Ҳамал
Дар ин рӯз на танҳо аз уҳдаи тамоми корҳои душвору мушкилиҳо мебароед, балки хоҳиши кор карданатон зиёд мегардад. Меҳнатҳои кардаатон самараи нек медиҳанд. Дар ин рӯз истироҳатро низ фаромӯш накунед, вагарна саломатиро аз даст медиҳед.
Савр
Имрӯз саломатиятон нохуб гашта, худро бад ҳис мекунеду нисбати атрофиён дағал мегардед. Кореро ба анҷом расонидан намехоҳед. Нафароне, ки бо ҳуҷҷатҳои муҳим сару кор доранд, хурдагириву кунҷкобӣ карда, бурд мекунанд.
Ҷавзо
Вақту имконияти чизеро ислоҳ карданатон фаро расидааст. Ҳам дар масъалаҳои кориву ҳам рӯзгор ва ҳатто муносибатҳои шахсӣ. Албатта ба гардан гирифтани хатогиҳо кори осон нест, вале фаромӯш насозед, ки дар дунё шахси бе камбудӣ нест.
Саратон
Дар ин рӯз дар робита шудану хабареро бо дӯстон муҳокима кардан мехоҳед. Худатон бехабар атрофиёнро фиреб мекунед, зеро хабари гуфтаатон нодуруст баромада, табъатонро хира месозад. Барои ба чунин ҳолат гирифтор нашудан, зудбовар нашавед.
Асад
Дар ин рӯз сари қарори муҳиме омадану масъулияти худро нишон доданро маслиҳат намедиҳем. Эҳтимоли фиреб хӯрданатон зиёд аст. Қабл аз амалӣ намудани нақшаву ниятҳое, ки дар мадди аввал ҷолиб менамоянд, ба саросемагӣ роҳ надода, чанд рӯз таваққуф намоед.
Сунбула
Имрӯз бояд хеле боинтизом бошед, то ки ба хатогиҳо роҳ надиҳед. Маблағҳои худро дар ҳолати саросемагӣ сарф накунед. Мушкилиҳое, ки имрӯз ба саратон меоянд, дар оянда душвориҳои зиёдеро ба саратон меоранд. Ҳар хабаре, ки мешунавед, то кадом андоза ҳақиқат доштанашро муайян намоед.
Мизон
Рӯзи пур аз ҳодисаву рӯйдод аст. Бо шарофати корчаллонӣ даромади хуб меёбед. Ҳатто корҳои хатарнок даромади хуб меоранд, ба шарте ки дудилагӣ накарда, зуд аз пайи кор шавед. Толеъ ёратон мегардад, вале баъди нисфирӯзӣ муноқишае рух дода, табъатон нохуш мегардад.
Ақраб
Дар ин рӯз аз атрофиёни худ рафтори боақлонаро талаб накунед. Хусусан дар масъалаҳои мушкилоти рӯзгор ва харидорӣ намудани ҷиҳози калон. Баъди нисфирӯзӣ андаке нотоб гаштанатон имкон дорад, вале беморӣ тӯл намекашад.
Қавс
Дар ин рӯз бе ягон душворӣ бо нафарони даркорӣ вохӯрӣ ташкил намуда, бо чолокӣ ба дилашон роҳ меёбед. Робитаҳое, ки айни замон барқарор менамоед, хеле муфиданд, аз ин лиҳоз, алоқаро бо ҳар нафаре, ки шинос мегардед, канда насозед.
Ҷаддӣ
Имрӯз ба дили атрофиён ба зудӣ роҳ меёбед. Ҳар гапи гуфтаатонро атрофиён зуд қабул менамоянд. Агар нақшаи бо нафаре ҳамкорӣ кардану забон як карданро дошта бошед, имрӯз бароятон хеле мусоид аст.
Далв
Дар ин рӯз нуқтаи назари худро нисбати нафаре, воқеа ё мушкиле аз нав дида баромаданатон лозим аст. Далелҳоеро ба даст меоред, ки ба дуруст буданаш шубҳа кардан номумкин аст. Барои он ки дар ҳоли ногувор намонед, ба қабул кардани хабари ногаҳонӣ омода бошед.
Ҳут
Агар атрофиёнро моту мабҳут кардан хоҳед, бояд ақлу заковати худро ба кор баред. Барои он ки сафи душманонатон зиёд нагардад, аз дағалӣ худдорӣ намоед. Агар муносибатҳоятонро вайрон кардан нахоҳед, аз аспи ҷаҳл фароед.