Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ ИЮЛИ СОЛИ 2023
2126

Ҳамал
Дар ин рӯз бо сафсатагӯӣ машғул нашавед, хусусан дар ҳузури наздикон. Атрофиён шуморо хеле хуб мешиносанду мақсадатонро мефаҳманд, аз ин лиҳоз гапҳои беҳударо як тараф гузошта, бо кор машғул шавед. Дар ин рӯз чӣ гуна амалӣ шудани идеяву пешниҳодҳои худро дар амал санҷиданӣ мешавед. Агар ба маслиҳати аъзоёни оилаатон диққат диҳед, хароҷотҳои худро то охири сол ба нақша гирифта метавонед.

Савр

Дар ин рӯз саврҳо метавонанд корҳои худро дар хона ба анҷом расонанд, дар натиҷа ҳам фоида мебинанду ҳам пули хуб ба даст меоранд. Аз муноқишаву нофаҳмӣ бо ҳамсафари ҳаётиятон худдорӣ намоед. Дар ҷойи кор уҳдадориҳоятон меафзоянд, зеро ёрдамчиёнатон каму муаллимонатон зиёд мегарданд. Бегоҳирӯзӣ истироҳат кунед.

Ҷавзо

Сафарҳои корӣ ва истироҳати берун аз шаҳр нерӯятонро дучанду хастагиҳоятонро рафъ месозад. Маълумотеро, ки аз шабакаи интернет ба даст меоред, дурустияшро як бори дигар санҷиданатон лозим меояд. Кӯшиш намоед, ки нисфирӯзӣ ба берун набароед, вагарна нотоб шуданатон имконпазир аст.

Саратон

Дар ин рӯз ба доми муҳаббат афтидану ба нобарориҳо дучор шуданатон имкон дорад. Бо устувориву матонат метавонед ҳаёти шахсӣ ва касбу коратонро ба эътидол оред. Баъзе саратонҳо бо мақсади раҳоӣ ёфтан аз бепулӣ аз пайи пайдо намудани манбаи нави даромад мешаванд. Кӯшиш намоед дар ин рӯз касеро ба коре гунаҳкор насозед.

Асад

Асадҳоро лозим меояд, ки ба садои қалби худ гӯш андохта, аз пайи кор шаванд. Агар кори мекардаатон табъи дилатон бошад, ба бисёр чизҳо ноил мегардед. Пулро сарфакорона харҷ намуда, аз бозору мағозаравӣ худдорӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ асадҳо муҳаббати аввалаашонро вомехӯранд.

Сунбула

Агар ба ғайбату бадгӯиҳои атрофиён гӯш наандозед, корҳоятон хуб ҷараён мегиранд. Аксари орзуҳоятон ғайричашмдошти шумо ба зудӣ ҷомаи амал мепӯшанд. Барои хубтар сохтани вазъи молиявӣ бояд хуб меҳнат карда, нақшаи корҳоятонро тарҳрезӣ намоед. Сунбулаҳои тоҷир ҳамкорони наву дилпурро пайдо карданашон лозим аст.

Мизон

Барои он ки мизонҳо нақшаҳои худро дар амал татбиқ намоянд, бояд на танҳо кӯшиш, балки фантазияи худро ба кор бурда тавонанд. Ба ақидаи атрофиён гӯш доданатон лозим нест, зеро нуқтаи назари худатон беҳтар аст. Дар ҳаёти шахсиятон навигарӣ рух медиҳад. Бо шахси аҷибе шинос мешавед ё ёри пештараатонро вомехӯред.

Ақраб

Ба ақрабҳо тавсия дода мешавад, ки ҳангоми интихоби туҳфа ба шахси дӯстдоштаатон саховатманд бошед. Камбудиҳои хурдеро, ки дар ҷойи кор сар мезананд, мадди назар накунед. Ақрабҳои оиладор аз тағйротҳои ғайринақшавӣ худдорӣ карданашон беҳтар аст. Хурдагирӣ ва танқид кардани шахси дӯстдоштаатон боиси вайрон гаштани муносибатҳоятон мегардад.

Қавс

Дар ин рӯз аз нафарони калонсолтару ботаҷрибатар ибрат гирифтанатон лозим аст. Нақшаҳои бо нафари кордон тартибдодашуда шуморо бе ягон монеа пешсаф мегардонад. Дар вақташ хӯрок хӯрдану истироҳат карданро фаромӯш накунед.

Ҷаддӣ

Сафар ба роҳи дурро беҳтараш ба таъхир гузоред. Дар ин рӯз ба макру дасиса гирифтор шуданатон имкон дорад. Агар дӯстдошта дошта бошед, ба нафароне, ки кӯшиши бо шумо шинос шуданро мекунанд, ҷавоби рад диҳед. Дар ҳама кор фикру ақидаи дигаронро ба инобат гиред, он гоҳ ба иштибоҳ роҳ намедиҳед.

Далв

Далвҳоро дар ҷодаи муҳаббат дилхунукӣ ва муноқиша бо аҳли оила интизор аст. Агар қаҳру ғазаби худро нигоҳ дошта тавонед, аз ин нобарориҳо эмин мемонед. Маблағҳои пулиро бодиққат ҳисобу китоб кунед, он гоҳ кисаатон холӣ намемонад. Бегоҳӣ дар оилаи яке аз дӯстонатон фарзанд таваллуд мешавад.

Ҳут

Дар ин рӯз бо корҳои хона машғул шаведу агар имкон дошта бошед, истироҳат кунед. Серкории аз ҳад зиёд ба саломатиятон беасар намемонад. Зимни гуфтор хеле боэҳтиёт бошед, аз танқиду эродгирӣ худдорӣ намоед. Бо айби шумо байни шумову дӯстдоштаатон нофаҳмӣ рух медиҳад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД