arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 26-УМИ МАЙИ СОЛИ 2025
1437

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз эҳсосоти шадид метавонанд шуморо ба амалҳое водор созанд, ки баъдтар пушаймон мешавед. Шахсе, ки таваҷҷуҳи шуморо ҷалб кардааст, эҳтимол комилан бо он образе, ки худро нишон медиҳад, мутобиқат надорад. Рӯз метавонад ҷараёни зиндагии ҳаррӯзаатонро куллан дигар кунад, барои тағйирот омода бошед. Ба маслиҳатҳои шубҳанок гӯш надиҳед, душманони пинҳонӣ метавонанд ба шумо зарар расонанд. Ба хароҷоти ногаҳонӣ омода ва бо сарфу харҷ эҳтиёткор бошед. Дар роҳ ва ҳангоми машқи ҷисмонӣ ҳушёр бошед.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз барои занони мучали савр имкони шиносоии нав бо эҳсосоти гарму самимӣ вуҷуд дорад. Вале эҳтиёт кунед, хоксории шумо метавонад ба худатон зарар биёрад. Кӯшиш намоед, ки корҳои ҷориро то охири ҳафта ба анҷом расонед, зеро рӯйдодҳои ҷолибтар дар пешанд. Имкон дорад, ки бо сохторҳои давлатӣ сарукор гиред, аз низоъ бо мақомоти масъул канорагирӣ намоед. Аз фишори равонӣ ва ҷисмонӣ дар ҷойи кор ҳазар кунед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз табиати ҳассос ва пуршӯри шумо эҳсосотатонро боло мебарад. Шом метавонад хеле романтикӣ шавад. Бо вуҷуди пешниҳоди кумак аз наздикон, беҳтараш ба неруи шахсии худ такя кунед. Ин давра барои васеъ кардани муошират чандон мувофиқ нест. Дар робита бо ҳамкорон, дӯстону шиносҳои нав бодиққат бошед, хушмуомилагӣ ва эҳтиёткорӣ ба шумо фоида меоранд. Эҳтимол аст, ки дар наздиктарин фурсат хароҷоти калон пеш ояд. Агар худро чанд рӯз пай дар пай нороҳат эҳсос кунед, ташрифи духтурро ба таъхир наандозед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Шояд хоҳиши шоми зебо дар тарабхонаи гаронбаҳоро дошта бошед, вале имкониятҳои молиявии шумо онро иҷозат надиҳанд. Агар имкон бошад, шоми самимие дар қаҳвахонаи ором бо шахси наздик гузаронед. Дар муносибат бо ҳамсар ё дӯстдошта бохирад ва ботаҳаммул бошед, баҳсҳо метавонанд роҳҳои шуморо ҷудо созанд. То охири рӯз вазъ ором ва ҳамдигарфаҳмӣ барқарор мегардад. Аз таваҷҷуҳи зиёдатии роҳбарият канора гиред, баъзе ҳамкорон кӯшиш мекунанд гуноҳҳои худро ба гардани шумо бор кунанд. Истеъмоли зиёди яхмос метавонад гулӯятонро бемор созад.

Асад (23 июл-21 август)

Имрӯз ба намуди зоҳирии худ диққат диҳед. Шахси дӯстдоштаатон шуморо бо чеҳраи тоза ва рӯҳи болида мебинад. Хушбахтии оилавиро на танҳо муҳаббат, балки эҳтироми мутақобил низ таъмин мекунад, ҳатто дар лаҳзаи баҳс инро фаромӯш накунед. Шояд пешниҳоди хуби молиявӣ ё лоиҳае бо даромади калон ба даст ояд. Ҳамзамон, саломатии худро фаромӯш накунед, сафар ё рухсатии кӯтоҳ метавонад шуморо аз мушкилот раҳо кунад.

Сунбула (22 август-23 сентябр)

Имрӯз эҳтимоли пайдо шудани муҳаббати дерин мавҷуд аст, шахсе, ки мешиносед, метавонад бо чашми дигар ба шумо нигоҳ кунад. Дар муноқишаҳо иштирок накунед, беҳтараш бо оромӣ корҳое анҷом диҳед, ки бовар доред дурустанд. Дар кор эҳтимол мушкилот бо роҳбар ё ҳамкорон пайдо шавад, хубтараш хомӯш бошед ва ба иҷрои вазифаҳои худ диққат диҳед. Хароҷоти ғайричашмдошт эҳтимол доранд, вале вазъи молии шумо ба ҳолати ноустувор намерасад. Ғизои серравған метавонад ба шумо зарар расонад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Шахсе, ки ба наздикӣ шинос шудед, шояд кӯшиш кунад сирри шуморо бифаҳмад, эҳтиёт кунед, на ҳама нияти нек доранд. Хоҳиши ба даст овардани маблағи калон шуморо хаста месозад. Пешрафти касбӣ муҳим аст, вале дӯстон ва оила арзишмандтар мебошанд. Кӯшиш кунед, ки миёни кор ва зиндагии шахсӣ тавозунро нигоҳ доред. Шояд барои баъзеҳо даромади иловагӣ зарур шавад, вале қарз гирифтан роҳи беҳтарин нест. Саломатии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ дар мадди аввал қарор дорад, варзиш ва истироҳатро фаромӯш накунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Чӣ гуна анҷом ёфтани рӯз ба он вобаста аст, ки шахси дӯстдоштаи шумо то куҷо омода аст эҳсоси шуморо дастгирӣ кунад ва бо шумо ҳамқадам бошад. Нимаи рӯзро ба корҳои хонагӣ ва мулоқот бо оила бахшед. Имрӯз вазифаҳои худро бо масъулият иҷро менамоед. Вале эҳтиёт шавед: шахси ношиносе, ки дар ҷои кор бори аввал мебинед, метавонад ба шумо зарар расонад. Эҳтимоли рӯйдодҳои ғайричашмдошт ва шубҳанок вуҷуд дорад, нақшаҳоятон шояд тағйир ёбанд. Хастагӣ ва беғайратӣ метавонад шуморо фаро гирад, вале кӯшиш кунед худро ба ҳаракат водор намоед, ҳатто як машқи сабук низ фоида дорад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Кӯшиш кунед, ки аз воқеият дур нашавед ва бо шахсони шухтабъ бештар муошират намоед. Имрӯз эҳсоси изтироб ва фишор зиёд мегардад, эҳтимоли муноқиша бо атрофиён вуҷуд дорад. Маслиҳати коршиносон ва нафарони таҷрибадорро нодида нагиред, гӯш кардан ҳатто ба нафаре, ки ба шумо писанд нест, метавонад ба фоидаи шумо анҷом ёбад. Рӯзи ороми корӣ интизор аст. Вақти хубест, ки дар бораи нақшаҳои оянда, истироҳати пешомада ва харидҳои хурд фикр кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯҳияи баланд ва муоширати хуб имрӯз бо шумо ҳамроҳ аст. Вале муҳим он аст, ки худро гум накунед ва шахсияти худро ба пуррагӣ ҳифз намоед. Агар ба сафар ё истироҳат рафтанӣ бошед, корҳои дар даст доштаро ҳатман ба анҷом расонед. Вазифаҳои худро ба дигарон вогузор накунед. Барои соҳибкорон имкони хуби пулкоркунӣ пайдо мешавад. Иммунитети худро бо ғизои дуруст ва хоби кофӣ тақвият диҳед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Имрӯз дар муносибатҳои шахсӣ ҳама чиз хуб ҷараён дорад. Муносибат бо шарики зиндагӣ устувору пурмаҳаббат мешавад. Яке аз наздиконатон ба кумаки шумо ниёз дорад, аммо эҳтимол шарм медорад, ки онро ба забон орад, кӯшиш кунед эҳсосотро дарк намоед. Дар муҳити корӣ муносибатҳои боэътимод барпо кунед, аммо на ҳама сирҳоро ошкор созед. Аз сарфу харҷи зиёд ва қарз додану гирифтани пул парҳез намоед, имрӯз барои чунин корҳо рӯзгор мувофиқ нест. Аз ҳад зиёд меҳнат накунед, неруи худро дуруст баҳогузорӣ намоед, зеро эҳтимоли ҷароҳат ва садамаҳо вуҷуд дорад.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Шоми имрӯзро ба муҳаббат бахшед, ҷашни романтикӣ, бо таомҳои болаззат ва фазои орому дилнишин метавонад муносибатҳоро мустаҳкам созад. Хабаре, ки интизораш будед, метавонад нақшаҳои шуморо ба куллӣ дигар кунад. Хоҳишҳои аъзои хонаводаатонро рад накунед. Дар муноқишаҳои корӣ эҳтиёт кунед, муоширати сард метавонад боиси нофаҳмӣ гардад. Аз хароҷоти ғайринақшавӣ даст кашед. Барои барқарор намудани қувваи ҷисмонӣ мунтазам машқ кардан муҳим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД