Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 27-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2023
2229

Ҳамал

Эҳтимол дар ин рӯз ягон коратон барор намегирад. Нисбати нафаре, ки дӯсташ медоред, дағаливу муносибати бадро раво набинед, ба дилатон шубҳаву гумони бадро роҳ надиҳед. Аз мушкилиҳо худро дур гирифта, аз рух додани ҳодисаҳои хуш шодӣ кунед. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед.

Савр

Дар ин рӯз одобу рафтори ҳамидаро риоя намоед, хусусан ҳангоми вохӯрӣ бо дӯсти дерин рафтори шоиста намоед. Дар назди нафаре, ки дар зиндагӣ чизеро ноил нагаштааст, аз комёбиҳои худ таъриф накунед. Рӯзи хубест барои истироҳат дар оғӯши табиат. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли ҷароҳат бардоштани нафароне ки бо варзиш машғуланд, вуҷуд дорад.

Ҷавзо

Дар ин рӯз яку якбора нақшаву ниятҳои худро тағйир надиҳеду ташаббусро низ ба душ нагиред. Бо вуҷуди дилфиреб будани пешниҳодҳо эҳсосоти худро нигоҳ дошта, сари қарори муҳим наоед. Ҷавзоҳои муҷарраде, ки дӯстдошта доранд, дар роҳи муҳаббат дучори рақиб мегарданд.

Саратон

Дар ин рӯз барои расидан ба мақсад кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд. Қабл аз ҳама бо худ ошкоро бошед, аз мушкилоти ҷиддӣ роҳи гурез наҷӯед. Вақти бештари худро барои наздикон бубахшед. Онҳо ба кӯмаку дастгирии шумо ниёз доранд. Пешниҳоди нави корӣ гирифтанатон имкон дорад.

Асад

Дар тамоми масъалаҳо ташаббусро аз даст надиҳед. Бештар бо нафароне вақт гузаронед, ки рӯзатон аҷибу хотирмон гузарад. Дар ин рӯз ҳам пул ба даст меореду ҳам ошиқ мешавед. Эҳтимоли бо баъзе аз дӯстон муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Агар ин нафар аз бовариятон баромада бошад, риштаи дӯстиро қатъ карданатон беҳтар аст.

Сунбула

Дар ин рӯз корҳоеро ба дӯш гирифта метавонед, ки дар мадди аввал душворҳал менамоянд. Аз шахси дӯстдоштаи худ дилмонда мегардеду қаҳру ғазаби роҳбариятро низ оварданатон имкон дорад. Дар оянда нисбати кор ҷиддитар бошед, масъалаҳои шахсиро бо телефон ҳалу фасл накунед.

Мизон

Дар ҳаёти шахсӣ озодонаву ҷасурона амал намоед. Бисёр чизҳоро ба осонӣ ба даст оварда метавонед. Эҳтимоли беҳтар сохтани вазъи молиявиатон вуҷуд дорад. Барои нафароне, ки нияти изҳори муҳаббат карданро доранд, рӯзи мусоид аст. Яке аз наздикон сабабгори тағйир додани нақшаҳоятон мегардад.

Ақраб

Нафароне, ки барои расидан ба мақсад фаъолнокӣ нишон медиҳанд, муваффақ мегарданд. Даҳони худро аз гуфтори дағал нигоҳ дореду аз рафтори беандеша худдорӣ намоед. Нафарони эҷодкор бояд ба истеъдоди худ такя намоянд, на ба маслиҳати ҳампешагони худ.

Қавс

Нисбати наздикони худ босабру таҳаммул бошед. Дар рӯзгоратон мушкилоте сар мезанад, ки аз моҳи гузашта боқӣ мондаанд. Агар то бегоҳирӯзӣ ин камбудиҳоро рафъ насозед, аз муноқиша халосӣ намеёбед. Ба танбаливу хоболудӣ дода нашавед, он гоҳ мувафақ мегардед.

Ҷаддӣ

Нимаи аввали рўз хабарњои ногањонї ва њодисањои ѓайриоддї имкон доранд. Вазъи саломатиятон нохуб гашта, њолати руњиятон бад мегардад. Асабхаробї, руњафтодагї ва њатто њасад хўрдан боиси бемор шуданатон мегардад. Бо сабаби баланд будани масунияти бадан беморињои вирусї ва сироятї ба шумо таъсир намерасонанд.

Далв

Дар ин рӯз оромиро нигоҳ дошта, ба муноқиша дода нашавед. Дар масъалаҳои ошиқона нофаҳмӣ имкон дорад. Агар аз ёри худ ҷудо шудан нахоҳед, ба ҷанҷол роҳ надиҳед. Нерӯи худро ба кори фоиданок сарф намоед. Вазъи молиявиатон мувақатан хуб мегардад.

Ҳут

Агар дар ин рӯз мушкилатонро ҳал карда натавонед, руҳафтода нагардед. Мутаасифона на ҳама чиз аз шумо вобастагӣ дорад, баъзан вазъият тағйир ёфта метавонад. Ба кумаки бегонаҳо умед набандед, ба ғайр аз ваъдаҳои хушку холӣ чизи дигар намебинед. Аз наздикон низ маслиҳат пурсиданро тавсия намедиҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД