Ҳамал
Дар ин рӯз фикру андешаҳои мағшушро аз худ дур созед, то ки табъатон хира нагашта, сарҳисоби корро гум накунед. Мутаассифона чизе наметавонад хотиратонро болида гардонад. Бар замми ин, дурӯягӣ ва бесадоқатии атрофиён ва нафаронеро, ки аз онҳо худро дур гирифта наметавонед, баръало эҳсос мекунед.
Савр
Дар ин рӯз шумо аз дастгириву мадад расонидан ба дигарон эҳсоси қаноатмандӣ мекунед. Ба дӯстдоштаи худ лаҳзаҳои хотирмону гуворо тақдим намоед. Хонаву дари худро ба тартиб дароварда, худро роҳату болидаруҳ эҳсос мекунед. Саломатии наздикони худро беназорат нагузоред.
Ҷавзо
Рӯзи хубест барои харидани туҳфа. Ба дӯстдорони хӯрокҳои равғанин ва гӯштбирёну сихкабоб зиёд истеъмол намудани онро тавсия намедиҳем. Хусусан барои нафароне, ки аз ғафсшавии хун азият мекашанд, каме парҳез кардан хуб аст. Аз ҳад зиёд ман-маниву худпарастӣ накунед, вагарна дӯстонро аз худ дур месозед.
Саратон
Дар ин рӯз қулфи даҳонатон кушода шуда, ба атрофиён нақлҳои аҷиб мекунед. Нафареро, ки дӯст медоред, бо сухани хуш ё туҳфае шод гардонед. Нафароне ки нияти оиладоршавӣ доранд, вале аз интихоби худ дудила шудаанд, хубтар мебуд, ки айни замон сари ягон қарори ҷиддӣ наоянд.
Асад
Дар ин рӯз аз пайи анҷом додани корҳое шавед, ки чанд муддат ба таъхир мегузоштед. Нафароне, ки бо кори савдо сару кор доранд, дучори мушкилиҳо мегарданд. Баъзеҳо самти фаъолияти худро тағйир медиҳанд, ҷои зисташонро иваз мекунанд.
Сунбула
Дар ин рӯз нафарони зиёде аз шумо маслиҳату дастгирӣ мепурсанду худро шахси даркорӣ эҳсос карда, табъатон болида мегардад. Хушомадгӯии нафаре маъқул мешавад ва тобеи ин нафар мегардед. Худро тавоно ҳис карда, ба коре, ки аз уҳдааш намебароед, даст назанед.
Мизон
Рӯзи бебарор аст, нофаҳмиву туҳмат зиндагиятонро бемазмун мегардонад. Бо атрофиён муноқиша карданатон эҳтимол дорад. Бо корҳои шубҳанок машғул шуданро маслиҳат намедиҳем, вагарна ба доми фиребу найранг афтиданатон имкон дорад. Ба кӯмаки дӯсти ниёзмандатон шитобед.
Ақраб
Нафаре ба дилатон роҳ ёфта, тамоми рӯз бо табъи болидаву дили лабрези орзуву ҳавасҳо мегардед. Имрӯз орзуи наҷибтарини худро ҷомаи амал пушонида метавонед. Барои кӯчидан ба хонаи нав рӯзи бобарор аст. Эҳтимоли шамол хӯрдани гурдаҳоятон зиёд аст.
Қавс
Хоберо, ки дар ин шаб мебинед, аз бисёр ҳодисаҳо шуморо ҳушдор месозад. Нафареро дастгирӣ карда, маслиҳати судманд медиҳед. Бо дӯстдоштаи худ муноқиша карданатон эҳтимол дорад. Шуморо лозим меояд, ки гуноҳи худро ба гардан гирифта, роҳҳои оштишавиро пайдо намоед. Аз ҷойҳои торик ва мавзеҳои серодам дурӣ ҷуед.
Ҷаддӣ
Дар ин рӯз аз дӯстдоштаи худ ҷудо шуда, баъдан сахт пушаймон мешавед. Ягон маъракаву зиёфат оростанро маслиҳат намедиҳем. Агар дӯсти деринатон шуморо ба ҳамкорӣ даъват намояд, ҷасурона розӣ шавед. Шамол кашидану хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад.
Далв
Агар далвҳои беҷуръат имкони ба кори наве даст заданро пайдо намоянд, бояд имконро аз даст надиҳанд. Вақте дар ҳаётатон муҳаббат пайдо шуд, дӯстони худро фаромӯш насозед. Нафаре аз шумо сахт ранҷидааст. Барои хариди калон рӯзи мусоид нест, мол ё ашёи харидаатон бесифат мебароянд.
Ҳут
Дар ин рӯз мушкилоти оилавӣ ва пулиро мустақилона рафъ кардан мехоҳед. Албатта ин коратон хуб аст, назар ба он ки аз дӯстону наздикони худ кӯмак пурсед. Дар ҷодаи муҳаббат ҳодисаи ногувор рух медиҳад. Ба нафаре ошиқ мешавед, ки аллакай оилаи худро дорад.