Ҳамал
Нобарорӣ зимни робитаҳо ё дар муносибат бо наздиконатон мушкилӣ сар мезанад. Шиносоиҳои нав боиси дилмондагӣ ва хастагиятон мегардад. Баъзеҳо бо ҳамкорон ва ҳатто бо роҳбарият муноқиша мекунанд. Оромиро нигоҳ дошта, ба коре, ки боиси душвор гаштани вазъият мегардад, даст назанед.
Савр
Нақшаҳоятон ба шарте амалӣ мешаванд, ки ноаён амал намуда, ба касе нақл накунед. Дар ҷодаи касбӣ бо сардор муноқиша карда, аз кори иҷрокардаатон қаноатманд намегардед. Камқувватӣ, табъи нохуш ва руҳафтодагӣ имкон дорад. Мардҳо ба муносибатҳои ошиқонае роҳ дода метавонанд, ки ба ғайр аз пушаймонӣ дигар чизе ба даст намеоранд.
Ҷавзо
Сабру таҳаммул ва кордонии шумо боиси дастгирии роҳбарият ё кӯмаки сарпарастон мегардад. Яку якбора нохуш шудани табъ ва руҳафтодагӣ сади роҳи пешравиҳоятон мегардад. Дар ин рӯз бо худтабобаткунӣ машғул шуданро тавсия намедиҳем. Бегоҳирӯзиро бо аҳли оила гузаронед.
Саратон
Рӯзи хатарнок аст. Ҳодисаҳои моҷароомез, беморӣ ва ҷароҳат бардоштанатон эҳтимол дорад. Баъзеҳо аз хешу ақрабое, ки кайҳо боз надидаанд, хабар мешунаванд. Аз харидани чизҳои даркорӣ худдорӣ намоед, зеро харидатон бебарор мешавад. Агар имкон дошта бошед, рӯзро бо наздикон гузаронед.
Асад
Барои мардҳо рӯзи хеле душвор аст. Вазъи саломатиятон яку якбора бад шуда, ҷароҳатҳои гуногун бардошта метавонед. Дар ин рӯз дар танҳоӣ сайругашт накунед, инчунин аз роҳгардии босуръат худдорӣ намоед. Дар ҳаёти бонувон душвориҳо пеш меоянд. Кӯшиш кунед, ки танқиди атрофиёнро ба дил наздик қабул накунед.
Сунбула
Ҳодисаҳои ногаҳонӣ боиси вайрон гаштани муносибати шумо бо ҳамкорон ва дӯстон мегардад. Дар ин рӯз аз пештара дида, босабртар бошед. Мушкилиҳои молиявӣ табъатонро хира месозанд. Ба наздикони худ маслиҳат надиҳед, ба ҳаёти касе дахолат накунед. Қарз нагиред ва хариди қиматбаҳо накунед.
Мизон
Рӯзи номусоид аст, мушкилиҳои ҷиддӣ аз қабили рехтани обрӯву нуфуз, ҳисороти молиявӣ, бемориҳои ҷиддӣ имкон доранд. Сабру таҳаммул ва заҳматписандиятонро сардор хуб қабул мекунад ё нафаре кӯмак мерасонад. Дар ин рӯз машрубот ва хӯроки равғанин истеъмол накунед.
Ақраб
Вақте расидааст, ки аз дунёи хаёлоти худ берун шуда, ба зиндагӣ бо чашми ақл назар намоед. Танҳо дар ҳамин сурат ҳодисаҳое, ки дар атрофатон рух медиҳад, хубтар дарк мекунед. Нисбати шахси дӯстдоштаатон дар дил кинаву адоват нагиред. Нишонаҳои бемориеро, ки нав пайдо мешавад, беэътибор нагузоред.
Қавс
Барои робитаву гуфтушунидҳои корӣ рӯзи мусоид нест. Сабру таҳамул ва заҳматписандиятон мушкилиҳои рӯзро кам месозанд, вале ба дастгирии роҳбарият ё кӯмаки нафаре умед набандед. Яку якбора иваз шудани табъу ҳолати руҳиятон сади роҳи пешравӣ мегардад.
Ҷаддӣ
Дар ин рӯз аз пештара бештар ботаҳаммул бошед. Танҳо дар ҳамин ҳолат вазъияти бамаломадаро рафъ карда метавонед. Эҳтимоли каме нотоб шуданатон вуҷуд дорад. Меҳнати вазнини ҷисмонӣ тавсия дода намешавад. Танҳо дар иҳотаи дӯстону наздикон худро роҳат эҳсос мекунед.
Далв
Рӯзи пурзаҳмати муқаррарӣ аст. Заҳмати кашидаатон натиҷаи хуб медиҳад. Ҳатто мушкилиҳои пайдошуда табъи шуморо нохуш намегардонанд. Диққати худро ба ҳодисаҳои ҷиддӣ равона созед, ба ташвишу хавотирии атрофиёнатон диққат надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ ҳодисаҳои ногаҳонӣ, вале гуворо имкон доранд.
Ҳут
Аз пешниҳоди хуби корӣ рӯ нагардонед, мушкилиҳое, ки сади роҳатон гаштаанд, ба зудӣ рафъ мегарданд. Боисрор ва боақлона рафтор намоед. Дарди сар ва бемадорӣ аз шамол хӯрданатон дарак медиҳад. Бегоҳирӯзиро ҳатман бо дӯстону наздикон гузаронед.