Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 24-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2023
2359

Ҳамал

Дар ин рӯз сабаби рафтори нафареро, ки қаблан бароятон муаммо буд, муайян месозед. Айни замон танҳо ба қувваи худ умед баста метавонед. Сабаб дар он нест, ки ҳамкорон аз уҳдаи кор намебароянд, гап сари он меравад, ки шумо бояд аз тамоми гапу кор бохабар бошед ва камтарин чизро аз мадди назар дур насозед.

 

Савр

Корҳои нотамом, хабари ногувор ё фикрҳои мағшуш имкон намедиҳанд, ки истироҳати бофароғат намоед. Барои барқарор сохтани табъи болида ба сафар ё сайругашт бароед. Дар муносибатҳои ошиқона мушкилӣ сар мезанад, вале кӯшиши тағйир додани чизеро накунед, вагарна андуҳгин мегардед.

 

Ҷавзо

Дар ин рӯз бо кору мушкили дигарон машғул шуданатон лозим меояд, ки хеле мушкилу хастакунанда мегардад. Баъд аз гуфтугӯ бо шахси дӯстдошта асабатон хароб мегардад. Хиёнати ёрро бахшидан бароятон хеле душвор мешавад, бо вуҷуди ин, саломатӣ ва асабҳоятонро эҳтиёт кунед.

 

Саратон

Ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад, ба шарте ки худатон мушкилиеро пайдо карда, барои рафъ намуданаш наздиконро ҷалб насозед. Бештар дар ҳавои тоза ва бо нафарони бароятон дилписанд вақт гузаронед. Ба ҳар гапе, ки ба забон меоред, бодиққат бошед, вагарна ҳамкорон аз шумо меранҷанд.

Асад

Давраи нави санҷишу имтиҳон фаро мерасад. Тамоми корҳоятон аз шумо кӯшиши зиёд талаб мекунанд. Дар ҳаёти шахсӣ эҳтимоли хиёнат дидан ё кам шудани меҳру муҳаббат нисбати дӯстдоштаатон вуҷуд дорад. Дар масъалаҳои молиявӣ беғаразиро риоя намоед. Баъди нисфирӯзӣ серкор мешавед.

Сунбула

Дар ин рӯз тамоми вақти худро барои рафъ намудани мушкилиҳои касбу кор равона созед. Айни замон то кадом андоза бароятон муқаддас будани оиларо дарк менамоед. Агар шумо ҳанӯз ҳам муҷаррад бошед, бахти худро рӯзҳои наздик пайдо месозед. Ба меҳмонӣ раведу меҳмон қабул кунед.

 

Мизон

Дар ин рӯз нохост сабабгори тӯпаланг ва нофаҳмӣ дар ҷойи коратон мешавед. Як сухани шумо боиси ранҷидани нафаре мегардад. Агар бахшиш напурсед, муноқиша тӯл мекашад. Мизонҳои муҷаррадро дар сафар вохӯрии аҷиб интизор аст. Агар эҳсос кунед, ки шахси ба дилатон наздикро вохӯрдаед, ӯро аз даст надиҳед.

 

Ақраб

Дар ин рӯз корҳоеро ба нақша гиред, ки қаблан дастатон намерасид. Айни замон аз уҳдаи корҳои зиёде баромада метавонед. Ҷиҳати хуби дигари серкориятон дар он аст, ки бо кор андармон шуда, имкони бо наздикони худ муноқиша карданро намеёбед. Баҳсу мунозира боиси амалҳои беандешаатон мегардад.

 

Қавс

Рӯзи душвор аст. Корҳои нав оғознамудаатон бебарор ва орзуҳоятон барбод мераванд. Эҳтимоли асабхаробӣ вуҷуд дорад. Дар тамоми корҳо кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳед, вале натиҷаи хуб ба даст оварда наметавонед. Хабари ногувор хотиратонро парешон намуда, дар хонаатон нофаҳмӣ сар мезанад.

 

 

Ҷаддӣ

Дар ин рӯз ҳангоми робита бо нафароне, ки нав шинос шудаед, боэҳтиёт бошед. Эҳтимоли он ки шумо дузду авбошон ва нафарони бадкирдорро ба худ ҷалб месозед, зиёд аст. Қабл аз он ки дар назди нафарони бегона дарди дил мекунед, нағзакак андеша намоед. Бо шахси дӯстдоштаи худ баҳс накунед.

Далв

Дар ин рӯз бо касе муноқиша накунед, хусусан бо шахсе, ки дӯсташ медоред. Айни замон оташи қаҳру ғазабатон зиёд гашта, ба ҳарфи касе гӯш андохтан намехоҳед. Аз корҳои вазинин ҷисмонӣ худдорӣ намуда, бештар витамин истеъмол кунеду дар ҳавои тоза сайругашт намоед.

 

Ҳут

Дар ин рӯз эҳтимоли фиреб хӯрдану ба доми иғво афтиданатон вуҷуд дорад. Зудбоварӣ боиси аз касе вобаста шуданатон мегардад. Ба баҳсу мунозира роҳ надода, аз муноқиша худдорӣ намоед. Дар ин рӯз маълум мегардад, ки нафаре шуморо сахт дӯст медораду қадр мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Шохрух 2023-06-27, 15:58
Ш КУЛОБ
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Шохрух 2023-06-27, 15:58
Ш КУЛОБ
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД