Ҳамал
Рӯзи бобарор аст. Бо вуҷуди аз кори кардаи худ қаноатманд нашудан ягон мушкилӣ пеш намеояд. Уҳдадориҳои зиёдро ба дӯши худ нагиред ва бо кори зиёд миёнатонро нашиканед. Айни замон ба саломатии худ бодиққат бошед.
Савр
Вақте расидааст, ки нақшаву идеяҳои худро амалӣ гардонед. Дар амалӣ намудани нақшаҳо ба фориғболӣ роҳ надиҳед ва нисбати атрофиён боилтифот бошед. Аз танқид ва гуфтори қабеҳ нисбати нафаре худдорӣ намоед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.
Ҷавзо
Имкони бо нафароне, ки бароятон писанд ҳастанд, муошират намуданро аз даст надиҳед. Саргузаштҳои нави ошиқона имкон дорад, хусусан барои нафарони муҷаррад. Фаромӯш насозед, ки истироҳат ва дилхушӣ хуб аст, вале ҳама чиз меъёр дорад.
Саратон
Дар ин рӯз нисбати худ сахтгиру серталаб набошед. Агар хастагиро эҳсос намоед, мушкилиҳои ҳалталабро ба дӯш нагиред. Рӯзи хубест барои нафароне, ки ба вазъиятҳои гуногун мутобиқ шуда метавонанд. Бо наздикони худ бештар муошират намоед.Сунбула
Имрӯз ҳангоми ба анҷом расонидани корҳо дучори монеаҳо мегардед. Оромиву нишоти оилавӣ дилатонро ба зиндагӣ гарм месозаду қуввати дил мегардад. Худро аз хушиҳои зиндагӣ маҳрум насозед. Дар ин рӯз харидҳоятон бобарор мешаванд. Нисбати дарди гурда фориғболӣ накунед.
Сунбула
Дар ин рӯз воқеаи ногуворе рух намедиҳад. Табъи хушу руҳи болида тамоми рӯз шуморо ҳамсафар мегардад. Барои ояндаи худ нақша кашида метавонед. Бо корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул нашавед. Нафароне, ки вазни зиёдатӣ доранд, баъди нисфирӯзӣ хӯроки хамирӣ хӯрданро маслиҳат намедиҳем.
Мизон
Корҳои ҷисмонӣ ва табъи болида ба саломатиятон фоида мерасонад. Дар ҷои кор то дергоҳ нишастанро маслиҳат намедиҳем, зеро дар хона низ коратон зиёд мешавад. Бо дӯстдоштаи худ низ муноқиша карданатон хуб нест. Агар тоби шунидани таънаву маломатро надошта бошед, беҳтараш ба баҳсу мунозира дода нашавед.
Ақраб
Барои оянда ҷасурона нақша кашед. Нерӯи худро босамар сарф карда метавонед. Корҳои зиёдатон ҷамъ шудааст, ки дарҳол бояд рафъ намоед. Ғами саломатии худро хӯред, аз шамол хӯрдан эҳтиёт шавед. Барои вохӯрӣ бо нафароне, ки шуморо хуб дарк мекунанд, вақт пайдо намоед.
Қавс
Дар ин рӯз ташвишу изтиробатон зиёд мегардад. Имкониятҳои худро дуруст ба инобат гиред. Нафароне, ки дӯсташон медоред ва аз суҳбаташон ҳаловат мебардоред, лаҳзаҳои гувороро тақдиматон мекунанд. Рӯзи хубест барои ба мағозаву бозор рафтан.
Ҷаддӣ
Дар ин рӯз мушкилоти ҷиддиеро ба сомон расонидан муяссаратон гашта, аз кори анҷомдодаи худ қаноатманд мегардед. Дар аввал вазъиятро дуруст ба нақша гирифта, баъдан амал кунед. Ба нафаре, ки шуморо таърифу тавсиф мекунад, бовар накунед.
Далв
Дар ин рӯз бо касе дарди дил карданро маслиҳат намедиҳем. Дар сари эҳсосот шумо сиру асрори худро фош карда, ба худатон дарди сар мехаред. То соли нав кӯшиш намоед, ки аз касе қарз нагиред. Дар ҷодаи муҳаббат рафтори шуҷоатмандонаи шумо дӯстдоштаатонро ба ҳаяҷон меорад.
Ҳут
Рӯзи серташвиш бошад ҳам, шумо аз уҳдаи ҳамаи корҳо ба хубӣ мебароед. Муҳим он аст, ки дар ҳалли мушкилоти душвор ба заифӣ роҳ надиҳед. Нафари бароятон азизро наранҷонед. Айни замон дастгирии ӯ бароятон хеле муҳим аст. Бегоҳирӯзӣ барои мулоқоти ошиқона созгор аст.