arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 24-ЮМИ АВГУСТИ СОЛИ 2023
2632

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯзи хуб аст, дар корҳои эҷодӣ ва ҷодаи муҳаббат навигариву дилхуширо интизор бошед. Нимаи аввали рӯз дар робита бо атрофиён фаъолнокӣ нишон дода, бурд мекунед. Агар алҳол рухсатӣ нагирифта бошед, метавонед аз пайи баргузор намудани маъракаҳои арӯсӣ ва фотиҳатӯй гардед. Ба хотири мулоқоти ошиқона аз нақшаҳои корӣ рӯ нагардонед. 

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Барои ободонии хонаву дар ва тағйир додани муносибатҳои оилавӣ кӯшиш ба харҷ диҳед. Рӯзи бобарорест барои оғоз намудани зиндагии мустақилона, кӯчидан ба манзили нав, харидани хона ва сар кардани таъмир.  Нимаи аввали рӯз ба хонаатон омадани меҳмон эҳтимол дорад. Нимаи дувуми рӯз барои дидорбинии бобову бибӣ ва волидони пир рафтанро фаромӯш насозед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар атрофатон ҳодисаи ногаҳоние рух медиҳад, шиноси нав пайдо мекунед ё тасодуфан ба ҷое сафар мекунед. Бо сабаби фориғболии яке аз аъзоёни оила нақшаҳоятон барбод мераванд. Нимаи аввали рӯз ба корҳои оилавӣ банд мегардед, нимаи дувуми рӯз шуморо истироҳат ва дилхушӣ интизор аст, вале дар масъалаҳои молиявӣ чандон рӯзи бобарор нест, аз ин рӯ пулро зиёд харҷ накунед. 

Саратон (22 июн- 22 июл)

Имрӯз танбалиро як сӯ гузошта, каме пешсаф гардед, вагарна аз нони даҳонатон мемонед. Бахт ёратон мегардад, агар сидқан барои беҳбудии зиндагиатон талош намоед. Саратонҳои бекор ҷойи кор меёбанд. Шиносоии тасодуфии саратонҳои зебопарастро беқарор хоҳад кард. Беҳуда умед набандед, ин вохӯрӣ ба шумо бахту саодат бахшида наметавонад. Беҳтараш худро бо хаёлҳои ширини ошиқона гаранг накарда, аз паси зиндагиатон шавед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Нимаи аввали рӯз бо нафароне, ки дӯсташон медоред, муноқиша карданро маслиҳат намедиҳем. Байнатон нофаҳмиву иштибоҳ сар зада метавонад. Барои рашк имкон надиҳед ва худатон ба гапу рафтори шахси дӯстдоштаатон ботаҳаммул бошед. Рафту фарзанд дошта бошед, ба таълиму тарбияи онҳо диққат диҳед. Охири рӯз муносибатҳоятон бо наздикон ва пайвандон хеле хуб ҷараён мегирад.  Бо корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул шудану пули зиёд сарф карданро дар ин рӯз маслиҳат намедиҳем.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Аввалу миёнаи рӯз ҳангоми робита бо волидон ба дағалӣ роҳ надиҳед. Кореро, ки аз уҳдааш намебароед, иҷро карданашро ваъда надиҳед. Дар хона рух додани баъзе ҳодисаҳои ногувор имкон дорад, ҳангоми аз хона берун шудан маҳкам кардани ҷумаки обу газро фаромӯш накунед. Сунбулаҳои муҷаррад бахти худро пайдо карда метавонанд.   

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Нимаи аввал ва миёнаи рӯз бо ҳар нафари пешомада шинос шуданро тавсия намедиҳем. Эҳтимол бо нафаре шинос мешавед, ки бо ваъдаҳои пуч доманатонро пур карда, дар асл коре аз дасташ намеояд. Ҳангоми ба ҷое сафар намудан дар нақлиёти ҷамъиятӣ ё мошини шахсӣ эҳтиёткор бошед. Бо сабаби парешонхотирӣ эҳтимоли гум кардани ҳуҷҷатҳои даркорӣ вуҷуд дорад. Охири рӯз барои рафъ намудани мушкилоти молиявӣ созгор аст. 

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Аввалу миёнаи рӯз кӯшиши бо атрофиён забон ёфтанро мекунед. Ба ростқавливу боинтизомии нафароне, ки ҳамроҳашон дар робита мешавед, умед набандед. Эҳтимол аз ҷониби ҳамкор ё ҳамсафари ҳаётӣ фиреб мехӯред. Саросема хулосабарорӣ накунед. Нафаре вазъиятро нодуруст шарҳ дода, шуморо ба гумроҳӣ бурдан мехоҳад.

 Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Аввали рӯз аз корҳои махфиву пинҳонӣ худро дур гиред. Хусусан аз ғайбату макру ҳила худдорӣ намоед, ҳама гуна пинҳонкориятон фош гашта, овоза мегардад. Ба коре, ки баъдан боиси шарм доштанатон мегардад, даст назанед. Ҳолати руҳиятон нохуб гашта, гирифтори яъсу ноумедӣ ва руҳафтодагӣ гаштанатон имконпазир аст. Муддати дароз дар танҳоӣ гузарониданро маслиҳат намедиҳем, ин амал боиси бемориҳои руҳӣ мегардад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Аввали рӯз бештар бо дӯстону шиносҳоятон дар робита мешавед, ки кайҳо боз муносибати хуб доред. Агар бо нафаре пайванди муҳаббат дошта бошед, дар ин давра ҳамроҳаш ба нишасти дӯстон наравед, вагарна миёни дӯстдошта ва дӯстонатон муноқиша рух доданаш мумкин аст. Пулро барои чизҳои зебо, вале начандон даркорӣ сарф мекунед. Бо мақсади худнишондиҳӣ пулро аз ҳад зиёд сарф мекунед.  Нимаи дувуми рӯз паси чанбараки мошин нишастанро тавсия намедиҳем.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Имрӯз ҳатто тағйиротҳои хурдтарин ба фоидаи шумо анҷом меёбанд. Рӯзи хубест барои ба назди машшотаву сартарош рафтан. Пул ба даст меоред, вале зуд сарф мекунед. Душвориҳои дар коргоҳ сарзадаро ба дил наздик қабул накунед, вагарна ба саломатиятон таъсири манфӣ мерасад. Далвҳое, ки роҳбарашон иваз мешавад, бо роҳбарияти нав зуд забон ёфта метавонанд. Барои онҳое, ки имкониятҳои молиявии худро васеъ кардан мехоҳанд, айёми хуб фаро мерасад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Ба бехатарии захираҳои молиявии худ диққати зиёд диҳед. Дар ин давра бо ашёҳои нӯгтез ва буранда кор карданро тавсия намедиҳем, эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Рӯзи хубе барои маъракаҳои оилавӣ, сафарҳои якҷоя, иштирок дар тӯю маъракаҳо ва ақди никоҳ. Мушкилиҳои молиявӣ бо манзил ва камбудиҳои рӯзгор алоқамандӣ дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД