Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи душвор аст. Нисбати наздикони худ фишор наоред. Эҳтимол саломатиятон нохуб мегардад. Аз ҳамаи он чизе, ки ба саломатиятон зарар мерасонад, худдорӣ намоед. Аз нӯшокиҳои газнок, роҳгардии босуръат ва кор бо асбобҳои тезу буранда эҳтиёт шавед. Дилсофии аз ҳад зиёд боиси аз даст додани маблағи пулӣ мегардад.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз ба ҳар коре, ки машғул мешавед, хеле боэҳтиёт ва бодиққат бошед, ҳодисаҳо табъи дили шумо сурат намегиранд. Беҳтараш кори наверо ба нақша нагиред ва кореро, ки диққати зиёдро талаб мекунад, ба таъхир гузоред. Эҳтимоли аз даст додани маблағ ва нофаҳмӣ бо дӯстонатон вуҷуд дорад. Мушкилеро рафъ карданатон лозим меояд, ки тамоман аз он огаҳӣ надоштед.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Дар ин рӯз пулро сарфа карданатон лозим меояд. Танҳо дар ҳамин сурат метавонед мушкили дар хонаводаатон сарзадаро рафъ намоед. Вазъияти номусоид ва бадхоҳии душманон табъатонро хира мегардонад. Аз асабоният ва садо баланд кардан худдорӣ намоед. Вагарна ин амалатон на танҳо ба обрӯ, балки ба пешравиятон халал расонида, маблағи зиёдеро аз даст медиҳед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ҷойи кор душманон дар сари роҳатон чоҳ канданӣ мешаванд, аз ин рӯ, бодиққат бошед. Нофаҳмиҳои ночиз дар ҷодаи муҳаббат боиси ранҷишатон намегардад, вале даъвои хешовандон ба дилатон сахт мерасад. Ба хӯроки мехӯрдаи худ бодиққат бошед, эҳтимоли нотоб шуданатон вуҷуд дорад.
Асад ( 23 июл- 23 август)
Дар ин рӯз ташвишу изтироби зиёд ба саратон меояд. Нисбати наздикони худ фишору дағалиро раво набинед, вагарна нафареро сахт меранҷонед. Дар сурати бо шахси дӯстдошта созиш карда натавонистанатон руҳафтода нашавед. Бегоҳирӯзӣ аз тамоми корҳое, ки ба саломатиятон зарар мерасонад, худдорӣ намоед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Сунбулаҳои муҷаррад бахти худро дар ин рӯз пайдо карда метавонанд. Дар ин масъала ба маслиҳати нафаре гӯш надиҳед, вагарна пушаймон мегардед. Ягона чизе, ки шуморо мушавваш мегардонад, ин мушкилиҳои молиявӣ аст, зеро дар ин рӯз хариди калон карданатон лозим меояд.
Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Шумо бояд ба тағйиротҳое, ки дар ҳаёти шахсиятон рух медиҳанд, омода бошед. Шахси дӯстдоштаатон пешниҳоди хонадоршавӣ мекунад. Баъди нисфирӯзӣ нисбати наздиконе, ки вақтҳои охир робитаи зич пайдо мекунед, бодиққат бошед. Робита бо эшон табъатонро хира мегардонад.
Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз қоидаҳои одоби муоширатро риоя кунеду ба иззати нафси нафаре нарасед. Шахси дӯстдоштаатон мехоҳад дар коре шуморо гунаҳкор намояд, вале муваффақ намегардад. Бо шарофати дӯсти пулдор вазъи молиявиатон муътадил мегардад. Хоби дидаатон амалӣ мешавад.
Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Рӯзи хубест барои сафару саёҳат. Вазъи молиявиатон каме рӯ ба беҳбудӣ оварда, маблағи хуб ба даст меоред. Ба хонаатон меҳмононе меоянд, ки дербоз дар интизорашон будед. Хобҳои дидаатон аз пешомаде ҳушдор мекунанд. Дар хоб дидани ҳайвонот аз он дарак медиҳад, ки бо нафари фиребгар рӯ ба рӯ мешавед.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Дар ҷое, ки табассуми малеҳ кардану мулоим буданатон лозим бошад, аз ҳад зиёд ҷиддӣ буданро маслиҳат намедиҳем. Вазъиятро дар ҷодаи муҳаббат ба таври фоҷиавӣ қабул накунед, ҳатто агар дӯстдоштаатон ба шумо ҷавоби рад диҳад, руҳафтода нагардед.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз аз норасоии маблағ азият мекашед. Кӯшиши яку якбора рафъ намудани тамоми мушкилии худро накунед, вагарна вазъиятро душвортар месозед. Бонувон ҳангоми робита бо шахси дӯстдошта ба гуфтори худ бояд бодиққат бошанд. Баъди нисфирӯзӣ дар оилаатон муноқиша имкон дорад.
Ҳут (21 феврал- 20 март)
Рӯзи душвор аст. Эҳтимоли аз даст додани маблағ, фишор аз ҷониби нафарони ношинос имкон дорад. Аз субҳи содиқ нофаҳмиву хурдагирӣ дар назар аст. Вазъият баъди нисфирӯзӣ беҳтар мегардад. Ба хӯроки мехӯрдаи худ бодиққат бошед, эҳтимоли дарунрав шуданатон вуҷуд дорад.