Ҳамал (21 март-20 апрел)
Ҳамалҳоро рӯзҳои ором ва устувор дар пеш аст. Меҳнати самаранокатон натиҷаи нек хоҳад овард ва корҳои шуморо атрофиён ба хубӣ дастгирӣ мекунанд. Шумо имкони амалӣ сохтани нақшаҳо ва орзуҳоятонро доред. Муҳимтар аз ҳама - ба интиқод аҳамият надиҳед; натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки ҳақ ҷониби кӣ аст. Имрӯз ҳамчунин фурсате хуб барои анҷом додани корҳои хона аст. Онҳоро ба таъхир нагузоред.
Савр (21 апрел-20 май)
Танҳо пофишорӣ ва заҳмати пурмаҳсул ба Саврҳо имконият медиҳад, ки аз ҳама мушкилиҳо гузаранд. Ситезаҷӯӣ накунед ва вазъиятро аз як тараф баҳогузорӣ нанамоед — ба ҷузъиёт диққат диҳед. Мардон бояд қарзҳояшонро ба хотир оваранд ва масъулиятҳояшонро фаромӯш накунанд. Занонро бошад, саргузаштҳои ошиқона интизор аст, ки эҳтимол як ишқи қадимӣ ба таври ғайричашмдошт эҳё шавад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Барои Ҷавзо рӯз барои пешрафт дар корҳои тиҷоратӣ басо мувофиқ аст. Шумо муваффақ мешавед, ки шартномаҳои фоидаовар бандед. Мардон ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳо эҳтиёткор бошанд. Занон дар гуфтугӯ бо дигарон бояд сабру тамкин зоҳир кунанд — ҳар чӣ дар дил доред, фош нагӯед, зеро эҳтимоли дучор шудан ба ғайбатчиён зиёд аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Саратонҳоро рӯзи пурбаракат интизор аст. Ҳамаи корҳое, ки ба нақша гирифтаед, бо муваффақият анҷом меёбанд. Баъзеҳо метавонанд шароити зисташонро беҳтар кунанд, иддае хонадор мешаванд, ва гурӯҳе дар корашон пешравӣ мебинанд. Ҳар гуна тағйирот ба фоидаи шумост. Вазъи молиявӣ бошад, танҳо ба шумо ва маҳорати кордониятон вобастагӣ дорад. Заҳмат кашед, роҳат мебинед.
Асад (23 июл-22 август)
Маҳорати молиявии асадҳо имконият медиҳад, ки дороияшонро афзун кунанд. Дар кори худ шумо комёбӣ ба даст меоред, аммо дар ҳаёти шахсӣ каме душвориҳо эҳсос мешавад. Имрӯз вақти муносиб барои ошноӣ нест, зеро ҳатто шахси дӯстдошта метавонад асабатонро хароб созад. Барои худ вақти истироҳат ҷудо кунед ва хуб хоб равед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Мардони мучали Сунбула аз нерӯи зиёд лабрезанд: нақшаҳои зиёд доранд ва душвориҳои кӯтоҳмуддат низ онҳоро аз роҳ намегардонад. Занон бошад, бояд вақтро беҳуда сарф накунанд — ибтикорҳои имрӯз метавонад ба тамоми сол таъсири нек гузорад. Барои беҳтар кардани ҳаётатон ҳамаи имкониятҳоро доред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Мардони Мизон бояд аз шитоб дар корҳо худдорӣ кунанд, зеро мумкин аст иштибоҳ кунанд ва ба зиёни молӣ рӯ ба рӯ шаванд. Барои занон бошад, имрӯз рӯзи илҳомбахш хоҳад буд. Ба садои дили худ гӯш диҳед — фикре ба саратон меояд, ки агар онро пайгирӣ кунед, метавонед зиндагиатонро ба куллӣ дигаргун созед. Бинобар ин, пас нагардида, то охир коратонро идома диҳед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Мардони Ақраб метавонанд дар ҳар иқдоме ба муваффақият ноил шаванд. Беҳтар аст корҳои дер боз ба таъхиргузоштаатонро имрӯз оғоз кунед. Занон бошанд, эҳтимол барои корҳои хизматӣ сафар мекунанд, ки он бо муваффақият анҷом меёбад ва ҳадафҳо ба даст меоянд. Ҳатто дар роҳ имкони истироҳат ва фароғат доред. ба бемориҳои сарзада диққат диҳед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Ин давра танҳо вақте хатарнок мешавад, ки шумо аз қоидаву меъёрҳо дурӣ ҷӯед ё ба хатар даст занед. Қавсҳо, имрӯз беҳтар аст бо тақдир бозӣ накунед. Танҳо роҳҳои озмудашударо истифода баред. Дарди дилатонро танҳо бо наздикони боэътимод дар миён гузоред — онҳо кӯмакатон мекунанд. Дар назди одамоне, ки хуб намешиносед, дарҳол дарди дил накунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз Ҷаддиҳоро ҳолати ногуворе интизор аст. Касе метавонад ваъдаҳое, ки шумо дар гузашта бедиққат дода будед, ба ёд орад. Ба хотири нигоҳ доштани обрӯ бояд онро иҷро кунед, вагарна ҳамчун шахси ноқобил ва ваъдахилоф шинохта мешавед. Дар оянда, ҳарфҳоятонро боақлона бигӯед ва ваъдаҳоро санҷида диҳед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Якравӣ ва дағалӣ ба Далвҳо имрӯз дар ҳолатҳои душвор ёрдам намедиҳанд. Ҳилаву хирадро истифода баред, то вазъияти нохушро ба нафъи худ гардонед. Бо наздикон метавонад нофаҳмие рух диҳад, агар худро идора накунед. Дар сари қаҳру эҳсос ягон гапи сахт нагуед. Шахси дӯстдоштаатон шуморо хушҳол месозад ва шояд сюрпризи гуворое бароятон омода кунад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз Ҳутҳо имконияти анҷом додани бисёр корҳоро доранд. Тақдир ба шумо имконият медиҳад, ки тағйироти ҷиддӣ дар зиндагиатон ворид созед. Муҳим ин аст, ки аз хатогиҳои гузашта дарс бигиред ва онҳоро такрор накунед. Ба корҳо бо оромиш ва андешамандӣ рӯй оваред — эҳсосоти аз ҳад зиёд метавонад ба натиҷаҳо зиён расонад. Кӯшиш кунед эҳсосотро канор гузоред.