ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2025
1497

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз муносибатҳои ошиқона метавонанд норавшан бошанд. Агар муносибататон бо дӯстдоштаатон бад шуда бошад, беҳтараш монед, ки худ аз худ хотима ёбад. Рӯзи пур аз стресс пешбинӣ мешавад, эҳтимоли ҷанҷол дар хона ё ҳатто мушкилоти коммуналӣ дар назар аст. Аммо баъди 24 соат неру ва ҳосилнокии зиёд ҳис мекунед. Шояд пешниҳод барои мансаби нав гиред. Дар масъалаи молия хароҷот имконпазир аст, вале онҳо дер ё зуд фоида меоранд. Барои истироҳат - сайругашт дар боғ беҳтарин роҳ аст.

Савр (20 апрел-20 май)

Агар муҷаррад бошед, имрӯз метавонед ба ҷустуҷӯи шахси ҳамфикр бароед. Беҳтараш сирри шахсии худро ба дигарон нагӯед. Дар касбу кор агар дар нуқтаи назари худ сахт пофишорӣ кунед, бо ҳамкорон баҳс сар мезанад. Барои баъзеҳо имкони бурди хурди молиявӣ ҳаст. Аз сабаби зиёд кор кардан сарчархӣ эҳтимол дорад, аз ин рӯ танаффус гиред. Бемориҳои хурд метавонанд ногаҳон аз байн раванд, аммо эҳсоси муҳаббати якҷониба метавонад нохушӣ оварад.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Дар ҷодаи муҳаббат тағйирот эҳсос мешавад. Агар худатон мушкил эҷод накунед, рӯз хуш мегузарад. Шомро барои тартиб додани ҳуҷҷатҳо истифода баред. Эҳтиёт шавед, ки сухани сахт ба ҳамкор нагуед, вагарна душмани пинҳонӣ пайдо мешавад. Аз хароҷоти нолозим худдорӣ кунед, зеро ба маблағи калон ниёз пайдо мешавад. Энергия метавонад кам шавад: баъзеҳо ғамгинӣ эҳсос мекунанд, дигарон бошанд, аз дарди сар ва хастагӣ азият мекашанд.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз эҳтимол ба муҳаббат сахт дилбаста шавед. Оиладорҳо бояд эҳтиёт кунанд ва ба дигарон таваҷҷуҳи зиёд нишон надиҳанд. Табъатон хира бошад ҳам, беҳтараш ба наздикон сухани бад нагӯед. Дар касбу кор шояд ихтилоф бо ҳамкорон пеш ояд, барои иҷрои нақшаҳо вақти хуб нисфирӯзист. Дар молия эҳтиёткор бошед, дар ягон шартнома имзо накунед. Барои саломатӣ - машқ, давидан ё варзиш фоида меорад, зеро имрӯз неруи ҷисмонӣ баланд аст.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз хабарҳои хуб рӯҳбаландатон месозанд. Агар муноқиша эҷод накунед, ҳамааш хуб мегузарад. То нисфирӯзӣ барои корҳои муҳим вақти хуб аст, шояд касе ба шумо кумак кунад. Хушхабар - қарзи кӯҳна ба шумо бармегардад. Аз ҷиҳати молия рӯз бобарор аст. Аммо эҳтимол неру кам шавад, махсусан дар одамоне, ки мушкили бемории дил доранд. Барои беҳбуд машқҳои махсуси нафаскашӣ тавсия дода мешаванд.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Барои нафарони муҷаррад имрӯз пур аз рӯйдодҳои хотирмон пешбинӣ шудааст. Вақти хуб барои мулоқот, вохӯрӣ ва робитаҳои нав аст. Шуғли дӯстдошта ва дӯстӣ илҳом мебахшанд. Агар имкон бошад, шомро дар табиат гузаронед. Дар муносибат бо роҳбар эҳтиёткор бошед ва идеяҳои арзишмандро ба ҳама нагӯед. Сафарҳо муваффақият меоранд. Гарчанде шодӣ зиёд набошад ҳам, вале ғам ҳам нест.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Муносибатҳои ошиқона ҳанӯз ба дараҷаи камолот нарасидаанд. Шояд ин аз он сабаб бошад, ки шумо шахси беҳтаринро меҷӯед. Бо наздикон ором бошед ва суханонашонро ҷиддӣ қабул накунед, то ихтилоф пеш наояд. Дар касбу кор аз ҳад зиёд фаъолият нишон надиҳед, вагарна кори бештари бе маош медиҳанд. Имрӯз метавонед корҳои наву ҷасуронаро оғоз кунед. Барои саломатӣ маҳсулоти дорои фосфор, оҳан ва йод бихӯред. Ҳавои тоза ва машқҳо ҳолати рӯҳиро беҳтар мекунанд.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз шумо муҳаббат ва таваҷҷуҳи зиёд мегиред. Ба шахси азизатон меҳру муҳаббат нишон диҳед. Ба одамони ношинос сирри худро нагӯед, вагарна овоза паҳн мешавад. Назди худ ҳадафҳои дастнорас нагузоред, беҳтараш имкониятҳои наздикро истифода баред. Хароҷоти калон ё сармоягузории хавфнок имрӯз хуб нест, вагарна пушаймон мешавед. Кӯшиш кунед аз ҷанҷол канорагирӣ кунед. Барои саломатӣ низ диққат диҳед, эҳтимол бемории кӯҳна такрор шавад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз беҳтараш роҳҳои ғайриоддиро барои ҳалли масъалаҳо истифода баред. Шояд лозим шавад байни кор ва муҳаббат интихоб кунед, вале муҳаббат муҳимтар аст. Шарики шумо эҳсос мекунад, ки шумо ӯро сарфи назар мекунед, пас эҳтиёткор бошед. Баъзан аз корҳо фосила бигиред ва ба шуғли табъи дил машғул шавед. Молияро эҳтиёт кунед, сарфакор бошед. Эҳтимол ба даромади иловагӣ ниёз пайдо кунед. Аз сабаби стресс ва реҷаи нодуруст каме худро бемадор ҳис мекунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Шояд дар муносибатҳои ошиқона бо шарики худ каме дилгирӣ эҳсос кунед. То зиндагӣ якранг нашавад, бояд чизеро дигар кунед. Стресс ва ташвишҳои охирон метавонанд асабоният биёранд, вале хашмро ба наздикон нишон надиҳед. Дар касбу кор давраи душвор пеш меояд, аммо кӯшиш кунед, ки оромона бартараф кунед. Рӯзи корӣ ором мегузарад, метавонед нақшаи ояндаро тартиб диҳед ё хариди хурд анҷом диҳед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, махсусан ба кори дил ва ҳолати чашмҳо.

Далв (20 январ-18 феврал)

Барои шумо имрӯз муҳаббат муҳимтар аз ҳама аст. Кор ва корҳои хона метавонанд интизор шаванд. Ба наздикон меҳру муҳаббат нишон диҳед, ҳатто як ҷашни хурд ташкил кунед. Агар мушкилот пеш ояд, худро ба даст гиред ва ба ҳадаф равона шавед. Дар масъалаи молия бо ҳуқуқшиносон маслиҳат кунед, то хато накунед. Ҳамаи муомилоти тиҷоратӣ бо хавф алоқаманданд. Аз ҷиҳати саломатӣ ҳолататон хуб аст, шумо пур аз қувват ва неру хоҳед буд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ба ҳамкори худ таваҷҷуҳ кунед, ки кайҳо боз ба шумо дил бастааст. Имрӯз душвор меояд, шумо бояд ҳаққи худро талаб кунед. Дар муносибатҳои оилавӣ низ монеаҳо эҳтимол доранд. Ба ҳар кор бо ҷиддият муносибат кунед, шитоб хуб нест. Имрӯз барои хариди тасбеҳ ё ҷойнамоз рӯз мувофиқ аст. Аммо дастгоҳҳои хонагӣ ва либос харидан лозим нест. Дар масоили саломатӣ эҳтимол мушкилоти дандон ё милк ба миён ояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД