Ҳамал
Дар ин рӯз бояд сари масъалае майна об намоед, ки аз чӣ гуна ҳал шудани он бисёр чизҳо вобастагӣ доранд. Ба саросемагӣ роҳ надода, дар аввал тамоми ҷиҳатҳои мусбиву манфиро санҷида, баъдан амал намоед.
Савр
Бо нафароне, ки аз таъсирашон зиндагиву коратон вобастагӣ дорад, низоъ накунед. Дар ҳама ҳолат худро аз ҷиҳати хуб нишон дода тавонед. Бегоҳирӯзӣ ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем.
Ҷавзо
Тамоми рӯзро бо баҳсу мунозираи бемаънӣ сипарӣ менамоед. Одати исбот намудани ҳар сафсатаро, ки худатон ба ҳақиқат доштанаш чандон бовар надоред, аз худ дур созед, вагарна хандахариши атрофиён мегардед.
Саратон
Дар ин рӯз бе ягон кӯшишу ғайрат тамоми корҳоятон аз рӯйи нақша амалӣ мегардад. Тамоми рӯз тартибот ҷорӣ гашта, ягон ҳодиса наметавонад садди роҳи кору нақшаҳоятон гардад. Дар баробари ин воқеаҳои аҷиб рух медиҳанд.
Асад
Имрӯз сарчашмаи сарфшавии маблағҳоятонро пайдо месозед. Хуб мебуд, ки роҳҳои исрофкориро маҳкам намоеду садди роҳи пулсарфкунӣ шавед, вагарна рӯзҳои наздик аз бепулӣ сахт азият мекашед.
Сунбула
Ба корҳои хатарноку шубҳаомез ҳамроҳ нашавед. Аз роҳу равиши санҷидашуда истифода бурда, дар муддати кӯтоҳ комёб мегардед. Ин қоидаро ҳам дар тиҷорату ҳам рӯзгор ва робита бо одамон риоя намоед.
Мизон
Дар ҳалли масъалаи муҳиме дудила мешавед. Ҳар як қадами худро андешида гузоред. Баъди он ки сари қароре омадед, аз шубҳаву дудилагӣ осоре намемонад ва касе наметавонад шуморо аз роҳ гардонад.
Ақраб
Имрӯз масъалаи муҳимеро ҳал карданатон лозим меояд, ки аз он натиҷаи кори одамони зиёде вобастагӣ дорад. Дар ин рӯз аз корҳои ҷисмонӣ худдорӣ намоед, вагарна ҷароҳат бардоштанатон эҳтимол дорад. Дар давоми рӯз ба ниёзмандон кӯмак расонидан мехоҳед.
Қавс
Имрӯз имкони дар амал татбиқ намудани ақидаву нақшаҳоятон фароҳам меояд. Вақте расидааст, ки барои идҳои соли навӣ омода шавед. Дар ҳама кор ба садои қалби худ гӯш андозед. Барои муайян намудани ҳақиқат бо баъзеҳо даст ба гиребон мешавед.
Ҷаддӣ
Дар ин рӯз саломатиятон хубу табъатон болида мегардад. Дилатон майли бо дӯстону наздикон дилхушӣ кардан мехоҳад. Бо вуҷуди хушҳол буданатон ҳам эҳсосоти худ ва ҳам аз дигаронро идора карда метавонед.
Далв
Имрӯз бо нерӯи дучанд ба кор мечаспед. Қобилияти кориятон баланд гашта, нақшаҳоро амалӣ месозед. Ин рӯзро барои расидан ба муваффақият истифода бубаред, вале дар хотир доред, ки барои кори бештар имконият доред.
Ҳут
Дар ин рӯз баҳсҳои молиявӣ имкон доранд. Агар мушкилиҳои пулиятон аллакай чанд муддат давом дошта бошанд, аз он нагурезед, беҳтараш асаби худро эҳтиёт намоед. Дар акси ҳол муноқиша рух дода, хеле тӯл мекашад.