Ҳамал (21 март-19 апрел)
Агар фикр кунед, ки ошиқ шудаед, хато мекунед. Муҳаббати ҳақиқӣ ҳанӯз дар пеш аст! Бо наздикон меҳрубон ва таҳаммулпазир бошед. Ин ба шумо кумак мекунад, ки нофаҳмиҳоро осон ҳал кунед ва ҳамдигарфаҳмиро тақвият бахшед. Кӯшиш кунед ҳамаи корҳои ҷамъшударо якбора анҷом диҳед, танҳо хастагӣ ва изтироб эҳсос хоҳед кард.
Савр (20 апрел-20 май)
Ба наздикон таваҷҷӯҳ зоҳир кунед – тӯҳфа диҳед, суханони хуб бигӯед, зеро онҳо ба ғамхории шумо ниёз доранд. Кӯшиши чанд корро якбора анҷом доданро накунед, эҳтимол аст, ки ягонтоашро то охир нарасонед. Ба маслиҳати дӯстони боэътимод такя кунед. Фаромӯш накунед, ки саломатии шумо муҳим аст! Изтиробро кам кунед ва вақти бештарро ба истироҳат бахшед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Агар муносибатҳои ошиқонаатон сард шуда бошад, ноумед нашавед – бо каме кӯшиш метавонед онро барқарор кунед. Муҳим аст, ки бо ҳамсафари худ ошкоро сӯҳбат кунед – маслиҳати ӯ ба шумо кӯмак хоҳад кард. Имрӯз даромади ғайричашмдоште имконпазир аст, ки метавонад барои пардохти қарзҳо кӯмак кунад. Истироҳат кунед, ба боғ равед ё як хариди хурд анҷом диҳед – ин ба шумо барои дур шудан аз стресс кӯмак хоҳад кард.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз эҳтимоли дучор омадан бо нафаре аз гузаштаатон зиёд аст. Барои нафарони муҷаррад ин рӯз метавонад вохӯрии муҳимеро дар муҳаббат ба бор орад. Гарчанде баъзе рӯҳафтодагиҳо метавонанд ба миён оянд, сабр ва таҳаммул ба шумо кӯмак хоҳад кард. Имрӯз беҳтар аст аз қарз гирифтан ё қарз додан худдорӣ кунед. Барои тиҷорат ва харидҳои ҳаррӯза мувофиқ аст.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯзи хуб барои сӯҳбати ошкоро бо дӯстдоштаатон аст. Аз изҳори муҳаббат натарсед, ростқавлӣ ва самимият барои муносибатҳои мустаҳкам муҳим аст. Имрӯз бахти шумо механдад! Муносибатҳои корӣ ва оилавӣ низ рӯ ба беҳбудӣ меоранд. Дар ҷои кор ҳама чиз мутобиқи нақша ҷараён мегирад. Истеъмоли ғизои серравған ва нӯшокиҳои сардро кам кунед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Барои нигоҳ доштани муносибатҳои хуб, баъзан гузашт кардан лозим аст. Ба наздикон бештар таваҷҷӯҳ диҳед, рӯзе худи шумо низ ба дастгирии онҳо ниёз хоҳед дошт. Гарчанде ки баъзе мушкилиҳои хурд пеш меоянд, шумо бо сабру таҳаммул ва нерӯи зеҳнӣ онҳоро паси сар хоҳед кард. Беҳтараш аз андешаҳои ноумедкунанда дурӣ ҷӯед, шахсони зиндадил ва хушбин ба худ пулро ҷалб мекунанд!
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Рӯҳияи шумо имрӯз пур аз меҳру муҳаббат хоҳад буд! Корҳои хонаводагӣ бидуни мушкил анҷом хоҳанд шуд, аммо эҳтиёт бошед – қарорҳои саросемавор метавонанд ба хатогиҳо оварда расонанд. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёт бошед – хароҷоти ногаҳонӣ имконпазир аст.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Агар ҳоло дар ҷустуҷӯи ҳамсафари худ бошед, бештар ба атрофиён диққат диҳед – эҳтимол дорад, ки шахси муносиб наздиктар аз оне бошад, ки фикр мекунед. Ба дӯстону наздикон ғамхорӣ кунед – онҳо ба шумо ниёз доранд. Дар кор пешравӣ имконпазир аст, вале тасмимҳои муҳимро бо андеша қабул кунед. Барои оянда пасандоз кунед! Ҳатто маблағи кам метавонад дар оянда ба кор ояд.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз эҳсосоти худро таҳти назорат гиред – ҳамаро бо чашми нек бинед. Ба наздикон диққат диҳед ва бо онҳо бештар вақт гузаронед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёт бошед – хариди калонро ба вақти дигар гузоред. Барои пешгирии стресс ва нофаҳмиҳо аз баҳсҳои беасос дурӣ ҷӯед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Шумо дар остонаи як интихоби муҳим қарор доред. Қарори қабулкардаатон метавонад муносибатҳои шуморо тағйир диҳад. Ба ҳисси ботинии худ такя кунед. Дар оила баҳсҳои хурд имконпазиранд, аммо бо сабр ва фаҳмиш онҳоро ҳал кардан мумкин аст. Беҳтараш аз хароҷоти беҳуда худдорӣ кунед – эҳтиёткор будан дар масоили молиявӣ ба шумо фоида хоҳад овард.
Далв (20 январ-18 феврал)
Бо наздикон бештар вақт гузаронед ва барои истироҳат имконият пайдо кунед. Дар кор ҳамкориҳои судманд имконпазиранд, аммо эҳтимолияти душвориҳо дар қисми дуюми рӯз вуҷуд дорад. Қувваи худро дуруст тақсим кунед, то ки кори нотамом боқӣ намонад. Ба саломатии худ бештар диққат диҳед – хастагӣ ва стресс метавонанд ба шумо зарар расонанд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз тағйироти ғайричашмдошт дар ҳаёти ошиқонаи шумо имконпазир аст. Пеш аз қабули қарорҳои муҳим ҳама ҷиҳати масъаларо бодиққат баррасӣ кунед. Ба оила ва атрофиён ғамхорӣ кунед – онҳо ба дастгирии шумо ниёз доранд. Дар масъалаҳои корӣ ва молиявӣ эҳтиёткор бошед, то хатогии ҷиддӣ роҳ надиҳед. Ба саломатии худ диққат диҳед ва барои пешгирии стресс бештар истироҳат кунед.