Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2023
2319

Ҳамал

Барои расидан ба мақсад кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд. Нисбати нафаре, ки ба шарофати ӯ бисёр чизҳоро ноил гашта бошед, ҳурмату эҳтиром зоҳир намоед. Нафароне ки тиҷорати шахсии худро ба роҳ мондан мехоҳанд, бе дастгирии нафарони воломақом пеш рафта наметавонанд. Бегоҳирӯзӣ дар роҳ эҳтиёт шавед.

Савр

Дар ҳаёти шахсӣ фармонфармоӣ карданро маслиҳат намедиҳем. Фаромӯш насозед, ки ду сарвар дар як ҷо созиш карда наметавонанд. Барои аз мушкилоти шахсӣ эмин мондан, бо корҳои фаврӣ машғул шавед. Эҳтимол шуморо як дӯсти деринатон ба меҳмонӣ даъват карда, ҳодисаҳои аҷиби зиёдеро нақл мекунад.

Ҷавзо

Дар ин рӯз корҳои муҳиматон хеле зиёд гашта, сарҳисоби корро гум мекунед. Ҳатто мулоқоти ошиқонаи бегоҳирӯзӣ низ наметавонад табъатонро болида гардонад. Аз шиносоӣ ва робитаи интернетӣ худдорӣ намоед. Қарорҳои наву шитобкорона фоида намеоранд. Ба кӯмаки дӯсти наздикатон умед баста метавонед.

Саратон

Аз комёбиҳои ноилгаштаатон қаноатманд нагашта, минбаъд низ омӯзишу рушдёбиро давом диҳед. Агар дӯстони дерин ҷонатонро ба лаб меоварда бошанд, робитаро қатъ намоед. Ба эҳсосот роҳ надиҳед, вагарна пушаймон мешавед. Баъди нисфирӯзӣ коратон зиёд мешавад, вале фориғбол нашавед, ҳама кор бояд таҳти назорати шумо қарор дошта бошад.

Асад

Бо роҳбарият ва хешовандони калонсолатон баҳсу мунозира накунед. Бо вуҷуди ҳақ буданатон ҳамсуҳбати шумо бо нуқтаи назаратон розӣ намешавад. Ба ҳаёти шахсӣ рангу бӯйи тоза ворид намоед. Агар нияти ба хонаи хешу ақрабо сафар карданро дошта бошед, аз роҳ нагардед.

Сунбула

Рӯзи хубест барои тарҳрезӣ намудани нақшаҳои минбаъдина, барои тайёрӣ дидан ба тағйиротҳои дар пеш истода. Шитобкорӣ шуморо ба рафтори беандеша водор мекунад. Нисбати нафароне, ки дӯсташон медоред, сабру таҳаммулро пеша намоеду боилтифот бошед. Барои табобати бемориҳо рӯзи мусоид аст.

Мизон

Дар ин рӯз ягон ҳодисаи тақдирсоз рух намедиҳад. Барои коре, ки бар ивазаш маблағи хуб гирифта метавонед, кӯшиш ба харҷ диҳед. Дар ҷодаи муҳаббат нисбати дӯстдоштаи худ меҳру муҳаббати зиёд сарф карданатон лозим меояд. Эҳтимоли бемор шудани меъдаатон дар ин рӯз зиёд аст.

Ақраб

Дар ин рӯз аз роҳ додан ба ғалат эҳтиёт шавед, вагарна ҳам аз вазифа бенасиб мемонеду ҳам аз маоши хуб. Нафароне, ки тиҷорати шахсии худро доранд, вазъи молиявиашон ру ба беҳбудӣ меорад. Даромадеро ба даст меоред, ки дар орзуяш набудед. Баъди нисфирӯзӣ ҳамёни худро эҳтиёт карда, бо нафарони шубҳанок шиносоӣ накунед.

Қавс

Нисбати атрофиён қаҳру ғазабро раво набинед. Қабл аз он ки кореро ба анҷом мерасонед, андеша намоед, ки оё амали шумо кирои асабҳои харобгашта ва нерӯи сарфкардаатон мешавад ё не. Беҳтараш нерӯи худро на ба муноқишаву нофаҳмӣ, балки ба корҳои созанда равона созед. Дар ҷодаи муҳаббат ба касе дарди дил накунед.

Ҷаддӣ

Дар фаъолияти касбӣ ба комёбиҳои назаррас умед набандед. Бо вуҷуди аз таҳти дил кӯшиш намуданатон муваффақ намегардед, коратон барор намегирад ё натиҷааш табъи дилатон намегардад. Дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон лаҳзаҳои гувороро интизор бошед. Аз баҳсу мунозира худдорӣ намоед, вагарна ҳолати руҳиятон бад мегардад.

Далв

Корҳоятон зиёд мешавад, бояд ташкилотчии хуб буданатонро нишон диҳед. Агар аз уҳдаи кор баромада тавонед, обрӯву нуфузатон дучанд мегардад. Саломатиятонро ба мутахассиси бетаҷриба бовар накунед. Хусусан дар табобат намудани дандон фориғболӣ накунед.

Ҳут

Бо сабаби сар задани мушкилоти шахсӣ пурра бо рафъ намудани мушкилоти касбӣ машғул шуда наметавонед. Корро бо муносибатҳои шахсӣ омезиш надиҳед, вагарна ҳам худатон зарар мебинеду ҳам дигарон. Бо вуҷуди таҷриаи бой доштанатон аз уҳдаи кори зиёд баромада наметавонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД