Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз орому муътадил мегузарад. Дар муносибатҳои ошиқона аз ҳад зиёд пофишорӣ накунед, зеро ин метавонад натиҷаи баръакс диҳад. Вақти муносиб барои анҷоми корҳои хона ва тартиб додани масъалаҳои ҷамъшуда аст. Дар кор муваффақият аз кӯшишу масъулиятшиносии шумо вобаста мешавад. Як шуғли дӯстдоштаатон метавонад дар ояндаи наздик ба манбаи даромад табдил ёбад. Ба саломатии дил ва истироҳат аҳамият диҳед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз бо сабру матонат ва ҳиссиёти дуруст ҳар гуна монеаро паси сар мекунед. Барои мулоқотҳои ошиқона ва мустаҳкам кардани муносибатҳо рӯзи мусоид аст. Шояд хоҳиши нав кардани муҳити хона пайдо шавад. Пешниҳоди кориро рад накунед, зеро метавонад фоидаи хуб оварад. Аммо дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва аз харидҳои хавфнок дурӣ ҷӯед. Барои рафъи хастагӣ вақти бештар ба истироҳат ҷудо кунед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Ҷозиба ва дилрабоии шумо имрӯз бештар мешавад ва барои мулоқотҳои ошиқона рӯзи хеле мувофиқ аст. Хотираҳои хуш ба шумо нерӯ мебахшанд. Дар кор беҳтараш аз роҳбарият каме дур бошед, то вазифаҳои иловагӣ ба зиммаатон нагузоранд. Аз харидҳои калон ва қарз гирифтан худдорӣ намоед. Саломатӣ хуб буда, барои анҷоми корҳои нопурра қувваи кофӣ хоҳед дошт.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ҳаёти шумо як воқеаи хушу деринтизор рух дода метавонад. Барои обод кардани хона ва тағйири муҳити зист рӯзи муносиб аст. Агар касе бо андешаҳои шумо розӣ набошад, оромона мавқеи худро ҳимоя кунед. Вазъи молиявӣ тадриҷан беҳтар мешавад ва рӯзҳои хуб дар пешанд. Аз сауна ва ҳаммоми бӯғӣ муваққатан худдорӣ кунед, то саломатӣ осеб набинад.
Асад (23 июл-23 август)
Хотираи муҳаббати ноком метавонад шуморо каме ғамгин кунад, аммо фаромӯш накунед, ки бахти нав ҳанӯз дар пеш аст. Дар хона чанд рӯзи оромӣ ҳукмфармо мешавад, вале баъдтар эҳтимоли баҳс вуҷуд дорад. Ҳоло вақти муносиб барои ба даст гирифтани ташаббус нест. Дар корҳои муҳим бештар ба қувваи худ такя кунед ва харидҳои калонро ба вақти дигар гузоред. Аз хастагии зиёд худдорӣ намоед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Тағйироти муҳим дар ҳаёти шахсӣ имкон дорад, вале пеш аз қабули қарор ҳама чизро бодиққат баррасӣ кунед. Аз ҷониби оила ва роҳбарият дастгирӣ хоҳед ёфт. Даромади иловагӣ метавонад мушкилоти молиявиро ҳал кунад, бинобар ин, аз кори иловагӣ рӯ нагардонед. Барои соҳибкорон имкони пайдо кардани сармоягузор вуҷуд дорад. Ба ғизои худ диққат дода, аз хӯрокҳои серкалория худдорӣ намоед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Барои нигоҳ доштани гармии муносибатҳо ба зиндагии шахсӣ рангу таровати нав бахшед. Имрӯз беҳтараш ба масъалаҳои молиявӣ диққати ҷиддӣ диҳед, зеро хароҷоти иловагӣ дар пешанд. Корҳои зиёди маъмулӣ метавонанд шуморо каме нигарон созанд. Ҳангоми гуфтушунидҳо эҳтиёткор бошед ва ба ҳисси ботинии худ эътимод кунед. Фикрҳои мусбат ба шумо рӯҳияи хуб мебахшанд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар муносибатҳои ошиқона аз гапи мардум натарсед, муҳаббат зиндагиятонро ширин месозад. Барои корҳои хона ва тартиб додани муҳити зиндагӣ рӯзи хуб аст. Дар кор имкони пешрафт пайдо мешавад, агар худро хуб нишон диҳед. Даромади ғайричашмдошт низ эҳтимол дорад. Аз машғулиятҳои хатарнок ва варзишҳои шадид муваққатан дурӣ ҷӯед, зеро хатари ҷароҳат бардоштан вуҷуд дорад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Муносибатҳои нави ошиқона бо ҳамдигарфаҳмӣ оғоз меёбанд. Барои нигоҳ доштани оромии хонаводагӣ аз баҳсҳои беҳуда худдорӣ намоед. Ба ҷузъиёти хурд диққат диҳед, зеро онҳо метавонанд маълумоти муҳим диҳанд. Дар масъалаҳои молиявӣ сарфакор бошед ва хароҷотро назорат кунед. Саломатӣ хуб аст, вале истеъмоли сабзавот ва афшураҳоро бештар намуда, аз нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Ба дӯстдоштаатон озодии бештар диҳед ва ба эҳсосоти ӯ бо фаҳмиш муносибат кунед. Корҳои ҷамъшуда зиёд мешаванд, бинобар ин аввал вазифаҳои муҳимро анҷом диҳед. Қувваи кории шумо имрӯз баланд аст, аммо нагузоред дигарон аз меҳнатдӯстии шумо сӯйистифода кунанд. Дар фаъолияти тиҷоратӣ ва молиявӣ муваффақият интизор аст. Бемориҳои эҳтимолӣ ҷиддӣ нахоҳанд буд.
Далв (21 январ-20 феврал)
Ба овозаҳо дар бораи шахси дӯстдошта бовар накунед, вале барои равшан шудани ҳақиқат суҳбати ошкоро муфид хоҳад буд. Яке аз наздикон ба дастгирии шумо ниёз дорад. Ҳангоми имзои ҳуҷҷатҳои молиявӣ хеле бодиққат бошед. Имрӯз аксари масъалаҳои шумо бо пул вобаста хоҳанд буд, аз ин рӯ қарорҳои шитобкорона қабул накунед. Барои нигоҳ доштани рӯҳияи хуб бештар ба ҷиҳатҳои мусбати зиндагӣ диққат диҳед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Орзуҳое, ки аз сидқи дил мехоҳед, тадриҷан амалӣ мешаванд, бинобар ин дар интихоби ҳадафҳо оқилона бошед. Рӯз ором мегузарад, аммо ба оила ва наздикон вақти бештар ҷудо кунед. Корҳои муҳимро ба таъхир нагузоред, вагарна онҳо ҷамъ мешаванд. Беҳбудии ночизи молиявӣ эҳтимол дорад. Муваффақият аз ҳамкорӣ бо дигарон вобаста мешавад. Ҳангоми ҳаракат ва сафар эҳтиёт кунед, зеро хатари ҷароҳат ё нофаҳмиҳо вуҷуд дорад.