Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз агар аз чизе ташвиш ва норизо бошеду аз баҳраш баромадан хоҳед, саросема нашавед. Бо чунин рафторатон шумо мушкилотро чигилтар месозед. Аз вохӯрӣ бо нафарони дағал ва бемаданият асабҳоятон хароб мегардад. Мушкилоти молиявӣ ё хароҷоти ногаҳонӣ имкон дорад.
Савр (21 апрел-22 май)
Рӯзи орзуҳои амалиношуда ва ташвиши беҳуда аст. Дар ҳама кор ба ғалат роҳ доданатон имкон дорад. Бар замми ин, шахси бароятон наздик маслиҳати нодуруст медиҳад. Табъатон якбора ва ногаҳонӣ хира гашта, хобҳои бад мебинед. Аз дарди сар низ азият кашида, ҳолати бади руҳиятон боиси асабоният ва рафтори беандеша мегардад.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар рафъ намудани мушкилиҳои оилавӣ барор ҳамсафари шумо мегардад. Шахси наздикатон маслиҳати судманд медиҳад. Ба ҳар ҷое, ки бо мақсади пурсидани кӯмаки молиявӣ муроҷиат мекунед, қаноатманд мегардед. Рӯзи хубест барои ҷамъ кардани маблағ ва давом додани корҳои нотамом. Бегоҳирӯзӣ аз муноқиша бо наздикони худ худдорӣ намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи бебарор аст. Ба ғалат роҳ медиҳед. Табъатон яку якбора ва ногаҳон тағйир меёбад. Ба нафароне, ки асаби ҳасос доранду зуд-зуд бо сабабҳои ночиз асабонӣ мешаванд, эҳтиёткор буданро тавсия медиҳем. Эҳтимоли гирифтори асабхаробӣ шуданатон вуҷуд дорад. Бештар дар ҳавои тоза ва бо нафарони бароятон писанд вақт гузаронед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз барои корҳое, ки пештар бо осонӣ ба анҷом мерасонидед, қувваи зиёд сарф карданатон лозим меояд. Руҳафтода нашавед, зеро дер бошад ҳам, натиҷааш олӣ мегардад. Хароҷоти ғайринақшавӣ ва хабарҳои ногувор боиси асабхаробиятон мегардад. Айни замон бояд ғами саломатии худро хӯред.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз барои бартараф кардани ягон мушкилӣ, хусусан мушкили дигарон машғул нашавед. Эҳтимол аз шиносони дерин пешниҳоди аҷиби корӣ мегиред, вале дар додани ҷавоб ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Хабари ногувори ногаҳонӣ ба муносибатҳои хуби ошиқонаатон таъсири манфӣ мерасонад. Ба саломатии наздиконатон диққат диҳед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Нақшаву ниятҳои зиёдеро ба анҷом мерасонед, вале агар аз уҳдаи коре баромада натавонед, дағаливу зӯриро ба кор набаред. Рӯзи хубест барои шиносоии ошиқона. Агар дӯстдошта дошта бошед, аз суҳбати якдигар ҳаловат мебардоред. Аз лаҳзаҳои душвор тавассути поквиҷдонӣ ва хушчақ-чақӣ мебароед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Лаҳзаҳои зиёди хурсандибахшро аз сар мегузаронед, вале дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред. Аз душманиву бадкирдории ҳасудон бо шарофати зеҳни тез раҳоӣ меёбед. Ҳунару маҳорататон аз ҷониби атрофиён қадр нагашта, табъатон хира мегардад. Аз ин лиҳоз, дар ҷое заҳмат кашед, ки ба қадратон мерасида бошанд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи хубест барои ҷамъ кардани маблағ бо мақсади ба анҷом расонидани корҳои нотамом. Нафаре шуморо фиреб карданӣ мешавад, танҳо зиракиро пеша намуда, аз фитна раҳоӣ меёбед. Ҳангоми робита бо атрофиён ба ҳар гапе, ки мешунавед, бовар накунед. Беҳтараш ба маслиҳати шахси наздикатон гӯш диҳед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи бебарор аст. Дар ҳама гуна вазъият худро ба даст гирифта тавонистанатон хелел муҳим аст. Саломатии худро эҳтиёт кунед. Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои музминатон имкон дорад. Саломатии худро назорат намоед. Хобҳои дидаатон амалӣ мешаванд. Қувваву асаб ва саломатии худро эҳтиёт кунед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Орзуву ниятҳоятон амалӣ намегарданд. Мардҳо аз нафаре, ки то ин дам дӯст мешумориданд, дилмонда мегарданд. Ҳангоми хароб шудани асаб сабру таҳаммулро пеша намоед. Аз ҷониби нафароне, ки чандон намешиносед, дастгирӣ эҳсос мекунед. Нуқтаи назари худро ба касе бор накунед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Забони шумо метавонад душманатон гардад. Ҳамааш аз он вобастагӣ дорад, ки шумо бо атрофиён чӣ гуна робита мекунед. Дар ин рӯз бештар хомӯш бошеду бештар гӯш кунед. Фаромӯш насозед, ки хомӯшӣ тилло аст. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ имкониятҳои хуб пайдо мекунед.