formula feb 2025
ТОЛЕЪНОМАИ 24-УМИ МАРТИ СОЛИ 2025
1804

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Шумо хуб медонед, ки чӣ гуна аз шахсони номатлуб дурӣ ҷӯед! Агар бо нафаре муошират кардан намехоста бошед, беҳтараш худро дур гиред. Бо дӯстони наздикатон вохӯред ё меҳмононро дар хона қабул кунед, ин ба хонаи шумо файзу баракат меорад. Агар ба худ бовар надошта бошед, пул қарз нагиред. Имрӯз саломатии шумо хуб хоҳад буд.

Савр (20 апрел-20 май)

Ин рӯзи вохӯриҳо ва муошират аст. Нерӯи худро ба дӯстдоштаатон равона созед. Дӯстон ба меҳмонӣ меоянд ва ҳатто сюрпризи ҷолибе имкон дорад. Ҳар амале, ки имрӯз анҷом медиҳед, ба натиҷаи нек мерасонад. Мушкилиҳои саломатӣ, ки шуморо чанде боз нороҳат мекарданд, тадриҷан нест мешаванд. Ба ҳолати ҷисмонии худ таваҷҷуҳи бештар диҳед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Шахси дӯстдоштаи шумо омода аст, ки ба шумо ҳамаҷониба кӯмак расонад. Барои оромиву осудагии оилаи худ кӯшиш кунед. Атрофиён метавонанд шуморо аз корҳои муҳим парешон созанд. Кӯшиш кунед, ки ором бошед ва аз низоъҳои нолозим худдорӣ намоед. Имрӯз рӯзи муносиб барои харид нест, сафар ба мағозаву бозор метавонад бо норозигӣ ва сарфи беҳудаи вақт анҷом ёбад.

Саратон (21 июн-22 июл)

Дар муносибатҳои шахсӣ ба садои қалби худ гӯш диҳед. Шояд сари масъалаи ночизе муноқиша ба вуҷуд ояд, кӯшиш кунед, ки наздикони худро озурда насозед. На ҳар касе, ки ҳақиқатро ба рӯи шумо мегӯяд, душмани шумост. Баръакс, ашхоси бадхоҳ аксар вақт тамаллуқ ва хушомадзанӣ мекунанд. Истеъмоли ғизои солимро зиёд кунед ва бештар ҳавои тоза гиред. Ба саломатии худ таваҷҷуҳ кунед.

Асад (23 июл-22 август)

Худро бо кору гапҳои ночиз асабӣ насозед ва аз фишори руҳӣ дурӣ ҷӯед. Вақте ки ба хашм меоед, метавонед суханони сахту нороҳаткунандаеро ба забон оред, ки метавонанд ба муносибатҳо осеб расонанд. Баъд аз нисфирӯзӣ хабарҳои зиёде мегиред, на ҳамаашон хушоянд хоҳанд буд, баъзеашон ҳатто ба ҳаёти шахсиатон рабт хоҳанд дошт. Аз пурхӯрӣ худдорӣ кунед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имкони ба миён омадани муноқиша бо хешовандон ё шиносҳои умумӣ вуҷуд дорад. Дар ҷои кор низ мумкин аст бо ҳамкорон ихтилофи назар дошта бошед, зеро онҳо шояд бо нақшаҳои шумо розӣ набошанд. Аз одамоне, ки рӯҳияи шуморо паст мекунанд, дурӣ ҷӯед. Имрӯз хастагӣ ва бемадорӣ эҳсос мекунед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Дар масъалаҳои ошиқона эҳтиёткор бошед! Эҳтимол дорад, ки шумо мафтун шавед, дар ҳоле ки шахсе, ки ба ӯ таваҷҷуҳ доред, танҳо манфиатҳои шахсии худро пайгирӣ мекунад. Шумо метавонед дар як лаҳза ба касе изҳори муҳаббат кунед ва дар лаҳзаи дигар ӯро дар ҳама гуноҳҳо муттаҳам намоед. Ҳавои тағйирёбанда метавонад ба саломатии шумо таъсир расонад. Заифӣ, чарх задани сар ё дарди буғумҳо эҳтимол дорад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз шояд бо баъзе мушкилоти рӯзгор рӯ ба рӯ шавед, вале ҳамаи онҳо ҳалли худро хоҳанд ёфт. Ба тарбияи кӯдакон ва дастгирии наздикон диққати бештар диҳед. Хатари хароҷоти бемаънӣ вуҷуд дорад, вале бо ёрии наздикон ё дӯстони кӯҳна шумо метавонед мушкилотро паси сар кунед. Барои беҳтар кардани саломатӣ, парҳези худро мутобиқ созед ва агар хастагӣ ва бехобӣ эҳсос кунед, бештар истироҳат кунед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Шарики ҳаётии шумо эҳсос мекунад, ки шумо ба ӯ камтар таваҷҷуҳ зоҳир мекунед. Кӯшиш кунед, ки ба ӯ нишон диҳед, ки чунин нигарониҳо асос надоранд. Ғурури зиёд метавонад осоиштагии оилавиро халалдор созад. Агар дар ҷои кор кори иловагӣ дошта бошед, эҳтиёткор бошед, зеро роҳбарият метавонад хабардор шавад. Ҳатман субҳона бихӯред, то ки дар тӯли рӯз нерӯи худро нигоҳ доред.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Аз шумо дар ин рӯз хирад ва мулоҳизаронӣ талаб карда мешавад, бояд тасмими муҳим бигиред. Пеш аз қабули қарорҳо ҳама ҷонибҳои мусбат ва манфиро баррасӣ намоед. Рӯзи хуб барои гирифтани даромади пулӣ, хариди муҳим ё ҳатто бурди пулӣ аст. Саломатии шумо мустаҳкам хоҳад буд ва нерӯи тоза хоҳед гирифт. Танҳо аз шубҳа ва дудилагӣ худдорӣ намоед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Ситораҳо ба шумо як саргузашти ошиқонаи ғайриинтизорро пешгӯӣ мекунанд! Вале эҳтиёт бошед, ки бахти худро аз даст надиҳед. Имрӯз аз баҳсҳои беҳуда ва муноқишаҳо бо дигарон худдорӣ намоед. Наздикони шумо омодаанд, ки ба шумо дастгирии ҳамаҷониба расонанд. Аз хароҷоти бефоида дурӣ ҷӯед. Ғизои равғанин ва дуддодашударо кам кунед, меваю сабзавотро бештар истеъмол намоед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ҳал кардани мушкилоти хонаводагӣ нерӯи зиёд аз шумо талаб мекунад, бинобар ин кӯшиш накунед, ки ҳама корҳоро якбора ба уҳда гиред. Пеш аз ҳама, ба масъалаҳои душвортар таваҷҷӯҳ диҳед. Барои шумо фаъолияти ҷисмонӣ тавсия дода мешавад. Аз сайругаштҳои пиёдагардӣ оғоз кунед ва агар саломатиятон иҷозат диҳад, ба давидан гузаред. Ҳадди аққал ҳафтае як маротиба ба клуби фитнес ё ҳавзи шиноварӣ ташриф оред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД