Ҳамал
Ин рӯз истироҳатро ҳатто дар хоби шабатон ҳам намебинед, чунки корҳои нобасомонатон каме душвориҳоро пеш меорад. Нимаи дуюми рӯз роҳбаратон фикрҳоятонро идеалӣ ҳисобида, баҳри амалӣ кардани нақшаҳоятон кӯмаки худро пешниҳод мекунад. Агар аз ӯҳдаи кор бароед, даромади калони пулӣ ба даст меоред ва соҳиби обрӯ мегардед.
Савр
Дар ин рӯз аз омад кардани корҳоятон биниатон осмонро харошида, баҳудаю беҳуда пулҳоятонро ба чор тараф пош надиҳед, то чанде пас азоби бепулӣ ба саратон наояд. Саломатиатон шуморо ба изтироб меорад. Кӯшиш кунед, ки дар муддати кӯтоҳ саломатиро барқарор намоед, зеро ба шариконатон маслиҳату кӯмаки шумо зарур мешавад.
Ҷавзо
Вазъи иқтисодии ҷавзоҳо якбора хуб мешавад. Даромади калони пулӣ табъатонро хушу руҳатонро болида хоҳад гардонд. Қарзи додаатонро бармегардонанд ё мукофотпулӣ мегиред. Умуман, ин рӯз ситораҳо пуштибону дӯсти беҳтарини зодагони бурҷи ҷавзо хоҳанд гашт. Кӯшиш кунед, ки фурсати муносибро ғанимат дониста, имкониятҳоро барои амалӣ намудани орзуҳоятон пурра истифода баред.
Саратон
Дар ин рӯз масъалаи муҳиме, ки кайҳо баҳри ҳаллаш майна об мекардеду роҳу восита меҷустед, худ аз худ ҳал мешавад. Даромади пулӣ табъатонро болидаю дилатонро шод хоҳад намуд. Аммо бо хариду фурӯши хона, мошин ва дигар чизҳои гаронбаҳо машғул шуданро ситораҳо ин рӯз ба зодагони бурҷи саратон маслиҳат надодаанд. Ҳунари худро дар ҷои кор нишон бояд дод.
Асад
Дар коргоҳатон мушкилиҳои вобаста ба ахбороте, ки шумо медонед, сар мезанад. Даҳони пӯшида 100 танга гуфтаанд. Тамоми сирру асрори медонистаатонро пинҳон дореду худро зери хатар нагузоред. Бо мадади дӯстон ва ё оғози лоиҳаи нав даромади хуби пулӣ ба даст оварда метавонед.
Сунбула
Ба зиндагии хушбахтонаи шумо хатаре таҳдид намекунад, ба шарте, ки бо амалу рафтори беандешаи худ коратонро худатон дӯлоб накунед. Сумбулаҳои муҷаррад дар фикри ҷуфт кардани сарашон меафтанд, вале дар интихоб саргаранг мешаванд. Бисёр андеша накунед. Худро нафиребед, ба садои дилатон гӯш диҳед, дил гувоҳи ҳақ аст.
Мизон
Пул ин рӯз аз сарчашмаҳои гуногун ба дастатон мерасад ва кисаҳоятон якбора варам карда, вазъи иқтисодиатон устувор мегардад.
Мизонҳо бо қувваю фикрҳои нав ба пеш ҳаракат мекунанд. Агар серҳаракаттар бошед, тамоми нақшаҳоятонро амалӣ хоҳед кард. Табъи хуш боиси ривоҷ гирифтани коратон дар тамоми самтҳои зиндагӣ хоҳад гашт. Аммо ҳангоми имзо намудани шартномаҳои дутарафа андаке эҳтиёткор буданро ситораҳо ба зодагони ин бурҷ маслиҳат додаанд.
Ақраб
Ин рӯз дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти шахсиатон дар назар аст. Шояд ҷои зистро иваз намоед. Аз нигоҳи муносибатҳои ошиқона рӯз чандон бобарор нест. Аниқтараш, онҳое ба шумо таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд, ки писандатон нестанд. Аз ошиқони шилқин дурӣ ҷӯед, то рашки азизатонро наоред.
Қавс
Рӯз бо серташвишиаш сару калобаатонро гиҷ мекунад. Озурда набошед, зеро кӯшишу меҳнататон рӯзҳои наздик самар меоварад. Бобарор анҷом додани як амалиёт дар коргоҳатон ҳам обрӯи шуморо дар коллектив меафзояду ҳам даромади хуби пулӣ ба даст меоред. Қавсҳои танҳо ба гирдоби андеша меафтанд. Гумон мекунед, ки дӯстдоштаатон шуморо дӯст намедорад ва аз пешниҳоди издивоҷ метарсед.
Ҷаддӣ
Дар коргоҳатон рӯйдодҳои хуб ва манфиатовар дар назар аст. Кӯшиш кунед, ки ҳунари худро нишон диҳеду мансаби баландеро соҳиб шавед. Баланд шудани маош айни ҳол дар назар нест, вале ҳамин, ки роҳбариятро бо кордониатон қоил намудед, дури мақсуд ба каф меояд. Вазъи иқтисодиатон охири рӯз хуб мешавад-қарздорон пулатонро бармегардонанд.
Далв
Партави асрорангезӣ ва муаммоҳои сарбаста шуморо дар назари дигарон аҷиб ҷилва медиҳад. Атрофиён роҳҳои гуногуни бо шумо дӯст шуданро меҷӯянд, то аз сирру асроратон огоҳ шаванд. Ба касе рози дил накарда, хомӯшона аз паи амалӣ намудани нақшаю лоиҳаҳои худ гардед. Ин рӯз барои ҳалли масъалаҳои тиҷоратӣ ва пул кор кардан айёми хуб аст, аз фурсати мувофиқу хандаи бахту тақдир боақлона истифода баред.
Ҳут
Дар ин рӯз ба даст омадани пул аз эҳтимол дур нест. Кори зодагони бурҷи ҳут дар тиҷорат низ барор хоҳад гирифт. Аммо дар робита бо шарикони корӣ эҳтиёткор бояд буд. Агар дили онҳоро ба даст биёред, соҳиби хонаю мошин хоҳед шуд. Бахтатонро аз даст надиҳед.