arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 29-УМИ МАРТИ СОЛИ 2025
1547

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз ҷаззобияти бонувони ҳамал дар авҷ хоҳад буд ва диққати атрофиёнро ба худ ҷалб мекунанд. Субҳ метавонад бо асабоният ё баҳс оғоз шавад, бинобар ин, кӯшиш кунед, ки эҳсосоти худро назорат кунед, то рӯзатон бо хотираҳои ногувор анҷом наёбад. Имкониятҳои хуби касбӣ барои шумо пеш меоянд – шонси хубе доред, ки худро ба роҳбарият нишон диҳед. Ҳангоми қабули қарорҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед, эҳтимоли фиреб ва ваъдаҳои бардурӯғ вуҷуд дорад.

Савр (20 апрел-20 май)

Дар баъзе ҳолатҳо хислати якравии шумо ба пешравиҳоятон метавонад халал расонад, пас кӯшиш кунед, ки дурандеш ва ботаҳаммул бошед. Рӯзи хубест барои кор бо ҳуҷҷатҳо. Ҳамкасбони шумо имрӯз дар маркази таваҷҷуҳ хоҳанд буд. Фаъолияти ҷисмонии бештар ба фоидаи саломатии шумо хоҳад буд.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз барои муносибатҳои ошиқона рӯзи хуб аст, ҳар амал ва ташаббуси шумо натиҷаи мусбат хоҳад дошт. Шумо қобилияти дуруст қабул кардани қарорҳои муҳимро доред. Дар корҳои хона танҳо ба дониши худ такя кунед. Имкони пайдо шудани манбаи нави даромад мавҷуд аст, аммо ба фоидаи калон умед бастан лозим нест – пулҳоро сарфа кунед. Камхобӣ метавонад сабаби бад шудани саломатии шумо гардад, аз ин рӯ, ба худ бештар таваҷҷуҳ диҳед ва истироҳати кофӣ кунед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Шумо бо шахсияти ҷолибе вохӯред, ки метавонад ҳаёти шуморо рангоранг кунад. Дар муносибатҳои хонаводагӣ низ беҳбудӣ эҳсос мешавад, вале дар қабули қарорҳои муҳим шитоб накунед. Ин рӯзро бештар барои истироҳат ва қувват гирифтан истифода баред. Эҳтимол дорад, ки вазъи молиявии шумо муваққатан ноустувор гардад, аммо ин давра кӯтоҳмуддат хоҳад буд. Агар тарзи ҳаёти солимро риоя кунед, саломатии шумо муътадил боқӣ хоҳад монд. Кӯшиш кунед ба камбудиҳои ночиз диққат надиҳед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз барои кӯмак ба дигарон мусоид аст. Муносибатҳои ошиқонаи шумо бо шахси дӯстдошта хеле хуб ҷараён мегирад. Агар имкон бошад, кори марбут ба ҳуҷҷатҳоро ба рӯзи дигар гузоред, зеро хатогии эҳтимолӣ вуҷуд дорад. Дар масъалаҳои молиявӣ боэҳтиёт бошед, аз хароҷоти зиёдатӣ худдорӣ кунед. Агар бемориҳои музмин дошта бошед, беэътиноӣ накунед ва ба табиб муроҷиат кунед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Агар дар муносибатҳои ошиқона нокомӣ дошта бошед, нагузоред, ки эҳсосоти манфӣ дар дили шумо ҷамъ шаванд. Равшан ва ошкоро эҳсосоти худро баён кунед, то сабук шавед. Имрӯз эҳтимол дорад, ки наздикон ё дӯстон ба кӯмак ва дастгирии шумо ниёз дошта бошанд. Дар масъалаҳои корӣ аз роҳбарият чизе талаб накунед – эҳтимоли рад шудани дархости шумо зиёд аст. Ҳолати молиявии шумо устувор боқӣ мемонад, аммо исрофкорӣ накунед. Ғизои дуруст ва парҳези солимро риоя кунед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз дар ҳаёти ошиқонаи шумо тағйироти назаррас рух намедиҳад, ин хуб аст, зеро вазъияти мавҷуда ба шумо писанд аст. Аммо дар хона эҳтимоли ба вуҷуд омадани низоъ ва ихтилофоти ногаҳонӣ вуҷуд дорад. Агар дар фикри сафар ҳастед, акнун лаҳзаи муносиб фаро расидааст. Аз шонс истифода бурда, бо роҳбарият дар бораи рухсатӣ гап занед. Аз кори вазнини ҷисмонӣ канорагирӣ кунед, зеро эҳтимоли ҷароҳат бардоштан зиёд аст.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Дар ҳаёти ошиқонаи шумо тағйироти ногаҳонӣ имконпазир аст, ки метавонад боиси нофаҳмиҳо ва ихтилоф гардад. Нисбати аъзоёни оила ва наздикон серталаб набошед, бештар таҳаммулпазир бошед. Имкониятҳои нави рушди касбӣ пайдо мешаванд, аммо бояд дар рақобат бо дигарон эҳтиёткор бошед. Агар мехоҳед вазъи молиявии худро беҳтар созед, роҳҳои нави даромадро омӯзед. Бештар сабзавоту меваҳо истеъмол намоед, то саломатии худро ҳифз кунед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Шахси ҷолибе имрӯз ба ҳаёти шумо ворид мегардад, аммо шумо метавонед бо шубҳа ба ӯ нигоҳ кунед. Дар муносибатҳои оилавӣ ва ошиқона рӯзҳои мусоид фаро мерасанд. Имкони беҳтар шудани вазъи молиявӣ бо сабаби бурд ё хариди муфид вуҷуд дорад. Дар кор, агар бо идеяҳои худ фаъолона ширкат варзед, шонси боло рафтан дар мансаб доред. Хабари ногаҳонӣ метавонад шуморо нигарон созад, аммо кӯшиш кунед, ки ором бошед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Дар ҳаёти ошиқона эҳсосоти нав эҳё мешаванд, ки метавонад боиси муносибатҳои ҷиддӣ гардад. Вале дар муносибатҳои шахсӣ эҳсосоти худро идора кунед, то аз нофаҳмиҳо пешгирӣ шавад. Ҳоло лаҳзаи муносиб аст, ки дар бораи тағйири ҷои кор фикр кунед. Агар шароити молиявӣ иҷозат диҳад, барои худ чизе харед, ки кайҳо боз мехостед. Агар дарди миён шуморо азият диҳад, инро нодида нагиред, ҳарчи зудтар ба духтур муроҷиат кунед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Гуфтани ҳақиқат на ҳамеша осон аст, аммо имрӯз барои ин лаҳзаи хуб аст. Дар оила ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо хоҳад шуд. Дар муҳити корӣ худро ором нигоҳ доред ва аз роҳбарият талаботи зиёд накунед, то бо корҳои иловагӣ бор нашавед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба таҷрибаи худ такя кунед, на ба бахт. Агар майл ба фарбеҳӣ дошта бошед, имрӯз барои оғози парҳез ва худдорӣ аз ғизоҳои зараровар рӯзи хуб аст.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Агар муносибате шуморо хаста карда бошад, вақти он расидааст, ки барои худ роҳи дигареро интихоб кунед. Имкони зоҳир кардани малакаҳои роҳбарӣ фаро мерасад – кӯшиш кунед, ки онро аз даст надиҳед. Бо одамони нав эҳтиёткор бошед ва фавран ба онҳо бовар накунед. Аз маконҳои серодам канораҷӯӣ кунед, зеро хатари гирифторшавӣ ба беморӣ вуҷуд дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД