arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 26-ЮМИ АВГУСТИ СОЛИ 2023
1886

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯзи хубест барои тағйир додани реҷаи кору зиндагӣ. Агар тартиботи навро ҳамарӯза риоя намоед, ба навигариҳо ба зудӣ одат мекунед. Кайҳо боз аз сигоркашӣ даст кашиданӣ бошед, аз ҳамин рӯз сар карда, худро аз ин одати бад нигоҳ доред. Нисбати шахси дӯстдоштаатон дағалӣ накунед. Агар оиладор бошед, нуқтаи назари ҳамсаратонро ҳатман ба инобат гиред.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Айёми хубест барои амалӣ сохтани тамоми нақшаву ниятҳо. Вақти холии худро беҳтараш бо шахси дӯстдошта дар театр, кино ё консерт гузаронед. Агар оиладору соҳиби фарзанд бошед, вақти асосии худро ба тарбияи фарзандон бубахшед. Айни замон кӯшишу талошҳоятон дар ин ҷода бесамар нахоҳанд буд

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯз барои рӯбучини пурраи хона, таъмири косметикӣ ва наву иваз кардани ҷиҳози хона мусоид аст. Нимаи дуввуми рӯз баъзе маълумотҳоро аз таърихи авлодатон, ки қаблан аз шумо пинҳон медоштанд, мешунавед. Бештар бо аҳли оилаи худ бошед, барои беҳтар сохтани хонаву дар ҳатман маслиҳати эшонро ба назар гиред.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Аз вазъиятҳои душвортарину пурпечутоб баромада тавонистанатонро дида, дӯстон дар ҳалли мушкилашон аз шумо дастгириву мадад мепурсанд. Дар рафъи муноқишаву нофаҳмиҳо нақши миёнаравро мебозед. Нафарони зиёде бо камоли майл бо шумо дар робита шуда, маълумоти даркориро пешниҳод менамоянд.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз вазъи молиявиатонро нисбатан беҳтар месозед. Маҳз бо шарофати кордонӣ аксари мушкилатон рафъ мегардад. Барои рафъ намудани мушкилиҳои муҳими молиявӣ рӯзи бобарор аст. Хариди чизҳои даркорӣ низ бобарор анҷом меёбанд. Нимаи дувуми рӯз аз шиносоиҳои тасодуфӣ худдорӣ намоед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Имрӯз табъатон хеле болида мегардад. Нимаи дуввуми рӯз барои вохӯрии ошиқона беҳтарин аст. Тахаюлоти бойи худро истифода бурда, барои нафароне, ки дӯст медоред, лаҳзаҳои хотирмон фароҳам оваред. Сафар ба роҳи дур хотирмон анҷом меёбад. Аз хариди калон худдорӣ намоед, дар сарф кардани пул саросема нашавед. Беморие, ки охири рӯз пайдо мешавад, танҳо бо кӯмаку машварати табибон рафъ мегардад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Ин рӯзро ба фоида худ гузаронед, мушкилиҳои равониро рафъ созед. Нимаи дувуми рӯз сири оилавӣ ё баъзе ҳодисаҳои зиндагонии хешовандонатон фош мегардад. Қобилиятҳои пешгӯӣ карда тавонистанатон зиёд гашта, хобҳои дидаатон амалӣ мешаванд. Нисбати кирдори дӯстдоштаатон ботаҳаммул бошед, баъди чанд рӯз хатояшро фаҳмида ислоҳ мешавад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Ақрабҳо дар ин рӯз корҳои шахсияшонро фаромӯш карда, ба корҳои дӯстону шиносон ва шарикони корӣ ҷалб мегарданд. Барои атрофиён шахси даркорӣ мешавед, аз ҳарвақта бештар аз шумо кӯмаку маслиҳат мепурсанд. Бо осонӣ ба дигарон кӯмак мерасонед. Хоксориро аз даст надода, аз дили соф амал намоед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Вақте расидааст, ки тамоми қувваи худро барои ба мақсад расидан равона созед. Мақсадноку босубот амал намоед ва муваффақият ҳатман ҳамсафари шумо мегардад. Бароятон вазифаи беҳтареро пешкаш менамоянд. Инчунин бо нафари воломақоме шинос мешавед, ки дар рафъи баъзе мушкилиҳо кӯмак мерасонанд. Хариди калонро ба рӯзи дигар гузоред. Якҷоя бо шахси дӯстдоштаатон ба ҷашну маъракаҳо рафтанро маслиҳат намедиҳем.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз обрӯву нуфузи худро дар назди атрофиён баланд бардошта метавонед. Вазъият тавре сурат мегирад, ки ба пурсишҳои атрофиён посух гуфтанатон лозим меояд. Бо нафароне шинос мешавед, ки дар зиндагиятон нақши худро мегузоранд. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ шомгоҳон хӯроки равғанин истеъмол накунед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Агар то ба имрӯз сабабҳои рафтори баъзеҳоро фаҳмида наметавонистед, имрӯз парда аз рӯйи асрор боз мекунед. Аз имрӯз сар када, барои рафъ намудани ҳар он чизе, ки садди роҳи пешравиятон мегардад, кӯшиш намоед. Масалан, субҳгоҳон машқи бадан карда, ба тозагии бадан диққати бештар ҷудо кунед. Дар хонаатон вайрон шудани асбобҳои техникӣ ё мошин имкон дорад. 

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Ба ақидаи дигарон гӯш карда тавонистанро омӯзед, ташаббусҳояшонро дастгирӣ намоед. Ба корҳои дигарон бинӣ нахалонед, он гоҳ корҳоятон хуб ҷорӣ мегарданд. Имрӯз бо шахсони гуногун дар робита мешавед. Ин муошират хеле аҷибу хотирмон мегардад. Нимаи дувуми рӯз аз амалҳои хатарнок худдорӣ намоед, ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ ҳушёриро пеша намоед, хатари ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД