arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 24-МИ ЯНВАРИ СОЛИ 2022
24.01.2022
ОИЛА
3968

 Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ҳодисаҳои пурмоҷарои ин рӯз ба саломатиятон таъсири манфӣ мерасонанд. Асабӣ нашуда, худро хаста насозед. Дар ҷои кор бодиққат бошед, вагарна ба рӯихати кормандони хориҷшуда меафтед. Ба саломатӣ диққат диҳед, вақте расидааст, ки тарки одатҳои зарарнок намоед.

 

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз робита бо дӯстону шиносҳои нав ва ҳатто бо наздикон душвор мегардад. Кӯшиши мустақил будан ба рафти корҳоятон таъсири манфӣ мерасонад. Ошкоро гап заданро маслиҳат намедиҳем, як ҳарфи ноҷо ба саратон бало меорад. Рӯзи хубест барои беҳдошти саломатӣ ва ҷарроҳиҳои тиббӣ.

 

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз имкони ба даст овардани вазифаи роҳбарикунанда ва тиҷорати бобарор имкон дорад. Зимни робита бо одамон хафагиву асабониятро нигоҳ дошта, душвор ҳам бошад, танқидро оромона қабул намоед. Барои беҳдошти саломатӣ бештар дар ҳавои тоза сайр намоед.

 

Саратон (22 июн-22 июл)

Тамоми тағйиротҳои ин рӯз ба фоидаи шумо сурат мегиранд. Муҳимаш аз навгониҳо натарсида, аз пайи кор шавед. Агар дар ин рӯз пешниҳоди нави корӣ шавад, дарҳол қабул намоед. Имкони вохӯрӣ бо собиқ дӯстдоштаатон вуҷуд дорад, душвор ҳам бошад, худро ба даст гиред.

 

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз худро ҳамчун инсону росткору озодидӯст нишон медиҳед. Чунин амалатон ба ҳама писанд нест, вале шумо парво надоред. Дар ҷои кор баҳсу мунозира бо сардор ва муноқиша бо дӯстдошта имкон дорад. Муҳим он аст, ки тамоми мушкили худро бо истифода аз машрубот рафъ накунед.

 

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз нафаре нисбататон меҳру муҳаббати беандоза зоҳир менамояд. Агар шумо муҷаррад бошед, ба тақдир бовар карда, муҳаббатро рад насозед. Рӯзи хубест барои табибон, савдогарон ва варзишгарон. Бегоҳӣ бо сабаби хасташавии маънавӣ худро бад ҳис мекунед.

 

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз пурра бо кор машғул шавед, то ки сардоратон ба қадри заҳматҳоятон расида, соҳиби вазифаи беҳтар гардед. Нисфирӯзӣ шиносоии тақдирсоз имкон дорад. Зиёд андеша накарда, ба садои қалб гӯш андозед. Саломатиятон аз тарзи хӯрокхӯриятон вобастагӣ дорад.

 

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз либоси нав ба бар карданатон хуб аст, хусусан агар ба ҷои нави корӣ мерафта бошед. Дар муносибатҳои шахсӣ қадами ҷиддӣ нагузоред, ҳама кор вақту соати худро дорад. Мушкилиҳои дар оила сарзадаро ба осонӣ бартараф месозед. Шиносоии нав оғози муҳаббати нав гашта метавонад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар шумо таваккал карда, ба корҳои тиҷоратии дигарон бинӣ халонед, тамоми дастовардҳои худро аз даст медиҳед. Ба танбалӣ роҳ надиҳед ва дар байни ҳамкорон аз мушкиливу корҳои худ шикоят накунед. Кори дар якҷоягӣ анҷомдода натиҷаи хуб ва даромад меорад. Бо касе дарди дил карданро маслиҳат намедиҳем.

 

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар аввал ноҷӯриҳоро дар муносибатҳои ошиқонаи худ ба эътидол оред. Сафари роҳи дурро ба таъхир гузошта, бо меҳнат зеҳнӣ машғул шавед. Бегоҳирӯзӣ занги телефонии дӯстатон ва хабари ногаҳонӣ хотиратонро мушавваш мегардонад. Ба саломатии гурдаҳо диққати хоса диҳед.

 

Далв (21 январ-20 феврал)

Мушкилиҳои зиёди вобаста бо рӯзгор, хонаву хешовандонатон имкон дорад. Ба назар чунин мерасад, ки ҳама кор дар якҷоягӣ ба дӯши шумо меафтад. Далвҳое, ки бо кори эҷоду санъат, графикаи компютерӣ ва савдои хусусӣ машғуланд, муваффақияти зиёд интизор аст. Шамол хӯрданатон имкон дорад.

 

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз нисбати шахси наздикатон хӯҷаинӣ карда, боиси сар задани муноқиша мегардед. Як қисми мушкилиҳои хонаро ба дӯши худ гирифта, аз паи таъмир шавед. Аз ҳад зиёд ба масъалаҳои пешравӣ дар вазифа мароқ зоҳир накунед. Беҳтарин роҳи гурехтан аз мушкилиҳо истироҳат бо наздикон аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД