Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз саросемавор ҳеҷ қарореро қабул накунед, зеро онҳо аз шумо ҷиддият ва андешаи тӯлониро тақозо мекунанд. Хотири азизони худро бо туҳфае шод намоед. Масалан, барои рафтан ба консерт ё кино чипта харед. Бо роҳбарият муносибатҳоятон дучанд хуб шуда, боварии ҳамкоронро ба даст меоред.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз бо вуҷуди он ки даромади хуб дореду вазъи молиявиатон мӯътадил аст, ба харҷи беҳуда роҳ надиҳед. Агар ҳис мекунед, ки вақти пӯшидани дар ба рӯйи нафаре фаро расидааст, пас ба ҳисси худ боварӣ дошта бошед. Ба масъалаҳои мубрами рӯз бештар диққат диҳед. Шом хабари хуш мешунавед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки масъалаҳои кориатонро мустақилона ҳал кунед. Кӯшиш намоед, ки дар соҳаи худ пешрафта бошед, вагарна рақибонатон аз шумо пеш гузашта, ба рақобат тоб намеоред. Ба касе иҷозат надиҳед, ки шаъну шараф ва эътибори шуморо дар назди дигарон паст занад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯз барои оғози ҳамагуна тиҷорат муфид аст. Барои машғул шудан ба варзиш ва ором кардани асабҳо низ айёми хуб аст. Агар бекор мондед, ҳатман вақти худро ба хондани баъзе китобҳои лозима сарф кунед. Ситораҳо ба шумо муваффақияти комилро ваъда медиҳанд, ба шарте ки аз сидқи дил кор кунед.
Асад (23 июл-22 август)
Асадҳои муҷаррад дар ин рӯз бо эҳтимоли зиёд барои худро ҷуфти муносиб ёфта метавонанд. Ба занҳо тавсия медиҳем, ки ороишоти косметикии навро дар рӯйи худ насанҷанд. Ҳангоми харид дар бозору мағоза ба санаи истеҳсол ва муҳлати истеъмоли молу маҳсулоти харидаатон аҳамият диҳед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Барои сунбулаҳо рӯзи бобарор аст. Озодона кор карда метавонед ва касе ба шумо фишор намеорад. Ҳамкоронатон эҳсос мекунанд, ки шумо дар ҳақиқат шахси масъулиятшиносу кордон ҳастед. Шом ҳама аҳли оиларо гирди худ ҷамъ оред ва суҳбати умумӣ ороед. Ин сарҷамъӣ барои ҳама хуб хоҳад буд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз ба масъалаҳои марбут ба шартномаҳо ва гуфтушунидҳои корӣ диққати бештар диҳед. Агар дар дилатон шубҳае ҷой дошта бошад, бо нафарони боваринок ё мутахассисони соҳа машварат намоед. Ба реҷаи ғизохӯриатон диққат диҳед, бештар об нӯшед ва меваву сабзавоти мавсимӣ истеъмол намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз бо шарофати дӯстону наздикон чанд мушкилии худро ҳал карда метавонед. Андешаатонро натарсида изҳор кардан гиред, ҳатто дигарон бо фикри шумо мувофиқ набошанд ҳам. Аз оне ки бо баъзе дӯстони қалбакӣ муносибататон хотима меёбад, рӯҳафтода нашавед. Сар бошад, тоқӣ бисёр аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Барои қавсҳо дар умум рӯзи душвор нест. Ҳар мушкилӣ ба осонӣ ҳалли худро меёбад. Баъзеҳо кӯшиш мекунанд, ки шом аз ҷои кор дертар бароянд, яъне онҳо зиёдтар кор кардан мехоҳанд. Аммо ситораҳо мегӯянд, ки худро зиёд хаста ва рӯҳафтода накарда, барои истироҳат низ вақт ҷудо кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз новобаста аз он ки чӣ қадар тӯл мекашад, корҳои оғозкардаатонро то охири рӯз ҳатман ба анҷом расонед. Дӯсти наздики худро, ки дербоз надидаед, ба вохӯрӣ даъват намуда, сари як пиёла чой суҳбат ороед. Ба саломатиатон диққат диҳед, дардҳои куҳна дубора хуруҷ хоҳанд кард.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз роҳҳои дигари даромадро ҷустуҷӯ намоед. Агар ҳис кардед, ки корҳоятон аз нақша берун амалӣ шуда истодаанд, ҳатман чораҷӯӣ кунед, зеро “илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ” гуфтаанд. Шом ба кӯча баромаданро тавсия намедиҳем. Дар хона монда, ба корҳои муҳими худ машғул шавед ва дар иҳотаи наздикон бошед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯз барои омӯзиш мувофиқ аст. Донишҳои навро аз худ намуда, бо ин восита ҷаҳонбинии худро васеъ намоед. Кӯшиш кунед, ки худро асабӣ накунед, вагарна ин ба саломатии шумо зарари ҷиддӣ расонида метавонад. Пеш аз оғози корҳои муҳим бо наздиконатон маслиҳат кунед. Даромади иловагӣ дар назар нест.