Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ МАЙИ СОЛИ 2025
1068

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз васвасаҳо зиёданд, вале кӯшиш кунед зери таъсири онҳо қарор нагиред. Дар ҷодаи муҳаббат нуқтаи назари худро ба дӯстдоштаатон бор накунед. Шахси наздик шояд интизориҳои шуморо иҷро накунад, ҳар кас метавонад хато кунад. Имрӯз вақти хубест барои нишон додани қобилият. Агар маблағ лозим бошад, бо роҳбарият суҳбат кунед. Бо нафарони ранҷида оштӣ кунед.

Савр (21 апрел-21 май)

Рӯзи пур аз эҳсосоти гуворо дар интизори шумост, ба шарте ки хашмро фурӯ баред. Хатоҳои хурд дар оғози рӯз эҳтимол доранд. Муносибат бо шахсони мансабдор ба касбу кор фоида меорад. Бо ҳамкорон созишкор бошед. Талошҳо самара медиҳанд. Аз гармӣ эҳтиёт шавед ва нӯшокиҳои хунукро маҳдуд созед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Хабарҳои хуш дар ҷодаи муҳаббат имкон доранд. Агар танҳо бошед, шояд шахси дӯстдоштаи худро пайдо кунед. Оилаи шумо аз сабру созишкориятон баҳра мебарад. Дар кор пешравиҳо эҳсос мешаванд. Ба роҳи интихобкардаатон бо боварӣ идома диҳед. Агар хаста бошед, истироҳат ва ҷамъшавии қувва кумак мекунад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар ҳис кунед, ки муҳаббат сард шудааст, азоб накашед, шояд вақти ҷудоӣ расидааст. Наздикон шояд ба таваҷҷуҳи бештар ниёз дошта бошанд. Имрӯз лоиҳаҳо дастгирӣ меёбанд. Даромади пулиятон хуб мешавад, вале хароҷот низ афзун мешавад. Аз ғизои шӯр ва тез худдорӣ намоед, то саломатиро ҳифз кунед.

Асад (23 июл-21 август)

Имрӯз эҳтимоли пайдоиши муҳаббат дар муҳити корӣ вуҷуд дорад, вале эҳтиётро фаромӯш накунед. Бо дӯстдоштаатон шоми ошиқона созед. Оиладорҳо метавонанд дар бораи фарзанд фикр кунанд. Фикрҳои мусбатро бештар кунед, воқеият мешавад. Пешрафти молӣ ба рушди касбӣ вобаста аст. Аз заҳролудшавӣ эҳтиёт шавед.

Сунбула (22 август-23 сентябр)

Рӯз барои шиносоии наву эҳсосоти ошиқона муносиб аст. Муносибат метавонад кӯтоҳмуддат бошад, вале таъсиргузор. Агар аз зиндагии якранг хаста шудаед, муҳитро иваз кунед. Корро ҷиддӣ гиред. Соҳибкорон шонси ёфтани сармоягузор ё дастгириро доранд. Шахсони синнашон калон эҳтиёткор бошанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи шумо бо неруи мусбат оғоз меёбад. Эҳсосоти ошиқона бештар мешаванд. Хашмро идора кунед, бахусус бо наздикон. Корҳои муҳимро ба таъхир нагузоред, фоида меоранд. Ба маслиҳати нафарони боэътимод гӯш диҳед. Вазъи пулӣ шояд беҳ шавад, аз ҷое маблағ мегиред, ки тамоман интизор набудед. Варзиш субҳатонро неру мебахшад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз шумо дар маркази диққат хоҳед буд. Шахсе метавонад ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир кунад ва ҳаётатон тағйир ёбад. Ба дахолати дигарон дар зиндагии шахсӣ аҳамияти зиёд надиҳед, ҷозибаи шумо қавист. Агар наздикон интизориҳоро иҷро накунанд, ноумед нашавед. Вазъи молиявӣ муътадил аст, вале пулро эҳтиёт кардан лозим.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз вохӯриҳои ошиқона ва шиносоии нав эҳтимол доранд. Эҳсосоти нав эҳё мешаванд. Шояд ба шавқу завқи кӯҳна баргардед, ки ҳатто метавонад ба манбаи даромад табдил ёбад. Бо масъалаҳои молӣ машғул шавед, вале масъулиятҳои зиёдатиро қабул накунед. Неруи зиёд доред, онро истифода баред.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Шахсе, ки пайваста дар андешаи шумост, шояд ба шумо таваҷҷуҳ нишон диҳад. Бо фурӯтанӣ пазируфта, ҷавоб диҳед. Тағйироти мусбате дар роҳ аст. Дар кор монеаҳои хурд имкон доранд, вале бо кӯшиш онҳоро пушти сар мекунед. Дар муомила бо ҳуҷҷатҳо бодиққат бошед. Аз хароҷоти нолозим худдорӣ кунед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Ба шахси наздик туҳфаи маънавӣ тақдим намоед, муҳаббататонро нишон диҳед. Дӯсти наздик метавонад шуморо ноумед созад, ки дар натиҷа фишори рӯҳӣ беморатон мекунад. Дар касбу кор ба тағйирот омода бошед. Барои хоби беҳтар сайругашт дар ҳавои тозаро фаромӯш накунед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Эҳсосоти худро идора кунед ва аз баҳс бо дӯстдошта худдорӣ намоед. Барои пешсафӣ ва муваффақият фаъол бошед. Агар шуморо худхоҳ гӯянд, парво накунед, кумак ба носазоён беҳуда аст. Соҳибкорон метавонанд аз сафарҳои корӣ фоида бинанд. Аз эҳсосоти манфӣ ва баҳсу муноқишаҳо дурӣ ҷӯед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД