sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 25-ЮМИ АВГУСТИ СОЛИ 2023
1980

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бе ягон ҳарос ба корҳои нав даст занед, бо шахсоне, ки дар зиндагӣ ва коратон нақши калидиро мебозанд, вохӯриҳо гузаронед. Нимаи дувуми рӯз бо маслиҳати аҳли оила аз пайи таъмири пурраи хона мешавед. Ҳамалҳои муҷаррад барои худ ҷуфти муносиб меёбанд, ба шарте ки андаке ҳушёрӣ пеша намоянд. Ҳамалҳои оиладор метавонанд муносибатҳои каме пештар вайронгаштаашонро бо оила ва ё ақрабояшон ба танзим дароранд. 

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Ба ҳеҷ ваҷҳ аз омад накардани коратон ғамгин нашавед. Нафароне, ки майл ба қиморбозиву қартабозӣ доранд, аз ин машғулиятҳо даст кашиданашон беҳтар аст. Дар муносибатҳои ошиқона дурандеш бошед, дили ёратонро наранҷонед. Нафари мансабдоре дар тиҷорат ва пешравии корҳоятон ба шумо кӯмак мерасонад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз фиребгарон, нафарони руҳан носолим ё майхора ба шумо майл менамоянд, аз ин лиҳоз ҳушёриро пеша намуда, аз нафарони ношинос дурӣ ҷӯед. Нимаи дувуми рӯз барои ба даст овардани чизи дилхоҳатон хеле босабру ботаҳаммул бошед. Шумо камбудиҳои кору рафтори худро намебинед, аз ин хотир ба танқиди атрофиён гӯш андозед. 

Саратон (22 июн- 22 июл)

Бо хариду фурӯш  машғул нашаведу пули зиёдро сарф накунед, вале барои нафароне, ки роҳҳои нави даромадро меҷӯянд, аёми мусоид аст. Нафароне, ки ба хотири нав кардани сару либосашон пулро беистиҳола сарф мекунанд, ба ғазаби наздиконашон гирифтор мешаванд. Занги телефонӣ бегоҳирӯзӣ нақшаҳоятонро барбод медиҳад.  Бемории баногаҳ пайдошударо бо худтабобаткунӣ рафъ карда наметавонед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар бораи нобасомониҳои тақдиратон бисёр андеша намуда, билохира ба хулосаи дуруст меоед. Шумо дарк мекунед, ки маҳз беғайратӣ душмани қаттолу ягонаи шумо аст, ки сади роҳи пешравиҳои коратон мегардад. Асадҳое, ки табиатан саломатии хуб доранд, дар ин айём нерӯи шумо дучанд гашта, аз бемориҳо эмин мемонед. Нафароне, ки меъдаву дили бемор доранд, беморияшон хуруҷ карда, хатари ҷароҳат бардоштанашон вуҷуд .

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Миёнаи рӯз тамоми корҳоятонро аз атрофиён пинҳон медореду ба касе рози дил гуфтан намехоҳед. Барои худ машғулияти зеҳнӣ пайдо намоед, он гоҳ барои беҳуда дарди дил кардан имкон пайдо намекунед. Дар саломатиятон ҷурме дида намешавад, ба шарте, ки худро сахт хаста насозед. Сари вақт хӯрок хӯред, кам хӯрданатон боиси пайдо шудани бемориҳо мегардад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз аз сиру асрори нафаре огаҳ гаштанатон имкон дорад. Нимаи дувуми рӯз корҳоеро, ки пинҳонӣ ба анҷом мерасонед, ҷомаи амал мепӯшанд. Агар шумо хӯрокҳои зарарнокро истеъмол намекарда бошед, ба саломатиятон хатаре таҳдид намекунад. Кӯшиш намоед, хӯроки кам хӯрда, бештар ҳаракат кунед. Пеш аз хоб телефони дастиятонро хомӯш созеду нағзакак дам гиред.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз ба яке аз хешовандони калонсолатон кӯмаки шумо лозим меояд. Миёнаи рӯз доираи дӯстони кордону муътабарро васеъ гардонед. Охири рӯз хабари пешравӣ дар вазифа ё зиёд шудани маош табъатонро болида мегардонад. Ақрабҳои сигоркаш камқувват мешаванд, хатари ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Охири рӯз аз давуғеҷ ва анбуҳи одамон дурӣ ҷӯед. 

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Қавсҳо сарфакориро фаромӯш карда, чизеро ки кайҳо дар орзуи харидорӣ намуданаш буданд, бо нархи гарон ба даст меоранд. Ин амалатонро ҳамсафари ҳаётиатон дастгирӣ намуда, якҷоя барои ба даст овардани маблағи даркорӣ кӯшиш мекунед. Бо кӯмаки дӯстону наздикон ба мақсад мерасед, вале фикри баргардонидани қарз табъатонро хира мегардонад. Ба саломатии худ диққати ҷиддӣ диҳед. Нимаи дувуми рӯз бо ҳалли корҳои ҳаррӯза машғул нашавед, беҳтараш истироҳат кунед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Муносибати ҷаддиҳо дар ин рӯз бо дӯстдоштаашон қавитар гашта, меҳру муҳаббататон ба якдигар дучанд мегардад. Дар касбу коратон пешравӣ дида мешавад. Роҳбарияти коргоҳ заҳматписандиву кордониятонро қадрдонӣ мекунад. Агар нияти қарз гирифтанро дар сар дошта бошед, бароятон давраи мусоид фаро мерасад.  Ҷаддиҳое, ки ҷойи кори худро иваз кардан мехоҳанд, бояд нағзакак фикр намоянд.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Имрӯз атрофиён аз худхоҳиву худпарастии далвҳо ба ҳайрат меоянд. Дар ҷойи кор роҳбарият шуморо бештар ҳурмат мекардагӣ мешавад. Дар хона ҳангоми ҳалли масъалаҳои муҳим сарварӣ намоед, ҳамсари худро аз хариди калон нигоҳ дошта, аз муфлисшавӣ наҷот меёбед. Аз муноқиша бо сардор, ҳамкорон ва хешу ақрабо худдорӣ намоед, вагарна корҳоятон дӯлобу табъатон хира гашта, чанд муддат ба худ намеоед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Стресси ҷамъшуда сади роҳи зиндагии осоиштаатон гашта, худро бад ҳис мекунед. Агар рафти зиндагии ҳозираатонро тағйир диҳед, аҳволатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Асабатон ором гашта ба худ эътимод пайдо мекунеду руҳафтодагиятон пурра рафъ мегардад. Сафарҳои корӣ бобарор анҷом меёбанд. Кӯшиши якбора ба анҷом расонидани чанд корро накунед, баъзе нақшаҳои шумо амалинашавандаанд. Охири рӯз аз пайи осон намудани мушкили дигарон нашавед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД