро маслиҳат намедиҳем.

Далв

Дар ин рӯз ягон воқеаи ногувор рух намедиҳад. Табъатон хушу меҳнату истироҳат кардан мехоҳед. Ягон ҳодисаи ногувор рух намедиҳад. Бештар бо наздикону хешовандон дар робита бошед. Шитобкорӣ бароятон барор меорад.

Ҳут

Дар ин рӯз бо фиребу ваъдаҳои бардурӯғ рӯ ба рӯ мегардед. Худро ба даст гирифта, нисбати атрофиён муносибати бад накунед. Эҳсосоти манфии худро ба атрофиён нишон надиҳед. Беҳтараш бо корҳои ҳаррӯза машғул шавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД