Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз дар муносибат бо наздикон сабру таҳаммул ва донишу хиради худро нишон диҳед. Муҳимтар аз ҳама, аз танқиди одамони наздикатон худдорӣ кунед. Бо волидонатон тавре рафтор кунед, ки онҳо ғамхории худро ба шумо дареғ надоранд. Кореро, ки нияти анҷом додан надоред, беҳтараш оғоз накунед.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз барои анҷом додани сафари кӯтоҳ рӯзи хубу бобарор аст. Барои кор бо иттилоот ва табодули афкор низ рӯзи мусоид аст. Бо нафарони ҳассос вохӯрданатон дар назар аст. Ба шарики тиҷоратии худ аз ҳад зиёд бовар накунед. Ба онҳое бештар бовар кунед, ки ҳамфикри шумо бошанд.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз ҷавзоҳои муҷаррадро маҳфилҳои нави ошиқонаву романтикӣ интизор аст. Дар муносибат бо наздиконатон мушкилиҳо пеш меоянд. Дағалӣ накунед, балки коре кунед, ки дубора боварии онҳо, аз ҷумла боварии ҳамсаратонро ба даст оред. Даромади иловагӣ дар назар нест, сарфакор бошед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Бештар хӯрокҳои парҳезӣ истеъмол кунед ва ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа диҳед. Барои оштӣ кардан бо нафароне, ки дер боз қаҳрӣ будед, рӯзи мувофиқ аст. Касерову чизеро не, танҳо фикри саломатии худро кунед ва истироҳат намоед. Кӯшиш кунед, ки зиёд хоб накунед.
Асад (23 июл-22 август)
Аз оне ки ба корҳои беҳуда машғул мешавед, вақти худро барои истироҳату фароғат сарф кунед. Чизҳои куҳнаатон, аз ҷумла ҷомадонатонро партоед ва навашро харидорӣ кунед. Агар ба шумо кӯмаки наздикон лозим шуда монад, шарм надошта, аз онҳо ёрӣ хоҳед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз ситораҳо ба шумо тавсия медиҳанд, ки аз ҳар гуна ҷангу ҷанҷол худдорӣ карда, ба ҳар ош қатиқ нашавед. Хусусан, ба баҳсҳое, ки ба шумо умуман дахл надоранд, дахолат накунед. Беҳтараш ба корҳое машғул шавед, ки ба шумо эҳсоси мусбӣ мебахшанд, на манфӣ.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз вазъи саломатиатон нохуб мешавад, ки ба назди духтур рафтану аз доруву дармон истифода бурдан ба шумо фоида намерасонад. Вазъи саломатии шумо танҳо бо воситаи дуо беҳтар мешавад. Дар муносибат бо аҳли оила боэҳтиёт бошед. Дар ҳама соҳа тартиботро риоя карда, аз рӯи нақша амал кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз кӯмакеро, ки ба шумо равона шудааст, рад накунед. Роҳбариятро эҳтиром мекунед ва онҳо низ маҳз фурӯтаниву хоксории шуморо ба инобат гирифта, шуморо ба мансаби баландтар таъйин мекунанд. Имрӯз рӯзи шумо будааст, даромади ногаҳонӣ, вале калони пулӣ низ дар назар аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз кулли ҳодисаву воқеаҳоро таҳти назорати ҷиддӣ бигиред ва дар ҳолати тағйир ёфтани вазъият вокуниш нишон диҳед. Ҳушёр бошед ва нагузоред, ки касе шуморо идора кунад. Забон дар даҳон посбони сар аст, ба он чизе ки аз даҳонатон мебарояд, диққат диҳед, касеро хафа карданатон мумкин аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Зиракиро аз даст надиҳед, баъзан барои ба даст овардани натиҷаи ба дил наздик зиракӣ ба кор меояд. Хондаатонро дар амал татбиқ кунед ва боз ҳам донишҳои навро аз худ кунед. Барои вусъат додани бахши молиявиатон сармоя ҷалб карданатон лозим аст. Бештар хӯрокҳои серғизо истеъмол кунед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз аз суҳбат бо нафаре, ки шуморо нороҳат мекунад, дурӣ ҷӯед. Дӯстдоштаатон ба шумо бори дувум шанс медиҳад. Аз он истифода карда, муносибати қаблии худро барқарор кунед. Эҳтимоли ба кори дигар гузаштанатон вуҷуд дорад. Аз Интернет пул кор карданро омӯзед, зеро ин тақозои замон аст.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз парҳезро як тараф гузореду бештар ширинӣ истеъмол кунед. Ҳангоми ба нақша гирифтани корҳое, ки давоми рӯз бояд анҷом диҳед, корҳоеро дар мадди аввал гузоред, ки зуд натиҷа медиҳанд. Ростқавл бошед ва сирри касеро ба каси дигар нагӯед. Ба сустии худ бояд тоб оваред.