Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 26- ОКТЯБРИ СОЛИ 2020
6750

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз муҳаббату нишот ба даст меоред. Қисмати зиёди рӯзро ба корҳои шахсие ҷудо карда метавонед, ки аз шумо хароҷоту нерӯи зиёдро талаб мекунанд. Хафагиву ранҷишро фаромӯш кунед, он гоҳ бо дӯстдоштаи худ забон ёфта метавонед. Агар дӯстдори маъракаҳои ором бошед, бегоҳирӯзиро бо олиаву фарзандон гузаронед.   

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи фиребу найранг аст. Дар амалу кирдори худ масъулиятнок бошед, то ба доми фиребу найранги дигарон гирифтор нашавед. Фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур созед, аз ҷойҳои торик ва тамоман беодам дурӣ ҷӯед. Танҳо бо корҳое машғул шавед, ки ба таъхир гузошта наметавонед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи бобарор аст. Даромади ногаҳонии пулӣ ба даст оварданатон имконпазир аст ё чизи қимматбаҳое пайдо мекунед. Хабари деринтизоре мешунавед, ки сабабгори сар задани мушкилиҳои оилавӣ мегардад. Ба мушкилиҳои ҷиддӣ омода бошед. Ба хастагие, ки боиси бад шудани вазъи саломатиятон мегардад, роҳ надиҳед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Барои ҳама кор рӯзи бобарор аст. Тамоми нақшаҳоятон амалӣ шуда метавонанд. Дар ин рӯз метавонед бо корҳое машғул шавед, ки дар бораашон ҳатто тасаввурот надоред. Дар корҳои рӯзгор ба якрангӣ роҳ надиҳед. Аз нафаре, ки ба кӯмаки шумо ниёз дорад, ҷавоби рад надиҳед.  

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи бобарор аст. Аз натиҷаи ҳафтаи гузашта барору комёбиҳоятон вобастагӣ дорад. Барои он ки дӯстдоштаи худро мафтун созед, муҳаббату дустдории худро пинҳон насозед. Фаромӯш насозед, ки дар лаҳзаҳои даркорӣ шумо худро ба даст гиирфта, фаъолона амал карда метавонед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз ғалату камбудиҳои рӯзҳои пешинаро рафъ намуданатон лозим аст. Нисбати худ сахтгир бошед. Аҳли оила ва шахси дӯстдошаатон ба муҳаббату дастгирии шумо ниёз дорад, ин камбудиро рафъ намоед, вагарна шуморо мушкилиҳои ҷиддӣ интизор аст.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Хабари ногаҳонӣ муносибатҳои оилавиятонро бад месозад. Ба мушкилиҳои ҷиддӣ омода бошед. Ба коре, ки аз ӯҳдааш баромада наметавонед, машғул нашавед. Ба хасташавӣ роҳ надиҳед, вагарна вазъи саломатиятон бад мегардад. Рӯзи хубест барои бо варзиш машғул шудану истироҳати якҷоя.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи пурмоҷаро аст, гирифтори таъқиб мешавед ва робита бо душманону бадхоҳон имкон дорад. Амалҳои беандеша сабабгори сар задани нохушиҳо ва ҳатто зарар ба саломатӣ мегардад. Нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед. Дар ҷойҳои торик, дар танҳоӣ сайругашт накунед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Зимни робита бо наздикон дучори мушкилиҳое мегардед, ки сабабгораш худатон ҳастед. Аҳли оила ба таваҷҷуҳи бештари шумо ниёз доранд. Рӯзи хубест барои машғул шудан бо варзиш ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ. Ба мушкилиҳои ҷиддӣ омода бошед. Барои аз вазъияти душвор берун шудан, дилёбӣ карданатон лозим аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз барои ҳама кор мусоид аст. Тамоми нақшаҳоятон амалӣ мегарданд. Аз ҷашну маъракаҳои коллективона дурӣ ҷустанатон лозим аст. Қабули меҳмононро ба бегоҳирӯзӣ монед, айни замон шумо барои ин кор омода нестед. Аз нафароне, ки дилпур нестанд, дурӣ ҷӯед, ҳатто аз дӯстони деринатон низ.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Хабари ногаҳоние, ки мешунавед, муносибатҳои оилавиятонро душвор месозад. Шуморо лозим меояд, ки мушкилиҳои дар робита бо наздикон сарзадаро рафъ намоед. Ба мушкилиҳои ҷиддӣ омода бошед. Эҳтимол, аҳли оила ба таваҷҷуҳи шумо ниёз доранд, ин камбудиро рафъ карданатон лозим аст.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи душвор аст. Робита бо наздикон ва шарикони корӣ умеду орзуҳои дастнорас медиҳанду халос. Эҳсосоти худро идора карда наметавонед. Дар назар аст, ки вазъи саломатиятон яку якбора бад мегардад. Бегоҳирӯзӣ табъатон хираву дучори руҳафтодагӣ мегардед. Бо вуҷуди серкорӣ вазъи молиявиатон бетағйир мемонад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД