Commerce bank may-june 2026
ТОЛЕЪНОМАИ 29-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2026
660

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз эҳсосоти пинҳонии шумо метавонад зуд ба хашм табдил ёбад. Барои пешгирии баҳсҳо муоширати зиёдатиро кам кунед. Дар муносибатҳои ошиқона бештар меҳрубонӣ ва сюрпризҳо нишон диҳед. Дар касбу кор бо одамони ғайриодӣ рӯ ба рӯ мешавед, аммо тадриҷан забон меёбед. Орзуҳои бузург хубанд, вале ҳоло қарорҳои воқеӣ талаб мешаванд. Ба ғизои солим ва истироҳат аҳамият диҳед.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз аз баҳсҳои беҳуда худдорӣ намоед, зеро онҳо метавонанд ба муносибатҳои шахсӣ зарар расонанд. Дар муҳити оилавӣ ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мешавад. Гарчанде дар кор сарборӣ зиёд бошад ҳам, шумо аз уҳдаи ҳама вазифаҳо мебароед. Ба маслиҳатҳои шубҳаноки дигарон такя накунед ва ба ҳисси худ эътимод кунед. Қувваи ҷисмонӣ каме паст мешавад, бинобар ин асабҳоро эҳтиёт намуда, бештар истироҳат кунед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Қадами ҷасурона, аз қабили туҳфаи ғайричашмдошт ё изҳори муҳаббат метавонад ба оғози муносибати зебо сабаб гардад. Аз танқиди наздикон худдорӣ кунед, то нофаҳмиҳо пеш наоянд. Барои омӯзиш, курсҳо ва такмили ихтисос рӯзи хеле мусоид аст. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед. Ҳангоми истифодаи техника низ бодиққат амал намоед, то аз ҷароҳатҳои хурд эмин монед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз суханони меҳрубонона ва таваҷҷуҳ ба дӯстдоштаатон муносибатҳоро гармтар мегардонад. Барои оғози кори нав ё хариди деринтизор рӯзи мувофиқ аст. Ба ҷузъиёти хурд аҳамият диҳед, зеро маҳз онҳо натиҷаро муайян мекунанд. Ба қарорҳои худ бовар кунед ва ба шубҳа роҳ надиҳед. Агар худро каме нотоб ҳис кунед, хавотир нашавед, вазъият ҷиддӣ нест.

Асад (23 июл-23 август)

Дар муносибатҳои шахсӣ мавҷи нави эҳсосот ва илҳом пайдо мешавад. Нофаҳмиҳои оилавӣ тадриҷан аз байн мераванд. Дар кор баъзе мушкилот пеш меоянд, аммо бо таҷриба ва зиракии худ онҳоро ҳал мекунед. Имрӯз эҳтимоли норасоии маблағ вуҷуд дорад, аз ин рӯ хароҷотро бодиққат назорат намоед. Барои пешгирии хастагии равонӣ ба истироҳат ва машғулиятҳои дӯстдошта вақт ҷудо кунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Муносибат бо баъзе наздикон метавонад мураккаб шавад ва сабаби он эҳтимолан рафтори худи шумост. Нимаи рӯз барои дидор бо хешовандон мусоид аст. Масъалаҳои пешрафти касбӣ имрӯз дар маркази диққат қарор мегиранд ва роҳбарият метавонад пешниҳоди ҷолиб диҳад. Бахт дар паҳлуи шумост, бинобар ин бо ҷасорат пеш равед. Дар ғизо ва истеъмоли нӯшокиҳои сарду газнок меъёрро риоя кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Муҷаррадон метавонанд бо шахси муҳим шинос шаванд. Дар масъалаҳои ошиқона сюрпризҳои гуворо интизоранд. Бо ваъдаҳои калон шитоб накунед. Эҳтимоли баҳсҳои молиявӣ бо хешовандон вуҷуд дорад. Корҳои кӯҳна ва нотамом ба ёд меоянд ва вақти зиёд талаб мекунанд. Барои сафар ва гуфтушунидҳои корӣ рӯзи хуб аст. Машқҳои сабук ва нигоҳубини бадан ба шумо манфиат меоранд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз барои нигоҳ доштани оромӣ дар муносибатҳои ошиқона омодаи гузашт кардан бошед. Дар оила ҳамдигарфаҳмӣ қавӣ мешавад ва баҳсҳо кам мегарданд. Агар бо ҳуҷҷатҳо ё шартномаҳо кор кунед, ҳар як ҷузъро бодиққат санҷед. Дар сармоягузорӣ танҳо маблағҳои озодро истифода баред. Ба саломатӣ диққати ҷиддӣ диҳед ва дар сурати зарурат бо мутахассис машварат намоед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Муносибатҳои ошиқона рӯз ба рӯз мустаҳкамтар мешаванд. Барои ба даст овардани муваффақият аз принсипҳои худ даст накашед. Агар хоҳед дар кор пешрафт кунед, аз имрӯз қадамҳои мушаххас гузоред ва ба дархостҳои зиёди дигарон парешон нашавед. Аз сармоягузориҳои хавфнок дурӣ ҷӯед. Субҳ худро каме хаста ҳис мекунед, вале то нисфирӯзӣ нерӯятон барқарор мешавад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар муддати дароз орзуи пайдо кардани ҳамсари муносибро дошта бошед, рӯзҳои умедбахш дар пешанд. Баъзе корҳои рӯзгор метавонад вақти шуморо бигиранд. Агар кор дилгиркунанда намояд, эҳтимол танҳо хаста шудаед. Имрӯз барои таҳлили вазъи молиявӣ ва тартиб додани нақшаҳои нав рӯзи муносиб аст. Барои гуфтушунид оид ба маош ё шартҳои нави корӣ фурсати хуб фаро мерасад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Муҷаррадон бояд ҳангоми шиносоӣ ростқавл бошанд, то муносибатҳо боэътимод оғоз ёбанд. Вақти хубест барои тағйири симо ё нав кардани манзил. Дар касбу кор бахт каме рӯй гардонида метавонад, аз ин рӯ ҳуҷҷатҳоро бодиққат омода созед. Аз харидҳои калон, қарз гирифтан ва муомилаҳои муҳими молиявӣ худдорӣ кунед. Барои саломатӣ ғизои сабук ва тарзи ҳаёти муътадилро интихоб намоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз беҳтараш оромона ва бидуни ҷалби таваҷҷуҳи зиёд амал кунед. Барои таъмиру ободонии хона рӯзи мусоид аст. Аз саргузаштҳои шубҳанок ва қарорҳои эҳсосӣ худдорӣ кунед. Нигаронӣ барои шахси наздик метавонад ба рӯҳия ва саломатии шумо таъсир расонад. Аз ҳад зиёд фикр накунед ва худро азият надиҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД